Дар ин соли пурбараккати 2018 банда 2 маротиба ба зиёрати шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухорои Шариф шарафёб шудам. Бори аввал даҳаи дуввуми моҳи май ва бори дуввум аввали моҳи сентябр бо роҳи Душанбе-Панҷакент. Роҳ аз Душанбе то Панҷакент ба дараҷаи олист, аммо баъд аз марзи Тоҷикистони азиз чандон хуб нест…
Сарҳадро ба осонӣ гузаштем, ягон монеа вуҷуд надошт, аз номеҳрубониҳои қаблӣ дараке набуд. Ҳам дар Самарқанд ва ҳам дар Бухоро мардум асосан Тоҷикӣ суҳбат мекарданд. Дар Самарқанд мадрасаҳои Шердор, Улуғбек, Тиллокорӣ, ҳамчунин Шоҳи зинда ва ғайраҳоро тамошо кардем, ки хеле таъсирбахш буд. Дар вақти аз Самарқанд ба сӯи Бухоро сафар кардан дидем, ки саҳроҳои бепоён ва бисёр ҷойҳояш кишт нашуда буд. Сабабашро пурсидам, гуфтанд, ки «об намерасад».
Аз Самарқанд то Бухоро
Аз Самарқанд то Бухоро ҳудуди 300 км роҳ аст, дар байни ин 2 вилоят 1 вилояти нав бо номи Навоӣ таъсис шудааст. Дар масофаи 300 км на тале ҳаст, на теппае, на боғе, на роғе, куҳ тамоман намоён нест. Тақрибан дар 5 соат ба Бухорои Шариф расидем.
Дар Бухоро ҳам иморатҳои таърихӣ хеле зиёд аст. Мадрасаи Мири араб, Кӯкалтош, Лаби ҳавз, Тахти шоҳ, Зиндон, Моҳи Хоса ва хело ҷойҳои дидании дигарро низ тамошо кардем. Бори аввал дар Бухоро 1 рӯз пеш аз рамазон будем ва вақте намози асрро дар масҷиди «Лаби ҳавз» хондем, ҷавоне назди ман омаду ҳамсуҳбат шуд. Ӯ аз ман бо забони ӯзбекӣ суол кард: «Таробеҳни бугун ӯқиймиз-мӣ, ё эртага?». Китфҳоро дарҳам кашида, гуфтам: «Ман шуморо намефаҳмам, чӣ мегӯед?». Ӯ ин дафъа ба ман «Шумо магар Тоҷикед?» гуфт. Гуфтам: «Бале, ман Тоҷикам». Гуфт: «Шумо аз Бухороед?» Гуфтам: «На, аз Душанбе». Ва пурсидам: «Шумо ҳам магар Тоҷикед?». Гуфт: Не, ман ӯзбекам. Пурсидам: «Аз Бухороед?» Гуфт: Не, аз қишлоқи фалон, ки аз Бухоро тақрибан 30 км роҳ аст…
Маро ҳусни кунҷковиям боло гирифту боз пурсидам: «Дар қишлоқи шумо Тоҷикон ҳам ҳастанд, ки Тоҷикиро медонед?» Гуфт: «На, ҳама ӯзбеканд ва Тоҷикиро намедонанд, ман бошам Тоҷикиро аз Тоҷикон дар Россия ёд гирифтаам». Баъд мо хайру хуш карда аз ҳам ҷудо шудем ва ба манзили худ баргаштем.
Бухороии кӯлобӣ…
Бояд гуфт, ки ин шаҳрҳо дар ҳақиқат шаҳрҳои сайёҳианд. Мардуми муқимӣ хонаҳои худро ба меҳмонхона-«ҳотел» табдил додаанд, ки нархи 1 шабаш барои 1 кас аз 10-15 доллар кам нест. Дар ошхонаҳое, ки мо хӯрок хӯрдем, дидем, ки пешхизматҳо ҳатман забонҳои Тоҷикӣ, ӯзбекӣ, англисӣ ва форсиро медонанд. Дар хонае, ки будем, ниҳоят инсонҳои бомаданият ва тозаву озодаанд. Соҳибхона Садриддин ном дошт. Аз ӯ пурсидам, ки номатон чӣ маънӣ дорад, гуфт намедонам. Гуфтам, ки садр яъне сардор, раис, хулоса сардори дин. Оқои Садриддин хушҳол шуданд, ки номи хуб доштаанд. Ҳамчунин соҳибхона гуфтанд, ки бобокалони хонумашон кадом вақте аз Кӯлоб ба Бухоро барои хондан омада, он ҷо муқимӣ шудаанд. Дар ҷавоб ман ба хонумашон гуфтам, ки ин тавр бошад шумо ба ҳамшаҳриҳоятон хизмат кунед. Янга дар ҷавоб гуфт: «Хуб шудаст, бо ҷону дил». Аз оқои Садриддин пурсидам, ки шумо хориҷиёнро қабул мекунед, забони англисиро медонед?». Дар ҷавоб гуфт, ки чандон хуб намедонам, аммо фикри худро фаҳмонида метавонам.
Ҳавлӣ шояд бо таҳҷои хона 15х15м бошад, дар ҳамон ҷо худ ва дар ошёнаи 2-ум меҳмононро қабул мекунанд. Барои худ дастшӯй ва шовар (душевая), барои меҳмонон низ ин чизҳоро доранд. Дар ошёнаи дуввум 2 ҳуҷра барои меҳмонон, ТВ, 5 поя диван-кроват хеле покиза ва олуфта буд, ки ҳалолашон бод. Падари Садриддин мӯйсафеди нуронии 95-сола, ки бо пои худ мегардад, бисёр ҳофизаи қавӣ дорад. Ин муйсафед хеле зиндадил ва санъаткори варзида буда, барои мо шашмақомсароӣ кард. Илоҳӣ, овозаш хаста нагардад.
Бухорои бе боғу роғ
Дар Бухоро дарахт ниҳоят кам ба чашм мерасад, дар кӯчаҳояш ҳам гулу гулкориро қариб, ки надидам. 2 маротибае, ки ба Бухорои Шариф ташриф овардам, ҳар навбат аввал мақбараи бобои Исмоили Сомониро зиёрат кардам. Он ҷо тиловат карда, ба мардуме, ки ҳузур доштанд, хитобан гуфтам, ки ҳар гоҳ касе ба Бухоро ояду сари марқади ин абармард оят нахонад, ба Бухоро омаданаш ягон маънӣ нахоҳад дошт. Хулоса, сафар хеле хубу гуворо гузашт, мардумонаш ҳам хеле меҳрубонанд.
Баъди пошхӯрди Иттиҳоди Шӯравӣ ба фикри ман дигар иморатҳои замонавӣ сохта нашудааст. Лиҳозо, шаҳрҳои бостониро ба Душанбеи азиз муқоиса кардан аз имкон дур аст. Ба бародарони Самарқандӣ ва Бухороӣ гуфтам, ки агарчӣ ба шаҳрҳои шумо аз тамоми дунё сайёҳон биёянд ҳам, аммо шумо бояд, ки ҳар сол ақаллан 1 бор Душанбеи азизро зиёрат кунед. Зеро шумо Тоҷикед. Ҳамчунин бояд дониста бошед, ки Эмомалӣ Раҳмон Президенти тамоми Тоҷикони ҷаҳон ҳастанд. Хушбахтона ягон касе, ки ман бо онҳо ҳамсуҳбат шуда будам, сухани маро рад накарданд. Ростӣ, аз сафари худ хело ҳаловат бурдам.
Ба умеди рӯзҳои беҳтари худ ва Тоҷикистони азиз…
Зиёҷон Хошматов,
деҳаи Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ