ХАБАРИ ДОҒ

Ба «ТВ-программа» ниёз дорем

  • Панҷшанбе, Дек 20 2018


Салом ва дуруди бепоён ба аҳли қалами рӯзномаи мардумии СССР. Ростӣ, кайҳо дар ин мавзӯъ андешаҳои худро гуфтанӣ будам, вале бо сабабҳои гуногун ногуфта монд. Вақте дар СССР (№48, 29.11.2018) дар саҳ.3 матлаби «Редаксия супориш дод: ТВ томошо кун»-ро хондам, ҳис кардам, ки муаллиф дарди дили маро низ гуфтааст.
Соли 1974 баъди хатми УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) ва адои хизмати 2-солаи ҳарбӣ ба ҳайси афсар дар Округи ҳарбии Шарқи Дур қадамҳои аввалини худро ба касби пурмасъулият ва боифтихор-омӯзгорӣ гузоштам. 100% бовар дорам, афроде, ки синну солашон аз 50 болост, навиштаҳои маро тасдиқ мекунанд. Ҳар пагоҳӣ ҳангоми чойнушӣ медидам, ки дар кушода мешуду хаткашони маҳаллаи мо-зани рус, 1 даста рӯзномаю маҷаллаҳоро (нашриётҳое, ки ихтиёран ба он обуна мешудам!!!) дар гӯшае мегузошту мерафт. Лаҳзаҳое, ки мо бо он зан рӯ ба рӯ мешудем, баъди салому алейк бо лаҳҷаи бисёр ҳам хушу гуворо «Вашы газеты» гӯён нашрияву мактубҳоро ба дастам месупорид. То кор рафтан аз «Пионери Тоҷикистон» сар карда, то «Советский спорт» ҳамаи газетаҳоро як-як нигоҳ карда, бегоҳ бафурсат мехондам. Дар «Тоҷикистони советӣ», «Коммунист Таджикистана»… барномаҳои онрӯзаи ТВ нашр мешуд ва банда зери намоишҳое, ки тамошои онро ҳатмӣ меҳисобидам, бо қалами сурх хат мекашидам.
 
«Говорит Душанбе» ку?
Ҳатто дар кинотеатрҳои ш.Душанбе кадом филм дар кадом соат намоиш дода мешуд, чоп мекарданд, ки ин табъи дили мухлисони синамо буд. Ба ҳафтаномаи «Ин ҷо Душанбе» («Говорит Душанбе»), ки бо 2 забон нашр мешуд, обуна будам. Дар он барномаҳои ҳафтаномаи ТВ ва гуфторҳои радиоро нашр мекарданд, ки намоишҳои мақбули дилро дар соати муайян бемалол медидем. Ё худ ҳар пагоҳ пеш аз оғоз ва пас аз анҷоми барномаҳо ровиён пахши барномаҳои ТВро барои рӯзи оянда эълон мекарданд. Чӣ шуд, ки ҳоло рӯзнома бисёр шудаасту дар ягонтои он рӯз ва соати ин ё он барнома тариқи ягон шабакаи ТВТ нашр намешавад?
 Аксар вақт мо аз намоишҳое, ки бояд ҳатман онро тамошо кунем, хоҳ варзишӣ бошаду хоҳ илмию фарҳангӣ, бехабарем, зеро намедонем, он кай ва кадом соат, дар кадом шабака пахш мешавад. Чанд моҳ пеш, агар хато накунам тариқи муассисаи давлатии ТВ «Сафина» дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сардабири рӯзномаи СССР-Сайёфи Мизроб (нисбати ин шахс эҳтироми зиёд дорам) намоиши бисёр ҳам хубе мерафт, вале афсус, вақте барномаро дидам, ки он дар арафаи анҷомёбӣ буд. Телефонро гирифтаму ба Шаҳрзоди Амин занг зада фаҳмиданӣ будам, ки аз намоиш огаҳ ҳаст, ё не? Вале аз чӣ сабаб бошад, ки он соат бо Ш.Амин алоқа нашуд. Чандин рӯзи дигар ба хотири дидани ин барнома пайиҳам он каналро меҷустам, вале беҳуда. Хуллас, он намоишномаро тамошо карда натавонистам…

Бо камоли эҳтиром Худодод Каримов,
омӯзгори собиқадор, ш.Ваҳдат

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter