Тавре мушоҳидаи дурӯзаи ман нишон дод, дар ТВ «Тоҷикистон» 1.12.2018, рӯзи шанбе аз соати 18:23 баъди анҷоми барномаи «Ахбор» пахши чунин рекламаҳо: «Сифат фарма» дорухонаи беҳтарин, интернети тарофаи «Даркор», шарбати «Хондроксид», Маркази табобати чинӣ, «Юлайзер», «Им-Палс» маз барои бемориҳои «Гемаррой», «Аҷам мебел», беҳтарин мағоза барои мебел, шарбати «Бонита», «Коровка», мази «Цинепар актив-гел» барои дарди буғум, мушакҳо…, рекламаи мебели «Малика», «Акнел-гел» барои донача, «Калципин», рекламаи «Авранг» бо тахфиф, «Табобати чинӣ бо духтурони Чин», рекламаи «Амонат онлайн» пардохти қулай», оғоз шуд. Билохира, соати 18:35, 1 дақиқа ҳам бошад, навори тарғиботии либосҳои миллӣ.
Баъд, аз соати 18:36 то соати 18:44 наворе дар бораи занони коргари «Ориёнбонк». Соати 18:45 боз реклама: «Интернет, тарофаи «Даркор», чойи «Кволити», шифохонаи «Табобати чинӣ», «Аҷам-мебел», таблеткаи «Уралка», рекламаи «Коровка», шарбати «Фемтоник» барои занон, «Торговый дом Авранг», табобати чинӣ, «Амонат онлайн»». Соати 18:57 тарғиби либосҳои миллӣ ва соати 19:00 «Панорама», яъне барномаи хабарӣ бо воқеоти муҳими ҳафта, ки то соати 19:21 идома дошт, баъди он боз ҳам реклама то соати 19:35, пас аз он соати 19:36 барномаи «Мадани Сино».
Хабар чӣ даркор? Реклама бинед!
Агар гӯем, ки тақрибан 1 соату 30 дақиқа фақат реклама дидам, хато намешавад, зеро дар ин шабака вақт барои пахши барномаҳо 20 дақиқа ва барои реклама тақрибан 30 дақиқа ҷудо карда шудааст. Тавре ба назар мерасад, ин шабака ба «Беморхона» табдил ёфтааст, зеро тамоми бемориву даъвоҳои онҳоро 1х1 номбар мекунанду барои тамошобин дигар беморхона рафтан ҳоҷат нест. Рекламаҳо дар вақте пахш мешаванд, ки аъзои оила дар 1 ҷо нишаста, хӯроки шомро тановул мекунанд ва шабакаи телевизионӣ бошад, бо тарғиби рекламаи «Табобати чинӣ» кулли аъзои баданро номбар карда, инчунин, аксҳоеро нишон медиҳад, ки табъи бинанда хира мешавад!!!
ТВ-шоп ё ТВ-аптека???
ТВ «Сафина» низ рӯзи 3.12.2018 баъди барномаи «Ахбор» соати 18:16 ба пахши реклама сар карда, то соати 18:28 давом кард, 12 дақиқа реклама барои бинанда хеле дароз аст. Мутаассифона, ин шабака низ ба «Беморхона» табдил шудааст. Таассуфовараш ин ки дар ин ҷо низ рекламаи «Табобати чинӣ» пахш мегардад. Соати 18:28 барномаи «Вожаҳои маъонӣ» то соати 18:59. Баъд боз реклама, соати 19:06 то 19:26 барномаи «Шоми Душанбе», сипас боз то соати 19:36 реклама. Хулоса, ҳарду ТВи машҳури кишвар дар соати муҳими рӯз, яъне ҷамъ шудани тамоми аъзои оила, дар 1 вақту соат аудиторияро бо рекламаҳо аз худ дур мекунанд. Рекламаҳои пайиҳам ҳар бинандаро аз тамошои ТВ мегурезонад, ҳатто дӯстдорони ашаддии ТВро низ. Рекламаро вақте пахш кардан лозим аст, ки тамошобин барои давоми барнома ё филми ҷолиб интизор бошад. Шояд ҳоло ТВҳои Тоҷикро мисли шабакаҳои алоҳидаи тиҷоратӣ ТВ-аптека ё ТВ-шоп ном монем!? Шумо дар ин бора чӣ мегӯед, дӯстони азиз?
Руқия Қурбонзода, коромӯзи СССР