ХАБАРИ ДОҒ

Аз ӯ номи нек ба ёдгор монд…

  • Чоршанбе, Янв 23 2019

Рӯзи аввали соли 2019 қалби устоди марафони советӣ ва тоҷик аз задан монд. Ин матлаб ба нафаре бахшида шудааст, ки замоне барояш дар бузургтарин майдонҳои Маскаву Тошканду Вилнюсу Киев… каф мезаданд.
-Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад! Мо Метавонем!!!

Номи Шайдулло Исоев-Корманди шоистаи варзиш, Мураббии хизматнишондодаи Тоҷикистон, Устоди варзиши СССР, Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ дар саҳифаҳои таърихи варзиши муосири тоҷик бешак бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад гашт. Ӯ аз ҷумлаи ҷавонмардони тоҷик ягона касе буд, ки дар намуди душвортарини пешаи интихобкардааш-дави марафонӣ ба дараҷаи Устоди варзиши СССР расида, то ҳол дастоварди ӯро дар ин навъ касе такрор накардааст.
 Шайдуллои ҷавон аввали солҳои 1950 дар 1 деҳаи дурдасттарини н.Шурообод ба варзиш қадамҳои аввалини худро гузошта, тавонист, ки дар ин намуди барои ҷавонони ҳамсинну солаш бегона ба зудӣ ном барорад. То лаҳзаҳои охири умр бо фахр ёд меовард, ки шавқу завқро ба давидан маҳз дар даврони наврасӣ устоди зиндаёдаш Давлат Баёдов дар қалби ӯ бедор сохта буд ва баъди хатми мактаб бе ҳеҷ дудилагӣ ба Техникуми тарбияи ҷисмонии ш.Душанбе ҳуҷҷат супорид. Дар баробари бо дипломи аъло хатм намудани ин даргоҳи ҳунар тавонист, ки тӯли 3 сол тавассути машқу тамринҳои пайваста худро дар қатори беҳтарин варзишгарони пойтахт ба дастаи яккачини вазиши сабуки РСС Тоҷикистон ворид сохта, то с.1973, давоми 16 сол, дар мусобиқаҳои умумииттифоқӣ шарафи варзишии тоҷикро ҳимоя кунад. Ҳарчанд дар Мактаб-интернати н.Восеъ ҳамчун омӯзгори тарбияи ҷисмонӣ кор мекард, зуд-зуд бо даъвати мураббиаш Чемпиони ҷаҳон оид ба дави марафонӣ Григорий Паночкин ба сабқатҳои гуногуни бонуфуз сафарбар мешуд. Ӯ дар давоми фаъолияти варзишӣ соҳиби 5 медали тилло, 23 медали нуқра ва зиёда аз 50 медалу нишонҳои ифтихорӣ шуд.

Спортсмен из деревни
Соли 1968 нашрияи пуровозаи «Советский спорт» дар бораи ӯ таҳти унвони «Варзишгаре аз деҳа» мақолае нашр намуд. С.1973 устоди Шайдулло бори охир ҳамчун варзишгар майдони мусобиқа баромад. Баъди ин ҳамчун раиси Ҷамъияти ихтиёрии «Ҳосилот»-и н.Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ба ташкили чорабиниҳои варзишӣ ва тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим машғул гашт. Вале то охир аз шуғли дӯстдоштааш бознамонда, ҳар субҳ ба масофаи 15-20 км медавид!
Қобилияти баланди ташкилотчигиашро ба назар гирифта, баъдтар ӯро роҳбарияти ноҳия ба корҳои роҳбарӣ ҷалб намуд ва тӯли 15 сол вазифаҳои пурмасъули муовини раис ва котиби кумитаи ҳизбии колхози овозадори ба номи Ленини н.Москваро бар дӯш дошту дар рушду нумӯи диёри азизаш саҳми муносиб гузошт. С.1997 ӯро ба нафақа гуселониданд, лек худ пайхас ҳам намерафт, ки барои ӯ тавре варзишгарон мегӯянд, «нафаси дуюм акнун оғоз меёфт». Ҳамон сол ӯро Ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, ки он вақт раисии Кумитаи варзиши назди Ҳукумати мамлакатро ба ӯҳда дошт, ба пойтахти кишвар хонда, гуфт:
-Устод, Шумо ба синни нафақа расида бошед ҳам ҳанӯз чун солҳои ҷавониатон бардаму бақувватед, аз ин рӯ, умедворем, дар ягон ҷои муносиб тарбияи варзишгарони ҷавонро давом медиҳед.
Устод Исоев ноиби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ таъйин гашта, барои кушодани саҳифаҳои нави таърихи варзиши муосири тоҷик хизматҳои арзандаеро ба иҷро расонд.

Марафони Исоев
Бори аввал бо ташаббуси С.Раҳимов с.1997 Пойгаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоизаи Устоди варзиши СССР, оид ба дави марафонӣ Исоев дар ш.Душанбе баргузор шуд ва инак беш аз 20 сол боз ҳар сол моҳи май он дар минтақаҳои гуногуни мамлакат роҳандозӣ гашта, шумораи зиёди мухлисони дави марафониро бо ҳам меорад. Устод то лаҳзаҳои охири умр вазифаи директории Мактаби маҳорати варзишии наврасон оид ба варзиши сабукро ба ӯҳда дошт ва ҳеҷ гоҳ аз заъфи солхӯрдагию мушкилии кор шикоят намекард. Дар мусобиқаҳои Дави миллӣ ҳамеша дар сафи пеш қарор мегирифт ва дар паҳлӯяш фарзандони устод, ки бо ҳар кадомашон ифтихори зиёд дошт, медавиданд. Фарзанди калониаш-Мадвалӣ Шаҳидуллозода солҳои зиёд дар мақомотҳои гуногуни прокуратураи мамлакат бе нуқсон кору фаъолият карда, имрӯз вазифаи прокурори н.Рӯдакиро ба ӯҳда дорад. Алишер Исоев-сардори идораи маорифи н.Ҳамадонист. Фарзандони дигараш-Озар, Меҳридил, Исо ва Ҷасур низ бо хизмати софдилона дар сохторҳои гуногуни мақомотҳои қудратӣ ҳамеша мекӯшанд, ки ба номи неки падари шуҳратмандашон сазовор бошанд. Кору зиндагии варзишгари номӣ, ташкилотчии моҳир, омӯзгори мушфиқ ва инсони соҳибдилу пуртадбир Ш.Исоев воқеан намунаи олии рӯзгори шахсиятҳои бузургест, ки ҳар лаҳзаи пурқимати онро барои хушбахтии дигарон ва рушду нумӯи диёри азизашон сарф кардаанд ва бешак номи неки онҳо дар қалби дӯстону наздикон ва мухлисону ҳаводоронашон ба таври абадӣ боқӣ хоҳад монд…

Маҳмадназар Мазиёев,
рӯзноманигор


Аз СССР: Ҳамчунин устоди собиқадори соҳаи фарҳанг Абдулваҳҳоб Оқилов-аз н.Рӯдакӣ бо телефони 907 92 88 31 ба СССР занг задаву гуфт, аз фавти бобои Шайдулло, ки бо ӯ дӯстии наздик доштем, сахт андуҳгинам ва ба аҳли байти эшон сабри ҷамил хоҳонам!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter