ХАБАРИ ДОҒ

9 сентябри соли 2008 дар рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шумораи ҳафтаномаи СССР рӯйи чоп омадааст. СССР ҳарфҳои кутоҳшудаи сулҳ, садоқат, самимият, раҳоӣ мебошад.

Мақсад аз ном гирифтани рӯзномаи СССР насталгия-ёдовари аст, ки мардум ормони чандинсола доранд ва даврони шӯравиро пазмон шудаанду дар орзуи СССР  ҳастанд.  Муасиси ин ҳафтавор оҷонсии иттилоотии "Хатлон ПРЕСС" буда, сармуҳарририи онро Сайёфи Мизроб ба уҳда дорад. СССР аз як шуъбаи умумӣ (мактубҳо) мудирии шуъбаро Шаҳрзоди Амин ба уҳда дорад.  Хабарнигороне, ки аз шумараҳои аввалини  СССР то ба ҳол саҳмгузоранд. Сафват Бурҳонов ҷонишини сармуҳаррир, Аҳмади Иброҳим (сармуҳаррири ҳафтаномаи Пайк) Муъмин Аҳмадӣ (хабарнигорори радиёи озоди) Асилддин достиев (хабарнигори ҳафтаномаи Пайк) шодравон Раҳими Ашраф, Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, Шаҳрзоди Амин, Саъдӣ Маҳдӣ, Гули Зард, Баҳодур Уроқов (Бохтар), Хуршед Фозилов (Панҷакент), Шокир Наим (минтақаи Рашт), Назари навруз (Душанбе), Ҷамила Ҳусейнова, Сарвинисои Давлат ва даҳҳо журналистону қаламбадастон саҳмгузоранд. Рӯзномаи СССР сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ аст. 9-уми сентябр ҳафтанома 7 сола шуд дар давоми ин 7 сол ба редаксия 46-ҳазору 848 номаи шикоятӣ, санҷишӣ, таҳлилӣ, аризаву дод ва мактубҳои расми ворид шудааст;

1464 нафар меҳмони расмӣ гардидаву назари худро дар рубрикаи меҳмонхонаи СССР  пешкаши ом сохтааст;

2928 занги хонанда, ки дардхурди дарди ҷомеа шунида шуда дар рубрикаи "СССР гӯш мекунад" нашр гардидааст;

3294 смс паёмак ба редаксия расид ки беҳтаринҳоро дар рубрикаи смс паём руйи чоп омадааст. 

2562 нафар дар мавриди "босмачи ки буд: қаҳрамон ё ғоратгар" дар рубрикаи мо ва баҳси мо ба чоп расидааст.

2496 варианти "СССР-муаммои накшода"  дар тули як соли аввал дар рубрикаи РССТ муаммои накшода ва дар давоми 7 сол 15072 дар муаммо ширкат ва баҳс намудаанд ва он ҳам рӯйи чоп омадааст.

Инчунин СССР гушае дорад бо номи "насталгия: то ва баъди пошхӯрди СССР" ва дар ин гуша аксҳои шахсиятҳо ашёҳо аз замони то СССР ва баъди СССР гузошта мешавад. ин гӯша дар саҳифаи ҳафт мо ва насталгии мо. Дар саҳифаи 2 рубрикаест бо номи "Ҳафтаи Президентҳо" ки дар он перомуни президентҳои собиқ давлати шуравӣ хабарҳо чоп мешаванд. 

Сардабири ҳафтанома дар муддати ин 7 сол ба хонанда 366 матлаби таҳлилӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, таърихӣ, назариявӣро танҳо дар рубрикаи ба ӯ ҷудошуда дар саҳифаи ду нафишта пешниҳод намудааст ва инчунин ду китоби сармуҳарир "Муштҳои бедорӣ" ва "Сафардидаи маккавӣ" ба дасти хонанда расидаааст.

Дар тӯли ин муддат 27 ҳазору 816 нафар, ақалан 1 бор ба тариқи ин газета чизе навишт, гуфт ё паём фиристод ва ё аз дар даромадааст. 1098 бор редаксия ба хотири ҳифзи манфиати хонандагон ва тафсири мушкили онҳо аз мақомот посух гирифтаву бо баъзеи онҳо дастбагиребон шудааст, аммо мавқеи хонандаро муҳофизат кардааст. Инчунин СССР дорои 3 сайти интернети www.khatlonpress.tj ва www.football/orq.tj.СССР ва сайти нави СССР tj.

Рӯзномаи СССР рӯзномаи сирф мардумӣ аст ва барои хонандагону муалифони фаъоли худ хуҷҷати хабарнигори мардумиро таъсис додааст, ки то ҳол зиёда аз 40 нафар соҳиби ҳуҷати хаборнигори мардумӣ гардида беш аз 1000 нафар муалифи доимӣ ҳастанд. 

Хонандагони ин ҳафтанома дар тамоми гӯшаву канори пойтахт ҳаст вале аз ҳама ноҳияи серхонандатарин ин ноҳия Панҷакент мебошад, ки ҳатто раҳрубу аробакашаш газет мехонад ва менависад. Имрӯз серхонандатарин рӯбрикаҳо ин рубрикаи "СССР гӯш мекунад", СМС паёмак", "Газетаи мардумӣ" ва "Меҳмонӣ дар СССР" аст, ки бисёртар мехонанд ва менависанд. Хулоса, дар ин 8 сол СССР тавонист дар атрофи худ хонандагони зиёдеро гирд оварад ва бо мавзуъҳои актуалӣ, нав ва ватандӯстӣ дар саҳни журналистикаи тоҷик мавқеъ пайдо намояд. Воқеан, МО МЕТАВОНЕМ!

Сарвинисои Давлат, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter