Ӯ солҳои 1944-51 дар мактаби 7-солаи ҳамин деҳа ва солҳои 1951-54 дар мактаб-интернати №1 деҳаи Ашт ва солҳои 1954-59 дар факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло ба итмом мерасонад. Р.Ҷӯраев дар вазифаҳои ходими хурди илмии Институти тадқиқотии илмҳои педагогӣ (1959-60), ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири сектори илми УДТ (1962-67), мутарҷим дар Ҷумҳурии Афғонистон (1967-69), дотсенти УДТ (1969-70), дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ (1970-71), мудири кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумӣ (1971), дотсент ва мудири кафедраи байнифакултетии забони русии Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1971-76), стажёр-муҳаққиқи Университети давлатии Ленинград ба номи А.Жданов (1976-79), дотсенти кафедраи забони русии Институти давлатии педагогии Кӯлоб (1979), проректори шӯъбаи ғоибона, проректор оид ба корҳои илмии Институти давлатии санъати ба номи М.Турсунзода, дотсенти кафедраи байнифакултетии забон ва адабиёти УДТ (1990-95) кор кардааст. Рустам Ҷӯраев солҳои 1959-60 дар шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи УДТ ва солҳои 1960-62 дар аспирантураи назди кафедраи филологияи эрони факултети шарқшиносии Университети давлатии Ленинград таҳсил карда, таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор М.Н.Боголюбов дар мавзӯи «Тадқиқи грамматикии ёдгории забони тоҷикӣ-форсии асри XII «Асрор-ут-тавҳид» рисолаи номзадӣ иншо менамояд ва онро соли 1964 дар Шӯрои диссертационии УДЛ дифоъ карда, ба дараҷаи номзади илмҳои филологӣ арзанда дониста мешавад. Ба рисолаи Ҷӯраев олимони маъруфу машҳури эроншинос, докторони илмҳои филологӣ, профессорон А.Л.Грюмберг, А.З.Розенфельд, А.Н.Болдырев, М.Н.Боголюбов баҳои баланд дода, онро яке аз беҳтарин корҳои илмии соҳаи таърихи забони таърихи забони тоҷикию форсӣ меҳисобанд. Ҷӯраев аз қабили устодон ва муҳаққиқони пурмаҳсули соҳаи филологияи тоҷику эронӣ ва журналистика буда, ба қалами вай зиёда аз 60 мақолаву гузоришоти илмӣ, илмию методӣ, илмию оммавӣ, тақризу очерку лавҳа, аз ҷумла китобҳои «Из истории времени модальных значений глагольных форм таджикского и персидского языков» (1962), «Грамматическое описание языка «Асрор-ут-тавҳид»-таджикского и персидского памятника 12 века», «Дадажон Таджиевич Таджиев (Краткий очерк жизни и научно-педагогической деятельности с приложением библиографии (1965, бо ҳамроҳии А.Юнусов)», «Очерки по истории грамматики таджикского и персидского языков» (1972), «Дастур оид ба дарсҳои амалии таърихи забони тоҷикӣ (1972), «Этимологияи 100 калима» (1985), «Пособие по изучению терминологии культуры и искусства языка дари Афганистана» (1987) мутааллиқ аст, ки оид ба баъзеи онҳо мутахассисон, аз ҷумла забоншиносони тоҷик С.Муҳаммадиев ва Манфред Лоренс тақризҳои мусбат ба табъ расонидаанд. Ҳиссаи бузургу пурарзиши донишҷӯи фаъолу пешқадам, омӯзгори обрӯманд ва олими дақиқназару боистеъдод, донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ, форсӣ, дарӣ ва ӯзбекӣ, устоди ғамхори садҳо мутахассисону пажӯҳишгарони ҷавон, дотсент Рустам Ҷӯраев бо «Грамотаҳои фахрӣ»-и Президиуми Иттифоқи касаба (1956-58), КМ ЛКСМ Тоҷикистон (1957), Университети давлатии Тбилиси (1958), нишонҳои «Барои муваффақиятҳои аъло дар кори мактабҳои олии СССР (1985), медали «Ветерани меҳнат» (1987), 30 сол дар сафи КПСС» ва чандин Грамотаю раҳматномаҳои мактабҳои олии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст. Рустам Ҷӯраев 2.02.1995 дар синни 58-солагӣ пас аз бемории вазнин дунёро падруд гуфт. (Маълумот аз духтари устод - Мушаррафа Ҷӯраева гирифта шуд).
Одами худӣ
Ҳарчанд устод солҳои 1971-76 дар Кӯлоб кор карда бошад ҳам, ман бо ӯ соли 1990 шинос шудам. Он соли аввали муаллимии ман дар ИДПК буд. Мудири кафедраамон Сабзаев Сайидқул маро ҳамроҳ ба Душанбе оварда, ба устод Ҷӯраев шинос кард. Бо маслиҳати ин 2 тан мавзӯи рисолаи номзадиамро низ муайян намудем: «Вожаҳои ифодагари сарулибос ва зебу зинат дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ». Ҳамин тавр, бо устод унс гирифта, дар масъалаҳои гуногун суҳбатҳо доштем. Боре мақолае навишта, назди устод бурдам. Устод бо хатти сурх ва хонои худ онро ислоҳ намуда, гуфтанд, ки як бори дигар онро баланд хонам. Баъд чанд маслиҳати дигар доданд, ки он маслиҳатҳо ҳоло ҳам ба ёдам мондааст. Устод он қадар самимӣ ва дилсоф буданд, ки чанд маротиба маро ба хонаашон таклиф намуданд. Вақте ки ба ИДПК ҳамчун раиси Комиссияи имтиҳони давлатӣ рафтанд, ман низ он касро ба хонаамон таклиф кардам. Ҳамин тавр, устодиву шогирдии мо ба як дӯстии хеле амиқ мубаддал шуд. Бояд гӯям, ки дар ИДПК устод Рустам Ҷӯраевро кадри худӣ меҳисобиданд.
«Этимологияи сад калима» ягона боқӣ монд
Устод мутахассиси соҳаи забон буданд. Вожаҳоро аз ҷиҳати таърихӣ он гуна маънидод ва тафсир мекарданд, ки кас ҳайрон мешуд. Он қадар дониши амиқ доштанд, ки кам андар ками онро дар китобчаи «Этимологияи 100 калима» ҷой додаанд. Ин ҷо бояд иқрор шуд, ки на пеш аз устод ва на баъди устод дар Тоҷикистон касе барои тартиб додани як луғати этимологӣ дигар саъй накард. Ман вақте ба устод савол медодам, бо тааммул ва оромона ҷавоб мегуфтанд. Дониши устод он қадар васеъ буданд, ки мани ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ то охир бо суолҳои худ чун донишҷӯ боқӣ мондам. Ёд дорам, боре устод дар бораи сайри таърихии вожаи навпайдои «мағоза» андешаронӣ намуда, фикрҳои ҷолиб баён намуданд. Яъне махозини арабӣ дар Фаронса чун фурӯшгоҳ қабул шуд ва мувофиқи талаффузи франсавӣ мағозин шуд. Вожаи мағозинро русҳо гирифта магазин карданд. Эрониҳо мағозинро мағоза карданд. Яъне, ба Тоҷикистон ҳамон вайроншудаи махозин 2 маротиба сайр омадааст. 1 бор замони шӯравӣ тавассути забони русӣ-магазин. Дуюм бор замони истиқлол, ки тақлидкорони талаффузи эронӣ мағозаи вайроншударо ба мо оварданд. Агар нек нигарем, магазини русӣ ба аслаш (яъне махозин) наздиктар аз мағоза аст. Натиҷаи шарҳи устод чунин буд, ки магазин беҳтар аз мағоза аст ва фурӯшгоҳ беҳтар аз ҳар 2.
Ғурури питерӣ
Устод доим аз донишгоҳи Ленинград ёд мекарданд ва ҳамеша аз олимони ин шаҳри таърихӣ бо ифтихор гап мезаданд. Ман намедонам, ки Санкт-Петербург чӣ дорад, ки касе он ҷо хондааст, ҳатман ба ҳам монанд ғуруре доранд. Ин ғурурро ман дар профессорон Раҳим Додихудоев, Толиб Хаскашев, Ардашер Каримов, Додихудо Саймиддинов ва Сайёфи Мизроб низ мушоҳида кардаам. Инро наметавон кибр ё манманӣ гуфт, ин ифтихороти сафед ва ғурури илмарҷгузорӣ асту бас. Вақте рисолаи илмиро менавиштам, устод ин ҷаҳони фониро падруд гуфтанд. Охирин маротиба устодро дар беморхонаи шаҳрӣ дар Душанбе дидам будам. Сахт бемор буданд, вале бо вуҷуди он бо табассум аҳволпурсӣ намуданд. Духтараш Муаттара ва ҳамсараш Олия-бону он ҷо буданд. Устод базӯр бо овози паст гуфтанд, ки Камолиддинов Б. омада буд. Устодро дӯсти ҷавонӣ ва зодгоҳияш то охир ҳамроҳ буданд. Баъдҳо фикр кардам, ки шояд устод мехостанд, ки ман профессор Б.Камолиддиновро роҳбар гирам. Чун дар вақти иҷоза ба ҳимоя профессор Камолиддинов Б. ба ҳайси раиси комиссияи экспертӣ ба рисолаи ман баҳои мусбат доданд, донистам, ки ин беҳикмат нест. Агар устод Рустам Ҷӯраев дар қайди ҳаёт мебуданд, имрӯз ба синни 80 қадам мениҳоданд. Вале афсӯс, ки ҳоло дар байни мо нестанд. Аммо номи неки ӯ дар дилу дидаи шогирдон ва хонандагони осори ӯ боқӣ хоҳад монд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Саъдӣ Маҳдӣ, журналист