ХАБАРИ ДОҒ

Руҳи устод Зафар шод шуд

  • Чоршанбе, Март 20 2019


«Сарояндаи беназир ва дилогоҳ»-чунин ном дорад китоби тозанашри олими шинохтаи тоҷик, устод Холназар Муҳаббатов. Китоб дар бораи яке аз чеҳраҳои барҷаста, шукуҳманд ва соҳибмактаби ҳунари сарояндагии асри 20 ва аввали садаи 21 устоди зиндаёд Зафар Нозимов таълиф шудааст. Банда яке аз ҳаводорони самимии ҳунар, овоз ва оҳангҳои дилошубу гушнавози устод Зафар будам ва ҳастам. Вақте саодати дарёфти ин китоб насибам гашт, бесаброна ба мутолиаи он пардохтам.
Бояд гуфт, Муҳаббатов, ки худ ҳаводори асили ҳунари сарояндаи воқеан мардумии Тоҷикистон-Зафар Нозимов буданд, китобро бо муҳаббати тамом ва масъулияти том навиштаанд. Чунон устодона нигоштаанд, ки ҳини хондан борҳо аз ваҷд ашки банда аз чашмонам беихтиёр ҷорӣ мешуд. Аҳсант ва сипоси бепоён ба заҳмати зиёд ва амри хайру савобе, ки устод Муҳаббатов камари ҳиммат баста, анҷом додаанд. Дар китоб маводи зиёде гирдоварӣ шудааст, ки шумо-хонандаи гиромӣ, дар вақти мутолиа бо ҷонибҳои мухталифи ҳунари Зафар Нозим шинос мешавед ва ҳамчунин дар бораи ҷараёни ривоҷу равнақи санъати овозхони тоҷик дар 40 соли ахири асри 20 ва 10 соли ибтидои асри 21 маълумоти муфассал хоҳед гирифт.
Ба назари ман мутаассифона, теъдоди нашри китоб ба зоти худ пурарзиш (300 адад) ниҳоят кам аст, зеро ҳаводорони овоз, ҳунар ва санъати ин ҳунарпешаи асил бешуморанд ва дастрасӣ ба ин китоб муҷиби хушӣ, ризо ва қаноатмандии ишон мегардад, ки амрест савоб. Воқеан бояд гӯям, чун мухлиси асил, ки банда ҳамеша гумон доштам, дар бораи ҳунари устод Зафар ва паҳлуҳои мухталифи эҷод ва зиндагии ишон иттилооти кофӣ дорам. Вале баъд аз мутолиаи китоб бояд иқрор шуд, ки аз рӯзгори ин абармарди ҳунар бехабар будаам. Агар ягон нашрия ё сахие ин китобро аз нав ба теъдоди бештар (ақаллан 5000 нусха) чоп мекард, коре мешуд хайру савоб ва хизмате мешуд ба мардум ва миллати хеш.
Ба умеди рӯзҳои равшани бештар аз пештари Тоҷикистони азиз ва рушди бештар ва беҳтари ҳунару санъати асили миллати шарифи он!

Зиёҷон Хошматов,
рустои Шайнаки Муллогадо, н.Рӯдакӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter