Дар саргаҳ
Дар арафаи Ҷашни матбуот Сӯҳроби Зиё, хабарнигори телевизиони ВВС маро ба мулоқоти устодаш, нависанда ва журналисти тавонои тоҷик Искандар Мирзоев, ки бояд дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода баргузор мешуд, даъват кард. Ӯ, ки дар арафаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва оғози истиқлол зери роҳбарии Мирзоев дар рӯзномаи «Оинаи зиндагӣ» кор кардааст, мегӯяд, аз устодаш чизҳои зиёдеро омӯхтааст, аз ҷумла, барои мақолаҳои хуб журналистонро ташвиқ мекард ва ҳаққуззаҳмати бештар медод, ҳавасманд мегардонд, аммо ба афроди фиребгар ва дурӯя эҳтиром намегузошт ва мекӯшид бо онҳо ҳарчӣ зудтар худоҳофизӣ кунад. Ростӣ, то ин замон ман И.Мирзоевро ғоибона мешинохтам, танҳо навиштаҳои эшонро мехондам ва ин нуктаро дарк мекардам, ки эшон 1 шахси донишманд, ботаҷриба ва пастиву баландиҳои зиндагиро зиёд пушти сар карда аст.
“Медведица”- “Модахирс”
Устод Мирзоев ҳанӯз дар даврони ҷавонӣ ба кори журналистӣ меҳр пайдо кард. Ҳангоме ки дар курси 5-и факултаи филологияи УДТ ба номи В.И.Ленин таҳсил мекард, ба муносибати парвози нахустин инсон ба кайҳон, Юрий Гагарин мақолае навишт, ки он дар рӯзномаи №1-и он давра-«Тоҷикистони советӣ» нашр шуд. Шояд ба хотири он ки нахустин навиштаи ӯ буд, ки дар чунин нашрияи бонуфуз чоп мешуд, шабона чандин бор рӯзномаро хонда шодӣ мекард ва он шаб хоб бар ӯ падруд гуфт. Ин оғози беш аз 60 соли шабзиндадориҳои журналисти ҷавон шуд. Дар ҳамон сол масъулони рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ба ӯ ваъда карданд, ки баъди хатми донишгоҳ ба ин идора биёяд, зеро ӯро ба кор гирифтан мехоҳанд, лек ин ваъда пуч баромад. “Тағобозӣ” он замон низ роиҷ буд ва решаҳои қавӣ дошт.
Ба Мирзоев, ки соҳиби тахассуси муаллими забону адабиёти тоҷик шуда буд, ба яке аз мактабҳои зодгоҳаш-вил.Қурғонтеппа роҳхат доданд. Аммо фикру зикраш муаллим шудан набуд, балки мехост журналист шавад. Муддати зиёд дар мактаб фаъолият накард. Нафареро ёфт, ки дар ТВ шинос доштааст. Аз оғози фаъолияти ТВ Тоҷикистон ҳамагӣ 9 моҳ сипарӣ шуда буд ва он на журналисти ботаҷриба дошт, на мутахассиси техникӣ. Ҳамроҳи ин шинос, ки ҳоло “тағо” ном бурда мешавад, ба ТВ омаданд. Сармуҳаррири ТВ Иброҳим Раҳматов, бисёр марди донишманд буд. Ӯ аз довталаби “Тағодор” имтиҳон гирифт. Матни 1 филмро, ки ба забони русӣ навишта шуда буд, дод, ки тарҷума кунад. Пешаш луғати русӣ-тоҷикиро низ гузошт. Мирзоев, ки ба фикри худаш забони русиро хеле хуб медонист, аз он истифода накард. Ӯ вожаи “Медведица”-ро “модахирс” тарҷума намуд.
“Раҳматов матни тарҷумаи маро хонда, зери ҳамин калима хатти сурх кашид!” ёд меорад устод. Азбаски дар дили худи ӯ низ шубҳа пайдо шуда буд, аз луғат аллакай ин калимаро меёбаду мефаҳмад, ки онро нодуруст тарҷума кардааст. Бо ин вуҷуд Раҳматов хандидаву Искандари ҷавонро ба кор гирифт ва хато накард. Зеро сар аз ун сол то с.2019 ТВТ бо ин фарди наҷибу хушахлоқ ва сарсупурдаи касбаш сару кор дорад... Устод 59 соли умри худро ба ТВу матбуот бахшидааст, аз ин рӯ, агар ҳар 1 сол дар зиндагии эшон 1 воқеаи хотирмон сурат гирифта бошад, 59 ҳодиса мешавад, ки ҳамаи онҳоро дар 1 мақола зикр кардан аслан номумкин аст. Аммо табиист, ки журналист, алалхусус, агар ӯ солҳои тӯлонӣ ба мисли қаҳрамони мақолаи мо дар мансабҳои масъул фаъолият карда бошад, ҳар сол шояд даҳҳо ҳодисаҳои хотирмону гуворову ногуворро пушти сар мекунад.
Қадаме берун аз хат
И.Мирзоев барномаҳои зиёдеро таҳия кардааст, ки аз ҷониби тамошобинон хуб қабул шуда буданд ва яке аз чунин барномаҳо “Масъулияти волидайн” ном дошт. Азбаски муаллифи ин барнома худаш буд, бояд баранда пайдо мекард. Барандае, ки ҳам истеъдоди хубӣ сухан гуфтан дошта бошад ва ҳам донишу таҷрибаи бойи ҳаётӣ. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд барояш 1 муаллимаи Институти педагогии ба номи Т.Шевченкоро тавсия доданд. Муаллимаро ёфт, мақсадашро фаҳмонд. Ӯ ҳам қабул кард. Муаллима барномаро дар сатҳи хеле баланд бурд, аз ин рӯ, нахустин барнома аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуд. Лек фардо субҳ ӯро ба Комитети Марказии Тоҷикистон даъват карданд. Шахси масъул пурсид, ки чаро фалон муаллимаро барандаи барномаи мазкур интихоб кардааст? Маълум шуд, ки муаллима аз шавҳараш ҷудо ва 2 фарзандаш ҳам хонавайрон шуда будааст. Шахси масъул гуфт, ин муаллима ҳуқуқи маънавӣ надорад, дар бораи таълиму тарбияи фарзанд гап занад!!! Мантиқан ин гуфтаҳо дуруст буданд. Зеро ин ҳолост, ки ҳар касе хоҳад мардумро насиҳат мекунад. Дар шӯравӣ сухан вазну сухангӯ қадр дошт! Мирзоев гӯш карду баъд гуфт, ки қабл аз сабти барнома ба ректор Қандил Ҷӯраев муроҷиат карда, дар бораи муаллима пурсид, сипас аз котиби ташкилоти ҳизбии институти мазкур маълумоти заруриро гирифт, ҳатто дар комитети ҳизбии ноҳия бо масъулон дар ин бора сӯҳбат дошт.
-Агар муаллима ҳуқуқи маънавии сӯҳбат кардан дар ин мавзӯъро надошта бошад, пас чаро ба ӯ таълиму тарбияи муаллимони ояндаро бовар кардаанд? –савол дод ба намояндаи КМ ҲК Тоҷикистон И.Мирзоев.
Нафари масъул лаҳзае сукут кард, пешониашро дошту сипас гуфт:
-Қаламу варақро гирифта баёнот нависеду дигар ин хел кор накунед.
Аз болои кори ТВ на танҳо дар КМ ҲК Тоҷикистон, балки аз Маскав ҳам назорати ҷиддӣ мекарданд. Барои мисол, агар дар ягон барнома ҳадди ақал 2 дақиқа навори нуқсдор пахш мешуд, аз Москва талаб мекарданд, ки гунаҳкор ҷазо дода шавад.
Аввалин танқид
Искандар Мирзоев, ки собиқаи калони корӣ дорад, зимни мулоқот бо донишҷӯён ҳамеша таъкид мекунад, ки журналистика касби пурифтихор, аммо басо масъулиятнок аст. Ба қавли ӯ, журналист бояд мавзӯи суҳбатро хуб донад, донишу иттилои кофӣ дошта бошад ва аз ҳама муҳим проблемаро кушода тавонад. Ба андешаи Устод, риояи ин принсип кафолати муваффақияти кори журналист аст. Чунин мисолҳо дар таҷрибаи худи ӯ низ кам набуданд. Замоне ки дар “Тоҷикистони советӣ” кор мекард, дар бораи 1 судяи ш.Қӯрғонтеппа фелетон менависад. Ин нахустин бор буд, ки дар рӯзнома судяро танқид мекарданд. Асли қазия ин буд, ки судя аз 1 фурӯшанда пора гирифта, ӯро аз занаш ҷудо мекунад. Аммо зани фурӯшанда аз ин кор ҳатто хабар надоштааст. Дар натиҷа, судя аз кор барканор шуд. Ӯ адвокат шуд, аммо баъди чанд сол бо пора ба даст афтид. Ба ҷаласаи судӣ, ки дар ноҳияи кунунии А.Ҷомӣ мегузашт, Мирзоевро даъват карданд. Ӯ аз муҳаррир Қаландаров маслиҳат пурсид. Қаландаров ҳамеша ба тобеони худ таъкид мекард, ки агар мавзӯи баҳснок ва ҷанҷолиеро инъикос кунанд, бояд 10 факт ҷамъ кунанд ва аз онҳо танҳо 6-тояшро истифода бурда, 4-тои дигарашро барои эҳтиёт монанд.
Ҳамин тариқ, Қаландаров ба прокурори ҷумҳурӣ занг зада пурсид, ки агар кормандаш ба суди н.А.Ҷомӣ наравад, чӣ паёмаде сурат гирифта метавонад? Прокурори ҷумҳурӣ посух дод, ки дар ин сурат Мирзоевро гунаҳкор мекунанд. Ӯро ба ҳайси шоҳид даъват карда буданд. Раиси суд аз собиқ судя пурсид, ки оё ӯ шоҳидро мешиносад? Ба тарафи ӯ нигоҳ карду гуфт, ки намешиносад. Аён шуд, ки журналисти фелетоннависро кайҳо фаромӯш карда будааст. Вақте аз Мирзоев пурсиданд, гуфт, ки айбдоршаванда фалон одам аст. Судяи собиқ баъди шунидани суханҳои шоҳид ӯро ба ёд овард. Ӯ даъво кард, ки журналисти ба қавли худаш тӯҳматчиро бояд ҳабс кунанд. Аммо Мирзоев дар посух гуфт, агар ӯ гуноҳашро исбот карда тавонад, ҳозир аст ҷойҳояшонро иваз кунанд. Судя ва адвокати собиқ ягон далел надошт, аз ин рӯ, паси панҷара рафт.
Таассуф
Зимни муроҷиат ба донишҷӯён устод таъкид мекард, ки бесалоҳиятӣ ва сатҳӣ муносибат кардан ба мавзӯъ ва мусоҳиб баъзан на танҳо худи журналист, балки расонаҳоеро, ки аз онҳо намояндагӣ мекунанд, беобрӯ мекунанд. Хоса, ба иштибоҳ роҳ додан дар барномаҳои танқидӣ паёмади хеле ҷиддӣ дошта метавонад. Ва қисса ҳам кард:
-Замоне, ки И.Мирзоев директори барномаҳои ТВи тоҷик буд, барномаи танқидии “Ранда” аз обрӯи хос бархурдор шуд. Вақте гуруҳи эҷодии “Ранда” ба ягон ноҳия ё шаҳри ҷумҳурӣ мерафт, он ҷойҳоро ларза мегирифт. Аммо муддате онро як нафари суст муҳаррирӣ мекард. Ӯ 1 касро танқид мекунад, лек санадҳои мувассақ ҷамъ намеорад, балки бештар ба суханҳои бархе такя карда, барномаро таҳия ва пахш месозад. Одами интиқодшуда дар тӯли 2 моҳ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҷамъ оварда, аз болои муҳаррири барномаи “Ранда” ба суд шикоят мебарад. Мирзоевро ҳамчун директори барномаҳои ТВ ба суд даъват мекунанд Ҷаласаи судӣ 3 рӯз давом мекунад, аммо журналист худро ҳимоя карда натавонист, аз ин рӯ, ӯ ҳамчун шахси масъули ТВ аз қаллоби дар “Ранда” танқидшуда узр пурсид.
Мирзоев бо таассуф зикр мекунад, ҳоло мо 6-7 шабакаи ТВӣ дорем, аммо онҳо қариб ки барномаҳои танқидӣ надоранд. Барномаҳои танқидие, ки ҳаматарафа воқеӣ, санҷидашуда ва объективӣ бошанд.
Ба ҷои хулоса
Ҳоло И.Мирзоев, ки ба синни мубораки 85 мерасад, бознишаста аст, аммо ӯ бинандаи ҳамешагии шабакаҳои ТВи Тоҷикистон аст. Албатта, муносибати ӯ ба барномаҳои ТВ аз муносибати бинандаи одӣ фарқ мекунад, зеро муваффақияту камбудиҳои эҷодкорони имрӯзаро дида метавонад. Ӯ дар ҳар мулоқот бо навқаламон таъкид мекунад, ки барои муваффақ шудан дар касби интихобкардаи худ донишу таҷрибаи хуб андӯзанд, дар ҷомеа мушоҳидакор ва ҳалолкор шаванд, НОМ бароранд ва меафзояд:
-Ном, ки ба ҳалолкорӣ баромад, он, яъне НОМ туро 1 умр НОН медиҳад ва НОНи ҳалол...
Ҳамин аст, ки устод Искандар Мирзоев, пири журналистикаи Тоҷик 1 умр НОНи ҳалол аз пушти НОМи нек хӯрдааст. Муборак бошад. Мо метавонем!
Нуралӣ Давлатов
журналист
Аз редаксия: Вақте матлаб омодаи чоп буд, аз чандин шогирди устод Мирзоев пурсидем, ки омодаанд, зеро он имзо гузоранд? Ҳамагӣ гуфтанд, ки оре, устод бештар аз ин гуфтаҳо манзалат доранд ва имзои моро гузоред:
-Сӯҳроби Зиё, Карим Азизов, Обид Шакурӣ, Сайёфи Мизроб, Илҳоми Ҷамолиён, Бобоҷон Икромов, Неъмат Мирсаидов...ва дигарон!!!