(Ё худ феҳристи ном тавсиявист, ё маҷбурӣ???)
“Зода”-ҳои гӯшнавоз
Дар давраи советӣ 3 шахси бузургро аз Тоҷикистон, ки дар дунё мешинохтанд ва медонистанд: Турсунзода, Улуғзода ва Раҳимзода буданд. Насаби онҳо пасоянди “зода” дошту гӯшнавозу мутантан садо медод. Ҳоло пушти дари утоқи кории дилхоҳ хизматчии давлатӣ ё чиновник равӣ, бо насабҳои “зода”-дор дучор меоӣ ва намедонӣ, дар кабинет мард нишастааст, ё зан?! Ин амал аз рӯи ному насабгузории нав ба миён омада истодааст ва танҳо одамони замони советӣ -ов, -ев, -ова, -ева – ро нигаҳ медоранд, чунки онҳо ба синни пирӣ расида, ҳоҷати иваз кардани пасоянди насаби худро надоранд.
Аз Октябр то Бобуна
Дар замони советӣ ба гузоштани ном ягон кас эрод намегирифт ва одамон тибқи табъу дониши худ кӯдаконро ном мегузоштанд. Ман дар н.Ёвон одамеро медонистам, ки волидонаш ӯро ба шарафи Инқилоби с.1917 “Октябр” ном гузошта буданд. Ё ба шарафи кандани канали калони Фарғона писарчаеро Каналбой номгузорӣ карда буданд. Ба хотири бадавлат шудани тифл Кассирмуҳаммад низ ном дода буданд. Онҳо тамоми умр бо ин номҳо ифтихор мекарданд ва гилае аз волидон надоштанд. 1 рафиқам бо розигии аҳли хонавода ба наберааш Бобуна ном гузошт ва кӯдакро ҳама калонсолон бо ҳамин ном дӯст медоштанд. Дар идораи ҷамоат баъди ҷустӯҷуи зиёд аз “феҳрист” номи Бобунаро наёфтанд ва мутасаддиён розӣ нашуданд, ки ин номро ба навзод гузоранд.
Давоми 50 сол чандин маротиба шиноснома иваз кардему ному насаб, ки ин ҳама маблағ ва вақти пурқиммати мизоҷонро мегирад. Агар дар вақташ ин амалҳо иҷро нашаванд, ҳуҷҷатгиранда ҷазо мегирад. Русҳо бо ҳамон ному насаб, ки Медведеву Волкову Козлову Блохин доранд, садсолаҳо кору зиндагӣ мекунанд ва касе ба ному насабгузории онҳо эрод намегирад. Аммо чаро дар кишвари мо ба номгузории мо-мардуми тоҷик номҳои бегонаи эронӣ дохил гардад? Ҳол он, ки баъзе насабу номи гузаштагони мо ба маҳаллу менталитети ҳамон оила мувофиқ аст.
Зайнулобиддин Ҳусейнов
деҳаи Гулибодом, н.Ёвон