ХАБАРИ ДОҒ


Ҳолномаи сӯфиёна:
Қурбоналӣ Раҳмонов с.1954 дар деҳаи Навободи ноҳияи Восеъ ба дунё омада, с.1977 Донишкадаи санъати ба номи М.Турсунзодаро хатм кардааст. Дар с.1971, вақте ҳамагӣ 17 сол дошт, дар фестивали ҷумҳуриявӣ соҳиби медали тило ва 1 рубоб гардида, дар саҳнаи тоҷик соҳибном шуд. Дар ҳамин ҷашнвора бо Ҷӯрабек Назриев шинос шуда, ба хайли шогирдони ӯ пайваст ва то ҳанӯз ин риштаи устодиву шогирдӣ ногусаста аст.
Қурбоналӣ Раҳмон баъди хатми донишкада ва адои хидмати ҳарбӣ чанд муддат дар мақомҳои роҳбари Хонаи маданият ва мудири шуъбаи фарҳанги н.Восеъ кор кард. Баъди марги Зариф Наҷмиддинов дар 1 садама раиси колхози овозадори ба номи “Ленин”-и н.Восеъ Миралӣ Маҳмадалиев роҳбарии ансамбли "Чашма”-ро ба Қурбоналӣ Раҳмон супурд. Давраи авҷи шӯҳрати ӯ ба ҳамин ансамбли фолклории "Чашма” рабт мегирад. С.1986 сазовори унвони Ҳунарпешаи шинохтаи РСС Тоҷикистон шуд. Аммо баъди фурӯпошии СССР ва даргузашти Бобои Миралӣ "Чашма” ба вартаи мушкилоти молӣ афтода, аз фаъолият бозмонд. Мавсуф с.1996 ба Душанбе омад ва 2 сол дар ансамбли "Дарё” кор кард. С.1998 роҳбари ансамбли тарона ва рақси "Сомониён” таъйин шуд. С.2004 унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро ба даст овард. Дар солҳои аввали фаъолияти эҷодиаш асосан таронаҳои халқӣ мехонд, вале солҳои охир бештар дар сабки сӯфиёна эҷод мекунад.

Андар баёни наврӯзии Дубай
Аз сафорати Тоҷикистон дар Арабистон ба мо чунин пайғом омад, ки «акаи Қурбоналӣ, агар бо сафаре банд набошед, мо Шуморо таклиф мекунем: аз 8 то 15 марти ҳамин сол дар шаҳри Риёзи Арабистон сафоратхонаҳо ҳавзаи Наврӯзро ташкил мекунанд». Ростӣ, мо ҳам дар тааҷҷуб мондем, ки дар Арабистон чӣ хел суруд мехонанду кӣ рақс мекунад? Ин дар ҳолест, ки имрӯз ҳам баъзе аз муллоҳо шунидани мусиқиро ҳаром мешуморанд. Хуллас, мо-як гуруҳ ҳунармандон, минҷумла Давлат Назрӣ, рӯзи 5 март озими Дубай шудем ва аз он ҷо ба Риёз роҳ гирифтем. Дар Риёз 4 рӯз истодем. Дар таърихи 8-9 март дар сафоратхонаи Туркия маҳфили Ҳавзаи Наврӯзро барпо карданд. Хушбахтона, дар якҷоягӣ бо 15 сафоратхонаи дунё наврӯзии мо хело дар сатҳи олӣ баргузор гардид. Дар майдони чорабинӣ ҳамчунин намоишгоҳи маҳсули ҳунарҳои зебои тоҷикӣ омода шуда буд, ки таваҷҷуҳи зиёди мардуми ҷамъшударо ба худ ҷалб намуд. Намоиши ҳунарӣ иқдоми хубе буд барои ҷалби ҳаводорони суруду мусиқӣ ва фарҳанги зебои мардуми тоҷик дар ин кишвар. Ин маҳфили зебо ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон заминаи мусоиде шуд барои афзун намудани шумораи сайёҳони араб ба кишвари биҳиштосои мо дар солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ. Хулласи калом, баъди ҳунарнамоӣ дар Наврӯзи Риёзи Арабистон, ки хеле хуб пазироӣ шуд аз ҷониби 15 сафир ва меҳмононашон, имконият даст дод, ки Ҳаҷҷи Ъумраро низ бигузорем ва лаббайкагӯйи даъвати Иброҳим алайҳиссалом буда бошем, ки то қиёмат аз даъвати Заробиддин Қосимӣ-сафири кишварамон дар ун кишвар розиям! Мо 2 рӯз дар Макка истодем, Хонаи Худоро зиёрат кардем, бо фарҳанги аъроб ошноӣ пайдо намудем... Зимнан хидмататон арз кунам, ки дар тамоми олами ислом суруду тарона ҳаст, мехонанд, мерақсанд ва ин, ки муллоҳои чалласавод мегӯянд мусиқӣ ҳаром аст, дурӯғи маҳз ва бофтаи ҳамин тоҷикон асту бас!

Андар баёни Ҷӯрабеку Аҳмад Зоҳир
Вақте ман дар синфи 8 мехондам, ҳунарманде аз ТВ баромад кард, ки Ҷӯрабек Назриев ному насаб дошт ва ин сурудро хонд: «Ма қурбони сару пои ту мешам, Модари ман…». Ана ҳамин суруди ӯро дар 1 озмун, дар шаҳри Кӯлоб хондаму медали тило ҳам гирифтам ва дар шаҳри Душанбе, дар озмуни дигар лаурети фестивали сурудҳои комсомолӣ ҳам шудам. Меҳрубон Назаров-вазири маданият 1 рубоб тақдимам карду 1 медали тило. Бе муҳобот, Назриев ин қадар инқилобе, ки дар ҳунар кардааст, ҳунармандони дигар дар ин сатҳ кам кор кардаанд. Ва ягона инсоне, ки аз ҳисоби Тоҷикон бо Аҳмади Зоҳир рафиқӣ дошт, ин Ҷӯрабек буд, зеро Аҳмад шефтаи овози Ҷӯрабек шуда буд.

Андар баёни унвонҳо
Соли 1986 фестивал байни 2 ноҳия – Восеъ ва Москва (ҳоло Ҳамадонӣ) ҷараён дошту хело рақобатпазир ҳам буд. Москва мактаби Одина Ҳошим дошту Восеъ мактаби бобои Миралӣ Маҳмадалиев. Дар фестивал-озмуни «Бӯстон» бо фарқияти андак имтиёз мо ҷои аввалро гирифтем. Баъди ҳамон фестивал ба ман унвони Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистонро доданд.
Бобохон Алиевич Маҳмадов-вазири собиқи фарҳанг, барои ман хизмати бузург кардааст. Боре, шунидам, ки Бобохон Алиевич бемор шудааст. Абдурашид Хӯҷамқулов сабаб шуду гуфт, ки биё назди Маҳмадов равем. Ба вазир занг задем, гуфт, ки «ман ҳоло дар беморхона, пагоҳ ба ҷои кор биёед». Хуб, рафтем ба вазорат ва дар рафти суҳбат Бобохон Алиевич гуфт, ки «биё 1 ансамбл ташкилат кунем». Бо маслиҳати Бобохон Маҳмадов ансамбли «Сомон»-ро таъсис додем ва инак, 22 сол боз дар опера ва балети С.Айнӣ бо ҳамин ансамбл машғулем. Соли 2004 унвони Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистонро гирифтам.

Андар баёни «Табарчаи тилоӣ»
Ба даст овардани «Табарчаи тилоӣ»-и соли 1978 дар Полша ин худ дастоварди бузургест! Бояд гуфт, ки ин яке аз дурахшонтарин сафҳаи фарҳанги РСС Тоҷикистон дар он солҳо буду ҳаст! Сафари мо ба Полша аз ҳисоби Тоҷикистон не, балки аз ҳисоби колхози «Ленин» ва шахсан бобои Миралӣ буд! Ансамбли «Чашма» ягона дастаи ҳунарии пешқадам зери сарпарастии бобои Миралӣ дар колхози «Ленин»-и ноҳияи Восеъ буд, ки ягон мушкили пуливу мо-санъаткорон надоштем. Дар ин фестивали байналхалқӣ беш аз 35 кишвари ҷаҳон иштирок дошт. Дар ин чорабинӣ ва барои соҳиб шудан ба «Табарчаи тиллоӣ» Ҳабибулло Абдураззоқов, Фаттоҳ Одинаев, Анвар Барот, Саодат Умарова, усто Ғулом… нақши бориз гузоштаанд. Ин дастаи ҳунарии мо дар Полша мисли 1 командаи гулчини футбол буд, мунтахаби миллӣ буд ва зимнан ҷои якумро гирифтем!

Андар баёни ҳиммати бобои Миралӣ
Миралӣ Маҳмадалиев-раиси номдори давр сахт мухлиси санъат буданд. Ин аст, ки «Чашма»-ро таъсис додаву чун гавҳараки чашм нигоҳ медоштанд. Мо санъаткорон маоши баланд мегирифтем, автобус доштем, ки хона ба хона, деҳа ба деҳа ҳунармандонро меоварду мебурд. Ягон камбудӣ надоштем. Ёдам ҳаст, боре ба бобои Миралӣ гуфтам, «отпуск» аст, мехоҳем ба Чехословакия дамгирӣ равем. Бобо гуфтанд, чанд сӯм мешавад? Гуфтам фалон қадар. Ба муҳосиб занг задаву гуфт, «пул ҷудо кун, «Хушрӯй» (маро ҳамин хел ном мегирифт) бо 25 артисташ ба истироҳат ба хориҷа равад!». Ҳоло, дигар, ку чунин раисҳо???!!!

Андар баёни Ленину Сталин
Ман шахсан парвардаи фарҳанги миллии даврони СССРам! Аксарияти кулли сиёсатмадорону дипломату давлатмардону фарҳангиёни имрӯзаи мо кадри ҳамон замонаанд. Акаи Ҷӯрабек Ленинро ҳазрат мегӯяду Сталинро алайҳиссалом ва Горбачевро алайҳилаъна! Ва шарҳ медиҳад, ки Ленин ба мисли бархе паёмбарон заҳмат кашиду давлати мардумӣ сохт. Сталин ин давлатро ба авҷи воло расонид. Горбачев барҳамаш зад… Ҳоло мепиндорам, ки Ленину Сталин аз модар бе нафс зода шудаанд. Тамоми ҷангу хунрезиҳо дар дунё аз рӯи нафс аст. Бинед, баъди пошхӯрди СССР дар олам чӣ хунрезиву бесарусомониҳо шуда истодааст. Мо намаки Шӯравиро хӯрдаем, пас чаро ба намакдонаш туф кунем?!

Мусанниф Шаҳрзоди Амин
СССР


PS: Ба пиндори коллективи кори редаксияи мардумӣ кайҳо фурсате расидааст, ки устод Қурбоналӣ Раҳмонов иштирокчӣ ва барандаи давлатии ба номи А.Рӯдакӣ дар соҳаи санъати мусиқӣ гарданд, зеро дар 2 аср, авохири қарни ХХ ва авоили садаи ХХI пайгирона ва мунсифона мунодиву муаррифии фарҳанги этно-халқӣ-профессоналии мусиқаи мо буданду ҳастанд. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter