Бонки ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст барои рушди инфрасохтори мавзеи таърихии «Чилучорчашма» 2 миллион доллари ИМА ҷудо кунад. Ғайр аз ин дар назар аст, ки аз ҷониби ин бонк боз 2 мавзеи таърихии кишвар-мақбараи «Хоҷамашҳад» ва маҷмааи археологии «Ҳулбук» низ таҷдид гарданд. Маблағи умумии барои таҷдид ва рушди инфрасохтори ин 3 мавзе ҷудошуда $ 3,4 миллионро ташкил менамояд. Тавре ба СССР аз маркази матбуоти МИҲД Хатлон хабар доданд, ин маблағ тавассути гранти лоиҳаи «Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот»-и Бонки ҷаҳонӣ ҷудо мешавад. Масъулони шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ иброз доштанд, ки ҳафтаи гузашта дар ҳукумати вил.Хатлон дурнамои ҳамкориҳо бо намояндагони лоиҳаи “Рушди иқтисодии маҳалҳои деҳот” баррасӣ шуд. Андреа Далл, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, ки вил.Хатлон имкониятҳои зиёди агросаноатӣ, аз ҷумла, оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, мавзеҳои сайёҳӣ, манзараҳои зебою обод дорад ва мақсади мо тариқи лоиҳаи таҳияшудаистода ободонии деҳот, пайгирии амалҳои созанда дар радифи эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад. Дар мулоқоти мазкур иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳа 2 қисмро дар бар гирифта, қисми аввал коркарди маҳсулоти кишоварзӣ-агробизнес ва қисми дуюм рушди сайёҳӣ мебошад. Зимнан ба “Чилучорчашма”, “Ҳулбук” ва “Хоҷа-Машҳад” тибқи лоиҳаи Бонки Ҷаҳонӣ маблағҳои грантӣ мутаносибан 2.000,000, 1.000,000 ва 400.000 доллари ИМА ҷудо хоҳад шуд.
Дар рафти амалишавии лоиҳаҳо истифода аз маблағҳои грантӣ обектҳои сайёҳии мавҷуда ва роҳҳои автомобилгард низ бо гузоштани роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои стандарти ҷумҳуриявӣ таъмин карда мешаванд. Роҳнамоҳо ва навиштаҷотҳои сайёҳӣ бо 3 забон омода шуда, дар роҳраву мавзеъҳои сайёҳӣ насб мегарданд, то ба сайёҳони хориҷӣ дастрасу муфид буда, аз ҷойгиршавии мавзеҳои таърихӣ онҳо бохабар бошанд. Зебонисо Холова, мутахассиси пешбар оид ба ёдгориҳои таърихии Раёсати фарҳанги вил.Хатлон дар сӯҳбат бо мухбири СССР гуфт, боиси хушҳолист, ки ин мавзеъҳои таърихиро бозсозӣ мекунанд. Ӯ афзуд бо ин пул метавон меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳон ва ҳавзи шиноварии занонаву мардона низ атрофи онҳо сохт. Дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки “Ҳулбук”- пойтахти пешинаи Хуталон шаҳрест бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳо Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хуталон ба ҳисоб мерафт. Хушбахтона, баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим-шаҳри Ҳулбук эҳё шуда истодааст. Маҳз ба хотири бузургдошт ва аҷргузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон ва барои эҳё намудани ҳисси баланди миллӣ-ватандорӣ, мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук бо Осорхонаи Ҳулбук дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст, ки ин муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳонист.
Баҳодур Уроқов, СССР, вилояти Хатлон