То ин дам бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтепппа дар рафти баргузории чорабиниҳои идона ва фарҳангӣ аз хизмати раққосагони шӯъбаи фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон истифода менамуд. Бо иқдоми наҷиби Раиси шаҳр мӯҳтарам Амирулло Асадулло ин камбудӣ низ ҳалли худро пайдо намуда, духтарону писарбачагони бомаҳорати шаҳр тариқи озмун интихоб гашта, ҳайати ансабли рақсии духтарона ва бачагонаи шаҳри Қӯрғонтепппа муайян карда шуд. Дар озмун намояндаи вазорати фарҳанги Ҷӯмҳурии Тоҷикистон, ҳунарпешаи шинохта Сарвинисо Қурбонова ба ҳайси довар иштирок карда дар интихоби духтарону наврасони бомаҳорат саҳми хешро низ гузошт.
Баҳодур Уроқов, хабарнигори СССР дар Қӯрғонтеппа