Имсол баъди Иди Рамазон, 19 июл барои тамошои Сари Хосор-Ватани бобоӣ камар бастем. Роҳи мо тавассути Данғара – Кангурт – Балҷувон буд. Кангурт аз 2 калимаи таърихӣ иборат аст. Канд, ки дар вожаҳои Чочканд, Мароканд, Леваканд, Қуқанд (Хубканд) вомехӯрад, ҳамон канда ё кандак ва муарраби хандақи бобомон Салмони Форсӣ аст, ки чун ҷанги Хандақ машҳур аст. Бо маслиҳати Салмони Форсӣ гирди Мадина хандақ бурида шуд ва чун шаҳри стратегӣ номи худро дар таърих сабт намуд.
Кангурт – шаҳри қаҳрамонон
Аз ин рӯ, ҳар куҷо канд аст, он дар худ мудофиаву ҷонбозиҳо дорад, ки Кангурти мо низ аз ин баҳра дорад. Қисмати 2-юм – гирд ҳамон вожаи таърихист, ки бо граду (Волгоград) городи русӣ ҳамреша аст. Яъне, барои муҳофизати шаҳрҳо гирди шаҳрро канда мекарданд. Гарчанде дар ривояти мардум Кангурт «кони гурд-паҳлавон» аст, дар ин сурат канди гурд ё шаҳри паҳлавон гуфтан ба шарҳи боло мувофиқтар аст. 1 дӯстам шӯхиомез гуфт, ки Кангурт дар харита нест, вале одамонаш ин қадар бисёранд. Воқеан, Кангурт 1 маҳаллаест на чандон калон, лек озода, бо нуфуси тахмин 17-18 ҳазор аҳолӣ. Мардум ин ҷо асосан аз Сари Хосор омадаанд ва худро бо ифтихор Сарихосорӣ мегиранд. Ҷавононаш ғайюр, нотарс ва паҳлавонанд. Роҳ то Кангурт бисёр ҳамвору олӣ ва аз Кангурт то Балҷувон таъмирдида ва бад набуд. Балҷувони машҳур бо Шоҳ Неъматуллои Зарробиаш дар соҳили рости дарёи Сурхоб афтодааст.
Сад дареғи Гурдара!
Дар даромадгоҳи Балҷувон моро бобои Зариф бо писараш Исмоил интизор буданд. Агар ҳаминҳо моро роҳбаладӣ намекарданд, гумон буд, ки мои шаҳрнишин ҳавсалаи то сангоби Сурхоб рафтан мекардем ё не. Нахуст, мо дар саршавии Балҷувон ба тарафи чап – Гурдараи машҳур худравро ҳаракат додем. «Сад дареғо Гурдара дар зери сангу хок монд» – ин марсияе буд, ки соли 1968 баъди лағжидани кӯҳи пеши деҳа он зери хоку лой монда буд, садо дод. Ростӣ, ман аз хурдӣ орзуи дидани ин мавзеъи фалокатборро доштам. Вақте акаи Зариф гуфт, ки ин Гурдара аст, мо даррав аз мошин фаромадам. Байни кӯҳ ва деҳа дарёчаи Талхак бо паҳноии 20-30 метр мегузарад. Тасаввуркарданист, ки ин лағжиш бо чӣ гуна қувваи бузург аз ин дарёча гузашта тамоми деҳаро дар соати 3-4-и саҳар пахш кардааст. Чизи аҷиб барои мани забоншинос ин буд, ки Гурдара пеш аз ин фалокат ҳам Гурдара ном доштааст. Баъди дуову фотиҳа дар ҳаққи гузаштагони ин манзил қад-қади дарёчаи Талхак рафтем ба хонаи акаи Зариф ба деҳи Оличадара. Рӯз ҳам ба охир мерасид, барои ҳамин барои сафари Сари Хосор бояд аз саҳар роҳӣ шуд, яъне мо шаб дар Оличадара мондем. Шаб дар болои суфаи калон дар зери чанори 700-сола мизбонон зиёфат оростанд. Аз рӯи нақли акаи Зариф дар зери ин чанор бисёр бузургон нишаста будаанд.
Мардуми Балҷувон, ки асосан аз Сари Хосор омадаанд, бисёр меҳмондӯсту меҳмоннавозанд. Ҳар чӣ доранд, рӯи хон мегузоранд ва он қадар илтифоту муроот мекунанд, ки шахс ҳайрон мемонад. Одати мардуми ин ҷост, ки бо омадани меҳмон аз шаҳр даррав гӯсфанд ё бузеро меғелонанд ва табақхои пур аз гуштбирён, ки маззаи он фақат дар ҳамин болоҳост, пешкаши меҳмон мегардад. Мегӯянд гушти чорвои ин ҷо, ки алафи кӯҳистон хӯрда, фарбеҳ шудааст, аз гушти чорвои дар таҳдашт калоншуда фарқ дорад. Мо омӯзгорон, ки дар як ҳафта ним ё як килло гушт харида, то маош эҳтиёт карда мехӯрем, табақҳои пур аз гуштро дида нохӯрда, сер шудем. Шаб зери ҳамин чинори куҳан дар ҳавои кушод хобидем.
Саҳар омадем ба саристгоҳи Балҷувон. То савор шудан вақт ҳаст, рафтем ба мазори Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ. Бо кӯшиши Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон ин ҷо хеле обод шудааст. Дар паҳлуи мазор чойхона бо тарҳу наққошии Истаравшанӣ оро ёфтааст. Аммо дари чойхона маҳкам буд. Воқеан, дар бисёр ҷойҳо чойхонаҳо бо тарҳи шарқии меъморишуда бисёр зебо сохта шудаанд, вале аксар дарбастаанд. Гӯё барои зебаш бошад. О кушоед, мардум аз дастранҷи шумо фоида бинад. Дар паҳлуи чойхона китобхонае низ сохта шудааст. Китобхонаро тамошо карда, офарин бар созмондиҳандагонаш гуфтем. Дар сари гӯри авлиёи Худо Шоҳ Неъматуллоҳ сураи Таборак хондем ва ба рӯху арвоҳи гузаштагон бахшидем. Дар паҳлуи мазор бо кӯшиши фарзандони ин диёр Тешаевҳо масҷиди ҷомеъ бо тарҳи меъмории олӣ сохта шуда, хеле хуб оро дода шудааст.
Истгоҳи мавсимӣ
Омадем ба саристгоҳи Балҷувон. Ин як саристгоҳи табиӣ аст, ки дар паҳлуи сангоби Сурхоб мардум худаш ҷамъ меояд. Азбаски он тараф дигар фақат роҳи Сари Хосор аст, худравҳо низ дар ҳамин ҷо гузошта мешаванд. Ва ҳамин тавр ташкил шудааст, саристгоҳ. Метавон гуфт, ки ин як истгоҳи мавсимӣ низ ҳаст. Дар зимистону баҳори сербориш омадурафт хело кам мешавад. Мардуми омада сабукравҳои худро дар саристгоҳи Балҷувон мегузоранд ва савори мошинҳои бақуввати аз Шӯравимонда-УАЗ 469 ва ГАЗ 66 мешаванд. Воқеан, дар ин сангоби Сурхоб, ки роҳ ноҳамвору пурсанг аст, ё тамоман роҳ нест, фақат ҳамин мошинҳо дар ин ҷо мераванд. Мошинҳои оддӣ ва хизматгоранд инҳо. Фақат дар пайи рафтаи инҳо баъд худравҳои Ҷип метавонад раванд. Як мошинро мешавад барои як тараф 250-300 сомонӣ киро кард. Ду тараф 500-600 сомонӣ вобаста ба дурии деҳаҳо. Ин беҳтар аст. Зеро барои хуб дам гирифтан ва истироҳати бофароғат лозим аст, ки мошин аз худатон бошад, то ҳар ҷо ки рафтед, бе миннат бошад. Бештари мардум ин ҷо оилавӣ меоянд. Ва бештаринашон барои дидани Шаршараи машҳури Сари Хосор. Мо дар болои ГАЗ 66 нишастем, ҳамроҳи мо пур аз занону кӯдакон низ бебокона савор мешуданд. Либоси мардуми маҳал тоҷикона, озодона, бе ягон тақлиди туркиву арабӣ аст. Мардум ҳамин пӯшоки миллии тоҷикиро либоси исломӣ медонад.
Сурхоб – ҳокими Сари Хосор!
Қадоваи Сурхоб сар шуд ва ин Сурхоб дар тамоми тӯли роҳ моро ҳамсафар аст. Сурхоб ҳокими ин ҷост. Ҳама хушбахтиву бадбахтии мардум аз ҳамин Сурхоб аст. Хоҳад ин соҳилро, хоҳад он соҳилро мешӯяд. 10-15 сол ҷоеро намешӯяд, он ба ҷангалзор табдил меёбад, аммо сел боз ҷои худро мегирад. Ва ин ҷангалзори шусташуда ҳезуми тайёр мешавад барои сокинон. Дар муқоиса масалан бо дарёи Волга онро намешавад дарё гуфт, ин як селраҳа аст. Барои рафтан ба Сари Хосор нахуст бояд омодагии рӯҳӣ гирифт. Баъд мар зод ва роҳила. Яъне, тушаи роҳ ва мошини газ 66 ё УАЗ 469. Бояд омода шуд, ки он ҷо мисли шаҳр нест. Роҳи ҳамвор нест. Қадоваи Сурхоб, ки дар ду сохили он деҳаҳои Сари Хосор афтодаанд, камодам аст. Роҳбалади хуб кори Шуморо осон мекунад. Он ҷо бозоре ё фурӯшгоҳе нест. Телефон кор намекунад. Факат Индиго-Тсел, ки дастгоххояшро дар баландтарин нуқта гузоштаанд, кор мекунад. Аз Балҷувон то Шайдон ё Шаҳидон-маркази Сари Хосор, ҷое, ки солҳои Шӯравӣ фурудгоҳу ҳавопаймо дошт, 35 км, бо назардошти ноҳамвории роҳ 2 соат роҳ аст. Ба истилоҳи мардуми маҳал «шапидаву ктида» то Боғи Зоғон-макони фурудгоҳ, ки фақат Ан-2 меомад, расидем. Фурудгоҳ 1 замини гандумзор дар соҳили рости Сурхоб будааст. Боғи Зоғон, ки зарбулмасали машҳури хандаовар, вале ибратомӯзе ба номаш боқӣ мондааст, ҳикмате дорад. Яъне, то Боғи Зоғон омадан осон нест, балки рӯҳану ҷисман омода бояд шуд, вагарна нисбатат ҳамон зарбулмасалро хоханд гуфт: Дар шикамут нун надорӣ Боғи Зоғон р…ӣ мерай!
Шайдон - марказ
Шайдон ё Шаҳидон маркази Сари Хосор ҷои нисбатан обод, соҳиби чандин дукону фурӯшгоҳҳост. Ҳатто толори саққобозӣ (билярд) низ дорад. Мегӯянд замоне, кӯҳи болои деҳа чапа шуда, деҳаро зери худ гирифтааст, барои ҳамин ин ҷоро Шаҳидон мегӯянд. Бобои Зариф – собиқ директори совхоз ин ҷо аз обрӯи вижае бархурдор аст. Дар тамоми ҷо ӯро мешиносанд. Ӯ аз қабили он одамоне аст, ки аз рӯи насиҳати Луқмони ҳаким «дар ҳама ҷо хона» дорад. Дар Шайдон Бародарони бобои Зариф – мулло Шариф –р, Соҳибназар ва писари Бобои Зариф Юсуф хона доштаанд. Яъне, то рафтан ба шаршара ва баргаштан аз шаршара дар Шайдон ҳаст ҷое, ки сар дар он занем. Воқеан, дар ин ҷо ҳам моро сахт меҳмондорӣ карданд. Дар болотари шаршара деҳаи Тавалғон ватани бобои Зариф аст, ки он ҷо бародараш Соҳибназар бо аҳлу аёл тобистон мегузаронад.
Дар Шайдон дӯсти бобои Зариф Ҳаким УАЗ-469-ашро дар ихтиёри мо гузошт. «Барои бобои Зариф ҳеҷ ҷои сӯхтан надорад», гуфт. Ба роҳ баромадем. Аз паҳлуи мазори Хоҷа Исҳоқ мегузаштем, ки мошинро акои Ҳаким нигоҳ дошт ва гуфт, ки сайёҳон бояд ҳатман ин ҷоро бинанд. Дар рӯ ба рӯи мазор кӯҳи сангие бо як ҳашмати фавқулода ва зебо истодааст. Дар баланди 3 – 3,5 метр дар баданаи ин санг як қуличае (шикофии нопуррае) мисли кафи даст воқеъ буд, ки табиат онро худ чунин сохтааст. Ронанда гуфт, ки ин Санги Мурод аст, ҳар кас дар ин қулича санг партояд ва муроде кунад, агар санг истад, ба мурод мерасад. Хеле санг партофтем. Ба шахс кам муваффақ мешавад, ки дар ин қуличаи баданаи санг сангеро партоб кунаду истад. Агар сахт партоед, санг бо зарба бармегардад, агар оҳиста партоед, то боло намеравад. Яъне, тарзе партофтан даркор, ки на сахт ва на оҳиста. Ба ҳар ҳол санги партофтаи ман истод ва мақсади ман, ки дидани зодгоҳи бобоӣ буд, донистам, ки ба изни Худои бузург сафари мо бобарор аст, як хушҳолие моро фаро гирифт.
Сангоб ва пайи роҳи 66
Дар ин ҷо роҳе нест, баъди сел омадан танҳо газ-66 роҳ ҷуста меравад ва баъди 66 аз пайи изи он 469 ва ҷипҳои навбаромад мераванд. Дар тамоми замони Шӯравӣ ҳамин хел буд. Ҳукумати Шӯравӣ ҳеҷ гоҳ дар ин селраҳа дар фикри сохтани роҳ набуд. Ҳатто ҳамон Говкӯҳи машҳур, ки Ховалинг, аниқтараш Мазори Ҳазрати Султонро бо Сари Хосор мепайвандад, дуруст сохта нашуд. Говкӯҳ як ағбаи бисёр тарсбарангез аст, ки лоҳавло… хонда аз он мегузарӣ. Аммо, хушбахтона, аз тарафи рости дарёи Сурхоб аз Шаҳидон сар карда, роҳеро оғоз намудаанд, ки сохтмонаш бо сабабҳои номаълум ҳеҷ не, ки ба итмом расад. Шояд сабабаш тӯлии роҳ аст ва камии маблағ. Аммо агар Роғунро бо Сари Хосор мепайвастанд, ин ҳама мушкилот аз байн мерафт. Воқеан, роҳҳо мушкилосонкуни мардум ва пайвандгари дилҳоанд. Ҳамин тавр, дар сангоб ва бо сангоб роҳро идома додем.
Даштаро – чанорҳои 700-сола ё зиёдтар
Даштаро ин ҷои таърихист. Фақат ба хотири ду чанори 700 – 800 солааш, ки ин деҳаи канори рости Сурхобро машҳури ҷаҳон гардонидааст. Шояд вожаи Даштаро кӯтоҳшудаи Дашти Чанор(ҳ)о бошад. Решаи ин чинорҳо он қадар калонанд, ки ба таври ҳайратовар табиат онро кофта, ба мисли як хонаи васеъ кардааст. Мегӯянд замоне дар ин ҷо бачаҳо дарс мехонданд. Воқеан ин чанори чандасра мардуми ин ҷоро дарси аср, дарси зиндагӣ меомӯхт, ин асбоби аёниест, ки назираш дар ягон мактабе нест. Сайёҳон аз тамоми дунё барои дидани ин чинорҳо ва албатта барои дидани шаршара меоянд.
Ронанда, ки худ аз Даштаро буд, моро то хонааш оварду, худравро ба мо супорид ва гуфт: - Бензин пур аст, акои Зариф, барои Шумо ҳеҷ киро надорад. Давоми роҳро Исмоили писари бобои Зариф ронандагӣ намуд. Пеш аз шаршараи машҳур дар тарафи дасти чапи мо дар деҳаи Мулкихо шаршараи зебои дигаре аз баландии тахмин 30-40 метр ҷорист, ки он низ хеле зебост. Аммо азбаски болотар шаршараи машҳури сероб, ки ҳаст, ин шаршара зери шуҳрати номи шаршараи Пушти Боғ фаромӯш шудааст.
Муллоконӣ
Ватани домуллоҳои машҳур, ки бо даму нафасашон шуҳратёр гаштаанд. Домулло Ҳалим, Домулло Маҳмадӣ (устоди падарам ва пири Махдуми Исмоил), писаронаш махдуми Мутеъулло ва Маҳмадамин, Домуло Шариф, Охуни Мулло Шариф – Худо ҳамаашонро ғариқи раҳмат кунад, аз ҳамин ҷоанд. Зодгоҳи устоди пуркор, профессор Абдулҳай Маҳмадаминов низ ҳамин ҷост. Ҷойноми Муллокониро мардуми маҳал «кони мулло» маънидод мекунад. 20-25 буна зиндагӣ мекунад. Тафовути ин деҳа аз дигар деҳаҳо дар он аст, ки дар зимистон низ мардум ҳамин ҷо мемонад. Дар деҳаҳои гирду атроф як ё ду буна бошад, дар Мулокони 200 – 250 нафар доим ҳаст. Яъне, деҳаҳои гирду атроф дилбаумед ба Муллоконӣ зиндагӣ мекунанд. Муллоконӣ ҳам дар канори рости дарёи Сурхоб воқеъ аст, НОБ-и хурде низ дорад, ки аз чашмаи серобе сохта шудааст. Муллоконӣ аз барқ танқисӣ намекашад, аҳолиаш ҳам нисбати дигар деҳаҳо зиёдтар аст. Як фурӯшгоҳи шахсӣ низ доранд, ки хостам шамъ бихарам, вале шамъ надошт, гуфтанд мо барқ дорем, шамъ чӣ даркор?! Воқеан, олӣ!
Вавилону Би-лайн дар Сари Хосор нест!
Телефон дар ин ҷо маҳдуд аст. Вавилон тамоман зунук гирифтааст. Шояд ҳаминаш беҳтар бошад. Барои истироҳат ва дур аз ташвишҳои зиндагӣ. Ин телефон мисли банди тавела аст, ҳар ҷо бошӣ, меёбандат. Дар Сари Хосор фақат мавҷи Индиго-Тсел фаъол аст. Агар Сари Хосор рафтед, ҳатман симкорти инҳоро бигиред (бе ягон таблиғу реклама!). Ду симкорти гӯшии ман – Вавилону Би-лайн тамоман хомӯш буданд. Мавҷи онон то Шайдон (зӯрашон) мерасад Қувваи барқи телефонатонро низ метавонед дар Шайдон ё дар Мулокони пур кунед. Масофаи байни деҳаҳо аз як дара то дараи дигар тахмин 500 метр то 1,5 км аст. Аз Мулокони то шаршара ҳамин қадар роҳ аст.
Шаршараи Пушти Боғ
Бале, мардуми маҳаллӣ ё ватандорони асил онро маҳз шаршараи Пушти Боғ меноманд. Гарчанде навтоҷикон водапад ҳам мегӯянд. Шаршара дар соҳили рости сангоби Сурхоб бо зебоии ҳайратангез мерезаду мерезад. Шавқи дидани ин манзара он қадар моро ҳарис карда буд, ки мехостем ҳар гӯшаи онро дар худ фурӯ барем, то чизеро аз дидани фурӯ нагзорем. Бо супориши Президенти мамлакат баъзе ҷоҳои шаршара обод мешавад. Масалан, дар тарафи рости шаршара НОБ-и хурде бино карда истодаанд. Дар ҳар ҷо-ҳар ҷои байни шаршара катҳо сохтаанд, ки мардум дар болои катҳо фароғат доранд. Дар тобистони гарм дар болои чунин катҳо дар зери борони шаршара истироҳат намудан, чӣ қадар рӯҳнавоз аст. Дар паҳлуи чапи шаршара помончакҳои бетонӣ сохтаанд, ки дар ин роҳи душворгузари кӯҳӣ ин помончакҳо барои расидан то зери шаршара ёрӣ мерасонанд. Тавассути ин помончакҳо то зери шаршара расидем. Дар тарафи чапи ин макони табиӣ як кати вайронайи зангзада, ки чӯбҳои он фурӯ рехта буд, беҳунарона сохта шудааст, ки табиияти ин манзараро лакнатдор мекунад. Зеро аз ҳар куҷое, ки мехоҳед сурат бигиред, труба ва оҳанҳои зангзадаи ин кат намудор мешавад. Дар ТВТ низ ин манзара намоиш дода мешавад, вале ҳамин кати бенамуд наворбардорро намегузорад, ки ба таври роҳат манзараи зебои шаршараро сабт кунад. Аз ин рӯ ҳукумати ноҳ. Балҷувонро лозим меояд, ки ин кати вайрону валангорро беҳтараш аз ин ҷо бардоранд. Дар наздикии шаршара набояд иморате сохт, ки архитектураи табиат бинокардаро ғашдору сунъӣ созад. Ин аст маслиҳати мо. Зеро дар назди иншооти бузурги табиӣ, ки онро Худо бо ин зебоӣ сохтааст, ҳатто қаср сунъӣ менамояд. Коре накунем, ки як ҷои зебои табиати Ватанамонро бо дасти худ, бо иншоотҳои беҳунаронаи худ ночиз нишон диҳем.
Мо ва ҳамроҳонамон, ки аз роҳ зери офтоби гарм омада будем, даррав либосҳоро кашида, зери шаршара даромадем. Об аз баландии тахмин 6-7 метр рост ба теппаи сар бо як силлии силамонанд мезанад, ки шахс воқеан истироҳат менамояд. Об ончунон сарду ях аст, ки 1 дақиқа пойро зери об мондан имкон надорад. Шаршара дар паҳнои 20-25 метр аз боло мерехт, ки дар паси ин резиш 2 ғор буд, мо давида аз ин резиш гузаштем ва ба ғори якум даромадем. Нақл карданд, ки дар ин ғор Восеъи муборизи шӯришгар ва паҳлавон баъди шикаст хӯрдан ҷой гирифта будааст, то бо қувваи нав лашкар ҷамъ кунад ва бар зидди манғитҳо бархезад. Ба ғори 2-юм рафтан андак мушкилӣ дорад, барои ҳамин фикр мекунам, ки Восеъ дар ҳар дуи ин ғор ҷой гирифта буд. Ин ҷо хеле тарсбарангез ва ваҳим аст ва фикр мекунам лашкариёни беки Балҷувон гурдаи онро надоштаанд, ки то ин ҷо биёянд. Агар омада бошанд ҳам, то дарунтари ғор ҳираки даромадан накарда, баргаштаанд.
Баъди тахмин як соат дам гирифтан моро ҳаваси дидани саргаҳи ин шаршара ором намегузошт. Роҳбаладро аз ин огоҳ сохтем, Бобои Зариф гуфт, ки ӯ даҳҳо бор ба ин саргаҳ баромадааст ва роҳро хуб медонад. Ҳамин тавр мо аз паҳлуи рости шаршара ҳамроҳ бо резиши об рӯ ба боло ба роҳ баромадем. Хотиррас мешавем, ки вақти фаромадан мо аз паҳлуи чапи шаршара фаромадем. Дар ин ҷо роҳбалад ҳатмист, набошад ҳар кас ҳираки (ё дилу гурдаи) ба ин макони тарсзо вале диловез баромадан намекунад. Роҳбалад нақл кард, ки дар болои ин шаршара дар паҳлуи чап мазори Домулло Сабз ва дар тарафи рости он чиллахонаи муллоҳои Мулоконӣ воқеъ аст. Дар назди мазори Домулло Сабз, ки дар ин ҷои камхок бо санг бардошта шуда буд, ояте аз Қуръон хондем. Чиллахона низ дар як ҷои ҳамвории думетрӣ, ки аз оби шаршара эмин буд, яъне дар як ҷои нисбатан хушк воқеъ буд. Он ҷо каме нишаста дам гирифтем ва боз, бо як пайроҳаи касмагузар рӯ ба боло ниҳодем.
Тахмин аз чиллахона то саргаҳи шаршара як 70 метр буд.
Урра, саргаҳи шаршара! Ҷое, ки болотар аз он дигар об нест, вале кӯҳ идома дорад. Мақсади мо, ки сарчашамро дидан буд, дигар болои кӯҳ рафтанро раво надидем ва ҳамин ҷо нишастем, бо телефонҳо сабт кардем, сурат гирифтем. Дар ин ҷо як гурӯҳ ҷавонон аз ноҳ. Ҳамадонӣ низ буданд. Аз рӯи ҳисоби кардаи ман тахмин дар ҳудуди 10 метри квадратӣ аз 4-5 ҷои танаи кӯҳ об фаввора зада мебарояд, дар аввал об он қадар зиёд нанамояд ҳам, поёнтар рафта, ба шохаҳо ҷудо шуда, муъҷизаосо ба як шаршараи бузург мубаддал мегардад. Об дар саргаҳаш боз ҳам хунуктар аст. Ман ки дар поям попӯши сабук (сланси) доштам (воқеан ин навъи попӯшӣ дар ин ҷоҳо мувофиқтар аз попӯшҳои гирдаш маҳкам мебошад) ва ҳама вақт поям дар об буд, хунукиро дар саргаҳаш бештар ҳис намудам.
Фарқи ин шаршара аз дигар шаршараҳои машҳур дар он аст, ки вақти сарозер шудан нишебӣ он қадар ҳамвор аст (тахмин 45 дараҷа), ки дар болотар чун шаршара намудор намешавад. Фақат бо ҷорӣ шудан дар масофаи 80 - 100 метр нишебии ҳамвор тамом мешавад ва об рост (90 дараҷа) ба замин мерезад, ки салобати шаршараро намудор месозад. Мутаассифона, ин баланди 4-5 метр беш нест. Агар бо ҳамин дараҷа (градус) бо баландии 10-15 метр мерехт, аз дур - аз қадоваи сангоб бисёр босалобат менамуд ва тамоман ба шаршараҳои машҳури ҷаҳонӣ баробар мешуд. Ин буд сирри шаршара, ки гуфтем, Мо метавонем!
Чизи дигари аҷиб дар болотари ин шаршара арчаи бузурги тахмин 500-600-сола бо шохаҳои бузург қомат афрохта буд, ки шаҳомату салобати ин кӯҳманзараро афзун мекард. Ҳамин тавр, мо аз тарафи рости шаршара боло шуда, аз тарафи чап фаромадем, то ҷои нодидаамон боқӣ намонад. Рӯз бегоҳ мешуд, қарор додем бо қадоваи сангоб роҳро идома диҳем, ба зодгоҳи аҷдодӣ.
Қалъанак
Дӯстам Ҷумъахон Алимӣ, ки рисолаи дуктуриаш «Ҷойномҳо (ё топонимҳо)-и ҳавзаи дарёи Сурхоб» аст ва тамоми деҳаҳои Сари Хосорро дара ба дара гашта, таҳқиқ намудааст, дар шарҳи деҳаи Қалъанак чунин гуфт: «Ин ҷо замини ҳамвор ниҳоят кам аст, дар он ҷое, ки гандум мекоранд, мардум гандуми коридашударо дарза карда, ниҳоят бо эҳтиёт ғанак мекунанд. Ду навъи ғанак аст: 1) калғанак – яъне хушаҳоро тарафи дарун монда тал мекунанд, бо мақсади аз ҳуҷуми гунҷишкон эҳтиёт намудан. Азбаски хушаҳо тарафи дарунанд, аз дур мисли кал метобад, ки он калғанак шудааст; 2) курғанак – яъне хӯшаҳоро тарафи берун тал мекунанд. Ана, номи Қалъанак аз ҳамин вожаи аввал – калғанак аст».
1-1.5 км болотар аз шаршара деҳаи Қалъанак-зодгоҳи падару бобоҳоям. Зодгоҳи падарӣ. Беихтиёр ин мисраъҳои Есенин (дар тарҷумаи Бозор) ба хотир мерасад.:
Хонадони падарӣ омадаам,
Деҳаро менигарам бетоб аст.
Тумани ҷингиламӯи хуршед,
Дар паси бому дари ӯ хоб аст.
Азбаски ин ҷо дар як рӯз мошин тақрибан намеояд ё кам меояд, базӯр роҳро ёфтем ва то Қалъанак расидем. Воқеан дар сангоби якхела шахс мисле, ки дар биёбон аст. Дар деҳи Қалъанак ҳамагӣ 2 буна бо 7-10 одам зиндагӣ мекунанд. Бунаи бобои Ғаффори 90-сола, - писарамаки падарам бо зану духтараш ва бунаи мулло Ҳомид, ки зимистон ҳам дар деҳа мемонад. Писаронашон аз ноҳияи Ҳамадонӣ меоянду як –ду ҳафта истода бармегарданд. Баъди бозсозии Горбачёв солҳои 90-ум дар гирду атрофи дара чандин хонаҳо сохта шуда, мардум зиёд барои зисту обод намудани ватани бобоӣ омаданд, вале шароити сахти кӯҳистон ва зимистони сард имкон надод, ки мардум ин ҷо истад. Ин ҷо асосан ҷои мавсимгузаронӣ – тобистонгузаронӣ аст. Мошин ин ҷо кам меояд ва аз деҳаи қариб беодам ду-се нафар бо дидани мошин ба пешвозамон баромаданд. Бобои Ғаффори 90-сола бо кампир ва духтараш дар хонае, ки солҳои баъдиҷанги (солҳои 1993-1995 бо кӯшиши амакам устои ҳунарманд Махдуми Исмон ва ҷавонмардони ин деҳ сохтаанд, зиндагӣ доранд. Воқеан аз фарзандони амакҳои марҳумам касе розӣ нашуд, ки дар Сари Хосор зиндагӣ кунад. Ҳамагӣ зиндагии шаҳронаро авлотар аз ин кӯҳсор донистанд. Фақат бобои Абдусамад-р ва бобои Ғаффор бо фарзандонашон аз ноҳ Ҳамадонӣ ба ин ҷо меоянду халос. Эшон он қадар аз дидани мо хурсанд шуданд, ки мехостанд гӯсфандеро қурбонӣ кунанд, ки мо нагузоштем, зеро рӯз бегоҳ мешуд ва бобои Зариф гуфт, ки шаб дар деҳи рӯ ба рӯи Қалъанак – Тавалғон меистем. Деҳи Қалъанак бо мақбара ё қадамҷои сохташудаи амакам – махдуми Исмон, бо гунбази хурди зебо ва чашмаи гирдаш сангчидашудаи Бобо, ки аз рӯи нақли бобои Ғаффор Домуллои Қалъанакӣ онро бо каромот дар пеши чашмаш баровардааст, машҳур аст. Мо нақли бобои Ғаффорро сабт намудем.
Домуллои Қалъанак
Бобои мо домуллои Қалъанак (бе пасванди -ӣ!) баъди тахмин 20 соли таҳсил ва хатми мадрасаи Мири Араби Бухоро соли 1929 (соли ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба зодгоҳ бармегардад. Ӯ бисёр шахси донишманд ва соҳибкаромот будааст. Мардуми Сари Хосор аз рӯи эҳтиром номи домуллоҳоро намегиранд. Онҳоро бо номи деҳаашон ёд мекунанд, мисли Махдуми Санги Кулула (яъне аз деҳаи Санги Кулула), Домуллои Дашти Ангора (яъне Домулло Саъдулло), Домуллои Пушти Боғ (яъне Домулло Сабз). Ҳамин тавр бобои моро, ки номаш Муҳаммадалӣ буд, низ Домуллои Қалъанак мегуфтанд. Домулло мехост дониши андӯхтаашро ба фарзандону ҳамшаҳриҳояш биомӯзад, вале репрессияи сталинӣ то Сари Хосор ҳам омад. Домулло дар қатори даҳҳо донишмандони дигар дар ғору пуштаҳо паноҳ бурданд. Ҳазорон ҷилд китобҳои чопи сангӣ – чопи Қуқанд (Когон) аз бими сӯзонидан дар ғору калфҳо ва зери шахҳои касмагузар пинҳон карда шуданд. Ин то солҳои ҶБВ давом кард. Шукр, ки мардуми соҳибэҳтироми Сари Хосор домуллоҳои худро нафурӯхтанд ва ба дасти Чекистҳо надоданд. Зеро ин мардум ҳеҷ вақт хиёнаткор набуд ва хоинонро чашми дидан надорад.
Сари Хосорро солҳои коллективонидани хоҷагии қишлоқ – соли 1950 пурра ба таҳдаштҳо – Кангурту Данғараву Кӯлобу Восеву Ҳамадониву Фархору панҷ кӯчониданд. Домулло бо аҳли хонаводааш ба хоҷагии ба номи Шаталов (ҳоло С. Зарифов), деҳаи Сиёв (ҳоло Саричашма) омада, ҳамин ҷо муқимӣ шуданд. Домулло соли 1952 дар ҳамин ҷо аз олам чашм пӯшида, дар қабристони Хуҷағоиби Кӯлоб мадфун аст.
Чашмаи Бобо
Акнун бармегардем ба чашмаи Бобо дар деҳаи Қалъанак мо фарзандон онро «чашмаи Бобо-м» ва дар вақти муроҷиат ба худиҳо онро «чашмаи Бобо-т» мегӯем. Масалан: «Аз чашмаи бобо-т об хӯрдӣ?» Дар болои ин чашма дар баданаи кӯҳ ояти 60-ум аз сураи Бақара бо хатти арабӣ навишта шудааст, ки тарҷумаашро ин ҷо меорем: Ва он вақт, ки Мӯсо барои қавми худ об хост, пас гуфтем: «Бо асои худ сангро бизан!» Пас, аз санг дувоздаҳ чашма равон шуд. Ҳар қавм обхӯрди худро бидонист. (Гуфтем:) Аз рӯзии Худо бихӯред ва биошомед ва дар замин табоҳикунон аз ҳад магузаред».
Дар паҳлуи чашма санги паҳни аҷибе мисли ҷойнамоз гузошта шудааст, ки домулло дар болои он бе гузоштани ягон матоъи дигар намоз мехондааст. Усто Махдуми Исмон гирди ин сангро бетон гирифта, навиштаҷотеро бо сабти соли таваллуд ва вафоти домулло дар болои мармар часпонидааст. Мо ҳам дар болои ин санги таърихӣ намози асрро хондем. Дар суфраи таги тут соате нишастем, хӯроки ин ҷо асосан гушти қайла аст, ки оварданд, хӯрдем ва бархостем, то торик нашуда, худро дар Тавалғон расонем. Бобои Ғаффор нақл кард, ки шабҳо хирс ва хукҳо ба поёни дара мефароянд. Воқеан, Сари Хосор ҷоест, ки ҳайвонҳои зиёде аз қабили гургу санҷобу самуру хирсу хуку рубоҳу шағол ва даҳҳо навъи хазандаву паранда дорад. Шояд будани инҳо аз он сабаб аст, ки ин ҷо одамон кам зиндагӣ мекунанд ва техникаву тараққиёт то ин ҷо ҳоло нарасидааст.
Соат ба вақти Қалъанак 19-15 дақиқа. Деҳаи болои Қалъанак Барманак ном дорад, ки деҳи Тавалғон дар рӯ ба рӯи ин ду деҳ афтодааст. Вақти боронҳои сел алоқаи байни ду тарафи соҳили Сурхоб канда мешавад. Баъди Барманак, Дарозпитов, Оби Чангон ва баъд Дашти Ангора - охири Сари Хосор аст. Баъди Дашти Ангора, мегӯянд, Тавилдара сар мешавад. Солҳои пеш аз инқилоб ин мардум бо ҳам дар рафтуомад ва додугирифт зиндагӣ мекарданд, ки коллективонидани сталинӣ онҳоро ба якборагӣ аз ҳам ҷудо кард. Уаз-469 моро то намози шом ба Тавалғон расонид.
Деҳи Тавалғон
Ягона сокини ин деҳа Соҳибназар – бародари бобои Зариф бо аҳлу оилааш ин ҷо тобистон мегузаронанд. Зимистон дар ин деҳа касе нест. Маънии Тавалғонро, ки ин ном асли суғдиву бохтарӣ дорад, муайян карда натавонистем. Дар деҳи Тавалғон як чанори бузурге аст, ки дар зераш суфаест. Бобои Зариф нақл кард, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба тамошои Шаршара омада, маҳз барои истироҳат ҳамин деҳа, зери ҳамин чинорро интихоб намудааст. Бобои Зариф бо як эҳсосот вохӯрии худро бо Ҷаноби олӣ нақл мекард, ки чӣ гуна Президент бо ӯ дар як табақ хӯрок хӯрдааст. Зеро онҳо замони Шӯравӣ ҳамкор (колега) будаанд ва замоне, ки бобои Зариф директори совхоз будааст бо ӯ шинос будааст. Бобои Зариф нақл кард, ки дар сохтмони масҷиди Шаҳидон Президент ба онҳо кӯмак намудааст. Пеш аз мо ду мошини дигар пур аз сайёҳон ин ҷо барои истироҳат омада буданд. Шаб борон борид, мо дар долони хона ҷогаҳ андохта, дар зери ширроси борон бароҳат хобидем, вале мешунидем, ки чи гуна меҳмонони дигар аз берун аз зери дарахтон давида ба хонаҳо медаромаданд, вале моро ба онҳо чӣ кор? Ин борони раҳмат аст, ки онҳо аз ӯ мегурезанд!
Соҳибназари меҳмоннавоз дар такудав буд. Ӯ ҳунарманд низ ҳаст. Дар хонааш дастгоҳи офтобии барқӣ доштааст, ки фурӯзонаки махсусе тамом шаб рушноӣ медод. Инчунин қуввагире барои захирадони телефонҳо фароҳам буд, ки ин моро хеле хурсанд кард. Ман, ки мавҷи телефонам кор намекард, вале дар он мусиқиҳо ва сурудҳои Ака Шариф Ҷӯраеву Одина Ҳошимро гоҳ-гоҳ монда, табъи ҳозиринро болида мегардонидам, аз ин дастгоҳи электрикии офтобӣ истифода намудам.
Саҳар то соати 10 дам гирифта, нияти баргаштан ба шаршараро намудем. Зеро шаршара ҷое нест, ки бо як бор дидан сер шавӣ. Ҳамин тавр бо роҳи омадаамон қафо баргаштем. Дар Шаршара имрӯз ҳам одамони зиёде омада буданд. Ин ҷо ҳеҷ гоҳ бе одам нест. Ҳамин тавр, дар зери шаршара то нисфирӯзӣ оббозӣ намуда, пешинро ин ҷо хондем.
Соат ба вақти Пушти Боғ 14-10 дақиқа. Ба роҳ баромадем ва омадем ба сероҳаи азими Сурхоб. Воқеан Сурхоб он қадар ин мавзеъро васеъ кардааст, ки ҳашмати ин ҳокимро ин ҷо ҳис мекунед. Тарафи чап роҳи Ховалинг тавассути деҳоти Рӯи Об ва ағбаи ҳавлноки Говкӯҳ, тарафи пеш роҳи Шайдон, дар паҳлуи чапи ин сероҳаи селраҳаи азим дар дараи зебое деҳи Аспирингон афтодааст.
Аспирингон – ҷои аспони хуталӣ
Мегӯянд замоне ин ҷо аспони хуталиро парвариш мекардаанд, ки Аспирингон аз ҳамин ҷо маънӣ мегирад. Ман тахмин 20 сол пеш ҳамроҳи ҳамсинфонам то Аспирингон омада будем ва дар назди чашмае истироҳат карда. Аммо ҳоло Аспирингон тамоман дигар гашта буд. Хонаҳо низ шаклан зебову хуштарҳ ба чашм мерасиданд. Дар Аспирингон хонаи хоҳари бобои Зариф будааст. Дар ин ҷо низ моро хуш пазироӣ намуданд. Ин ҷо 1-2 соат дам гирифта, ба тарафи Шайдон роҳро идома додем.
Ҷойномҳои зебо
Ҳамин тавр роҳравон аз Бобои Зариф номи ҳар деҳаеву ҳар дараеро мепурсидем. Он ҷо бо чунин ҷойномхо вохӯрдам: Дашти Ангора, Чангон ё Оби Чангон, Тавалғон, Дарозпитов, Барманак, Қалъанак, Пушти Боғ, Мулоконӣ, Гандара, Оби Гугирд, Дашти Ёқубӣ ё Дашти Шӯро, Мулкихо, Согунӣ, Дошмандӣ.... кӯшиш кардем аз болотарин нуктаи Сари Хосор бо тартиб номбар кунем. Дар ин миён дараҳои зиёде аз ду тараф мебароянд, ки ҳар яке номи соф тоҷикӣ ва таърихӣ доранд. Шояд номеро фаромӯш кардаам, ки соҳибватанон маро мебахшанд. Ҳар номе бозгӯкунандаи таъриху фарҳангу армони ин мардум аст- мегӯяд муҳаққиқ Ҷумъахон Алимӣ.
Бо вожаи Дашт дар Сари Хосор чунин ҷойномхо дида мешавад: Дашти Ангора, Дашти Ёқубӣ, ки солхои Шӯравӣ ба Дашти Шӯро табдили ном кард, Дашти Кълъко ва Даштаро, ки бо чанорҳои куҳанаш машхур аст. Азбаски Сари Хосор куҳистон аст, андак ҳамвориро дашт номидаанд, ки сабаби пайдоиши ин топонимҳо гаштааст.
Деҳаи Вераҳ – зодгоҳи Муфтӣ Зокир, ки дар замони Амир Олимхон қозии Бухоро буд. Бо як сухани ӯ амир андози заминро аз Сари Хосор бардошт. Яъне Сари Хосор дар замони Амир Олимхон аз андози замин озод буд. Зиҳӣ чуни фарзандони Ватан! Инро мо боре дар ҳафтавори «СССР» навишта будем ва аз табори эшон Саидмухтор Мирзоев дар пайи ин мақолаи «СССР» китоберо бо номи «Ситорае дар осмони Бухоро» навишта, номи ҷадди худро зинда карданд.
Ҳамин тариқ, то аср ба Шайдон расидем. Шаб дар Шаҳидон дар хонаи фарзанди бобои Зариф – Юсуф мондем. Юсуф, ки худаш шахсан мошини Газ-66 дорад, ваъда кард, ки саҳар моро то Балҷувон мерасонад. Чунин мизбонро аз куҷо меёбед: ҳам меҳмондориат кунанду ҳам роҳилаатро таъмин! Саҳари барвақт ҳамин тавр ҳам шуд. Дар муддати 2-2,5 соат ба Балҷувон омадем. Ин ҷо сафаргуфтори худро ба охир мерасонем, аз хонанда узр мепурсем, барои дарозии сухан. Охир, ин зодгоҳи бобоӣ, як гӯшаи Ватани маҳбубамон аст. Зикри ҳар санге, ҳар чашмае, ҳар номе барои мо ёдмоне аз таърихи гузаштагонамон аст. Саломат бошед!
Саъдӣ Маҳдӣ