Соли 1986 Кумитаи ҷавонони н.Колхозобод (ҳоло Ҷ.Балхӣ) мо-5 нафар ҷавонро ба курси кутоҳмуддати мактаби олии комсомол барои таҳсил фиристод. Дар вақти таҳсил мо худро аз ҷиҳати одобу фарҳанг мудом муаррифӣ мекардем. Дар як муддати кутоҳ маро сардори гуруҳ оид ба чорабиниҳои фарҳангӣ-адабӣ интихоб карданд. Ба тамошои ш.Маскав мебаромадем ва ҳар вақте пиронсолон вориди трамвай мешуданд, зуд аз ҷо хеста, ёрӣ мерасонидам. Онҳо бо изҳори сипос ба сару либосам чашм давонда мепурсиданд, ки аз кадом миллатам. Вақте бо виқор мегуфтам, ки «аз Тоҷикистон», харитаҳои дастиро бароварда, меҷустанд, ки дар ватани ман кадом миллатҳо истиқомат мекунанд. Харитаро нишон дода мегуфтам, ки кӯҳҳои баландтарини дунё дар Тоҷикистон-Помир аст. Онҳо ба калимаи Помир, нигариста мегуфтанд, ки «о, шумо аз Боми ҷаҳон (Крыша мира) ҳастед?». Фахр мекардем, Помир вилоятест дар Тоҷикистон. Боз суол мекарданд, ки оё ҳамаи тоҷикон чунин меҳрубону ғамхоранд? Бо фахр мегуфтам, ки бале!
Рӯзи дигараш ба тамошои Мавзолейи доҳии пролетариат В.И.Ленин рафтем. Дар вақти бо автобус сафар кардан бо донишҷӯёни Туркия ҳамсуҳбат шудем. Онҳо низ ба либоси миллии мо нигариста, саволборон мекарданд. Вақте фаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, яке бо ҳаяҷон пурсид, ки «пас Одина Ҳошимро мешиносӣ?». Ҷавоб додам, ки бале! Ӯ қисса кард, ки падараш сафир асту боре бо корҳои давлатӣ ба Тоҷикистон сафар карда, мухлиси Одина Ҳошим шуда, «пластинка»-ҳои ӯро ба Туркия, ба аҳли оилааш туҳфа бурдааст. Ва оилаи онҳо давоми 10 соли охир сурудҳои ӯро гӯш ва роҳат мекардаанд. Ҳатто донишҷӯи турк суруди «Ало, хамзада кокул…»-и О.Ҳошимро каме зам-зама ҳам кард. Дар охир гуфт, ки орзу дорад боре ба ватани Одина Ҳошим сафар кунаду либоси миллии ин мардумро, ки дар тани ман дида буд, ба модару хоҳараш туҳфа барад. Суроғаамро ба ӯ навишта, ваъда додам, ки агар меҳмон шавад, худам ба ӯ 2 куртаи миллии зебои тоҷикиро туҳфа мекунам ва бо бародаронам ӯро ба зодгоҳи Устоди санъати тоҷик, булбули машриқзамин Одина Ҳошим мебарам.
Аз ман бисёр хоҳиш мекард, ки дар бораи аҳли хонаводаи ин булбули Шарқ маълумот диҳам. Мутаассифона, он давра дар бораи О.Ҳошим ва аҳли аёли ӯ дар рӯзномаҳо чизе нахонда будам. Бисёр афсӯс хӯрда, бахшиш пурсидаму дар дил гуфтам, ҳамин ки ба Тоҷикистон баргаштам, аз ҳаёту фаъолияти ситораҳои машҳури давр-Одина Ҳошим, Зафар Нозим, Ҷӯрабеки Мурод… албатта маълумот дарёфт мекунам. Хушбахтона с.2004 ба Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи устод А.Бобоқулов ба кор омада, бо Фирдавс-набераи устод О.Ҳошим, ки дар курси 2-и шуъбаи «Сурудхонии анъанавӣ» таҳсил мекард, баъдтар бо устод З.Нозим ва бо писари хурдиаш-Қаландар, ки дар литсейи Коллеҷ мехонд, аз наздик шинос шудам.
Гавҳар Муродова,
муовини директори Коллеҷи санъати ш.Душанбе ба номи А.Бобоқулов