ХАБАРИ ДОҒ

Гурез Сафар. Мазори бешафоат

  • Чоршанбе, Окт 02 2019

 

(ин ашъор ба онҳое, ки ба худ мекашанд, дахл надоранд!)

 

Пайрави оина гашта, тӯтии гӯё шудӣ,

Дар нигоҳи аҳли маънӣ гӯйё доно шудӣ.

 

Қиссаи устураат з-устураҳо шуд кӯҳнатар,

Кӯҳна худ аз қиссаи устураҳо кайҳо шудӣ.

 

Нестӣ чун пештар дигар ба чашми мо азиз,

Ҳар замон бегонатар бар дидаи бино шудӣ.

 

Ҳамчу афғонбаччае дар соҳили Баҳри Кабуд,

Гушна будӣ, ногаҳон босарвату доро шудӣ.

 

Ҳар куҷо раҳбар шудӣ, пули калонро қап задӣ,

Соҳиби ҷоҳу ҷалолу қасри сарболо шудӣ.

 

Дӯстонро кай шиносӣ дигар аз бодавлатӣ,

Дар худат гум гаштаву аз кибр нопайдо шудӣ.

 

Ҳеҷ кас дар зиндагӣ дасти мадад аз ту надид,

Чун мазори бешафоат ҷой дар боло шудӣ.

 

Шеър дар занҷир

Дарди ман имрӯз бетадбир шуд,

Мурғи завқам бемадору пир шуд.

 

Бар ту гӯям, ҳокими мулки сухан,

Зиндагӣ аз кори ту дилгир шуд.

 

Не ба симо шеъри хуш, не дар садо,

Шеър бар ҷону дилам чун тир шуд.

 

Ҷои шеър устура хонанду шиор,

Шери шеърам пой дар занҷир шуд.

 

Завқи мардум он қадар коҳида гашт,

Ҳарфи Соиб пӯчу бетаъсир шуд.

 

Панди Ҳофиз гум шуду аз Мавлавӣ,

Саъдию Ҷомию Бедил қир шуд.

 

“Зинда боду зинда боду зинда бод!”,

Умри мо гӯё, ки бетақсир шуд.

 

Хоб дидам маҳфили бигзаштагон,

Лек хоби дида бетаъбир шуд.

 

Беғалат як байтро ҳам нашнавӣ,

Гӯши дил аз лаҳни нотиқ сер шуд.

 

Гӯиё ҷои биринҷ аз деги ош 

Рег моро ҷой дар кафгир шуд.

 

Шеърро бар тахти худ ору нишон,

Ҷони ман безор аз таҳрир шуд.

***

Курсии роҳбарӣ зуд дигар кард туро,

Аз раҳи одамият ребу бадар кард туро.

 

Яку якбора нагирад назарат моро ҳеҷ,

Дур аз ақлу тамизу зи назар кард туро.

 

Меҳр дар дил, ки каму ним будат, гум гардид,

Ҳамчу як сангдили даври қамар кард туро.

 

Дӯш устоди ту аз пушти дарат нолон рафт,

Ранги бетарбияи оқипадар кард туро.

 

Кор нею фақат андеша кунӣ фоидаро,

Як ҳарисе ба дами шому саҳар кард туро.

 

Ба идора хатари нестшавӣ омада пеш,

Нафси беохират аз аҳли хатар кард туро.

 

Саг суроғат накунад аз раҳи нафрат фардо,

Дӯсти беғараз имрӯз хабар кард туро.

 

Ту кистӣ, ман кистам

Эй ошнои нонӣ, ё ҷӯраи забонӣ,

Бӯе набурдаӣ ту аз дӯстии ҷонӣ. 

Беманфиат чу мондӣ, якбора канда гаштӣ,

Бенангият аён шуд аз нав ба зиндагонӣ.

                  Вақт аст, бемуҳобо, то бигзарем аз ҳам,

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Ғарқида дар ғурурӣ, дилмурдаеву кӯрӣ,

Андешаҳот ботил, аз кори хайр дурӣ.

Қаҳри туро чӣ  гӯям, заҳри туро чӣ гӯям,

Сӯи ҳаво фуки ту, гӯё ба мо зарурӣ.

                      Ҳаргиз намехӯрам ғам, ман бешам аз ту, не кам,         

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Аз хоки дигарӣ ту, аз хоки дигарам ман,

Як умр бо китобу бо килку дафтарам ман.

Аз суҳбати бузургон дарси адаб гирифта,

Қалбам макони меҳр аст, як меҳрпарварам ман. 

                  Нисфи ҷаҳон бидидам, ман мешиносам одам,  

                  Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

 

Дунёи ту дигар ҳаст, савдои ту дигар ҳаст,

Дар фикри ҷоҳу мансаб авзои ту дигар ҳаст.

Умрат ба ҳирсу бо оз бо ранҷ пушти сар шуд,

Чашмат гурусна бошад, пайдои ту дигар ҳаст.

                   Кардӣ хаёл, аз ғам пӯшам либоси мотам,

                   Ту кистӣ, ки мурдӣ, ман кистам, ки гирям?!

 

Рубоиҳо

Бо устурахонӣ нашавад мулк обод,

Бо устурахонӣ нашавад дилҳо шод.

Эй устурахон, устурахонӣ кам кун,

Бо устура аз дард нагардем озод.

***

Гаҳ устура аз Исфара мегӯяд ӯ,

Гаҳ устура аз Данғара мегӯяд ӯ.

Гӯё, ки ҷаҳони тозае ёфтааст,

Карда лабу рӯ якпара, мегӯяд ӯ.

***

Ҳар кас ба тариқи худ калонӣ дорад,

Бо хоҳиши хеш комронӣ дорад.

Зинҳор, ки дар кор муваффақ нашавем,

То Хоҷаи мо устурахонӣ дорад.

*** 

Сад дарду алам ба ҷисму ҷон афтодаст,

Дур аз тани ман тобу тавон афтодаст.

“Ман тарки китобу дафтарам хоҳам кард”,

То раҳбари мо устурахон афтодаст.

*** 

Бе азму ҳадаф ба зиндагонӣ айб аст,

Фориғ будан аз зӯри ҷавонӣ айб аст.

Эё Хоҷа, ба даври сохтмонҳои азим,

Инсоф бидеҳ, устурахонӣ айб аст.

*** 

Эй Шер, ба атроф назар кун ту, назар,

Аз қудрати худ гаҳе хабар кун ту, хабар.

Рӯбоҳ агар ёр шавад бо давлат,

Аз давлати рӯбоҳ ҳазар кун ту, ҳазар.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter