(Аз дафтари хотира)
Бо устод Низом Қосим дар дафтари кораш машварате доштем... Ҳама нима монд, чун ба меҳмонии устод, аввал нависанда Сайфи Раҳимзод омад ва пас аз даме, устоди суратгарӣ Олимпур дами дар буд. Ба устодон чой мерехтам, ки устод Раҳмони Остон омад ва андаке нагузашта, устод Мастон. Устод Остон аз кадом як суратгаре ва нақши гове қиссае намакин мекард, ки аз дар устод Бозор Собир даромад. Дуруд бифиристоду бо ханда гуфт:
-Агар касе бигӯяд, ки "обонкрот" чӣ мешавад, 1 байташ менависам, балки 1 соядаст ва китобамро армуғонаш мебарам.
Ҳама дар хаёл уфтоданд... Чун устод Бозор ҷавобе нагирифт, гаҳе, ки аз дар бурун мерафт, дигарбора бо ханда гуфт:
-Ин мардум на байт мехоҳанду на шоҳбайт! На сояву на соябасту на соядаст...
Банда пас аз ним соат бо устодон хайрухуш кардам. Дар дами дарвозаи ИНТ дубора бо устод Бозор сар задем, ки сигор равшан карда буд.
Гуфтам:
-Устод, "обонкрот"-ро фаҳмидед?
Хаёлӣ фармуданд:
-Барои байте лозим аст... валлоҳ, ки дар нӯги забонам буд, аммо...
Гуфтам:
-Устод, шояд "варшикаста" бошад.
Хеле хушҳол гашту гуфт:
-Нав сарат омад? Чаро он ҷой нагуфтӣ?
Гуфтам:
-Устодо, он ҷой устодон буданд... беҳурматӣ мешуд... шояд...
Ба китфам бо дасти муборак тап-тап заду гуфт:
-Офарин!
Ва бо хандаи ширине изофа фармуд:
-Пагоҳ барои китобат биё...
***
Омадам. Бароям навишт, дар муқоваи китоб:
Натавонӣ шудан ту Юсуфи Миср,
Метавонӣ ту гашт Юсуфи шеър!
Муҳаммадюсуфи Давронзод,
адиб