24.10.2019. Валӣ Самад-адабиётшиноси тоҷик, корманди собиқи Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи улуми Тоҷикистон дар синни 83 даргузашт.
Валӣ Самад 20.01.1936 дар деҳаи Ворухи н.Исфара ба дунё омада, с.1956 Омӯзишгоҳи педагогии Конибодом ва с.1961 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш.Хуҷандро хатм карда, нахуст ба ҳайси референти Ҷамъияти «Дониш»-и вилоят,сипас ба сифати муаллими донишгоҳи Хуҷанд фаъолият кардааст. С.1964 ба аспирантураи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе шомил шуда, курси асосиро дар шуъбаи робитаҳои адабии Институти адабиёти ба номи Низомии АИ Озарбойҷон гузаронид ва соли1976 дар мавзӯи «Масъалаҳои умдаи пайванди адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX»рисолаи номзадӣ дифоъ кард. Муаллифи 15 рисола ва 350 мақола дойир ба таърих ва паҳлуҳои гуногуни равобити адабии халқи тоҷик бо халқҳои русу озар, гурҷию арманӣ, туркману тотору ӯзбекмебошад.
Китобу рисолаҳои «Масъалаҳои асосии равобити адабии халқҳои тоҷику озар дар садаиXIX» (ба забони русӣ; Боку-Душанбе, 1975), «Пайвандҳои адабӣ–омили муҳимми рушди адабиёт» (1976), «Тӯшаи ҳамдилӣ» (1989), «Аз қаъри Хазар то авҷи Зуҳал» (1992), «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» дар Қафқоз» (Теҳрон, 2000), «Дурахши як ахтари сӯзон» (ҷ.1, 2001; ҷ.2, 2013), «Бозгашт ба Ироншаҳр» (Ереван, 2003; дар ҳаммуаллифии Вика Аракелян), «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва Чернишевский» (2004, 2005), «Меҳрнома» (бахшида ба ҷашни 80-умин солгарди зодрӯзи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ; Теҳрон 2007) аз беҳин дастовардаҳои илмию адабии Валӣ Самад буда, рисолаи охир сазовори Ҷоизаи ҷаҳонии «Китоби сол»-и ҶИ Эрон (2005) гардидааст. Ҳамчунин, китоби мазкур дар «Озмуни дувуми байналхалқии давлатҳои муштаракулманофеъ дар боби фарҳанги китоб (Маскав, 9 сентябри 2005) сазовори дипломи дараҷаи 3 гардида, соли 2012 ба хатти форсӣ дар Теҳрон чоп шуд.
Устод узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ (аз июли 1989), узви ифтихории Иттифоқи нависандагони Озарбойҷон (аз октябри 1993), узви ифтихории Ассотсиатсияи ховаршиносони Арманистон (аз марти 2003), узви раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон (аз марти 2003), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Рӯдакӣ» (Эрон, 2000) ва маҷаллаи «Адаб» (Тоҷикистон, 2001) мебошад. Аз с.1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.