Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон
Аз айёме, ки ба сари ин миллати соҳибтамаддун бегонагон тамаддуни худро зӯран бор кордаанд, норавшаниҳое дар таърихи калимаи ТОҶИК рух додааст, ки якеи он кам ба назар расидани номи ТОҶИК дар маъхазҳост. Яъне ҳоло ҳам вақт аст, ки олимони мо сари ин норавшаниҳо равшанӣ андозанд. Дар зер он чи, ки маро дар хусуси номи ТОҶИК дастрас шудааст, мухтасар пешкаши хонандагони гиромӣ мегардад:
1.Дар Эрон китобе ҳаст бо номи «Наврӯзнома», ки ба асри 4 милод тааллуқ дорад, бо забони паҳлавӣ. Онро олими барҷастаи эронӣ Содиқи Киё ба форсӣ багардонидааст. Аз ин китоб маълум мегардад, ки мафҳуми ТОҶИК аз асри 13 не, балки аз асри 4 мелодӣ маълум будааст. Он ривоят, ки Хисрави Парвиз-Шоҳаншоҳи давлати бузурги Сосонӣ - дар муҳити хонаводагӣ бо тоҷикӣ, дар муҳити дарбор бо паҳлавӣ ва дар ҷанг аз калимаҳои ҳарбии туркӣ истифода мекардааст, шояд бе асос набудааст.
2.Мо дар шимоли Эрон, наздик ба Арманистон давлате бо номи Тоҷикистон доштем. Вале имрӯз дар таърихи давлатдории тоҷикон аслан империяҳоро ном мебаранд, ки он аз давлати бузурги Ҳахоманишиҳо оғоз меёбад. Ҳол он ки дар ғарби Хитой, Ҳиндустон, шимоли Покистон давлатҳои тоҷикӣ мавҷуд буданд. Охирин чунин хонигарӣ с.1974 дар Покистон мавҷуд буд, ки онро Вахониён идора менамуданд.
3.Қаламрави забони тоҷикӣ аз Қунияи Туркия то Қошғари Чин, аз Қазон то Мумбайи Ҳиндустон тӯл мекашид (Империяи бузурги забони тоҷикӣ). Аз ҷумла, дар Шероз ва атрофи он ҳоло ҳам мардум худро тоҷик меноманд.
4.Дар замони Сомониён дар ин қаламрав халқиятҳои ӯзбек, қирғиз, туркман, қазоқ ба таври алоҳида давлат надоштанд, баъд низ… Баъди шикасти давлати Сомониён Империяи давлати Исломӣ ҳукмфармо буд, ки бо фарҳанги давлатдории тоҷикӣ давлатдорӣ мекард. Мисли имрӯзаи Эрон. Асоси аҳолиро низ тоҷикон ташкил медоданд. Аз ин рӯ, олими тоҷик муҳтарам Сайфулло Сафаров дуруст қайд мекунад, ки тоҷик ҳеҷ вақт бе давлат набуд.
Дар қаламрави Осиёи Миёна ва Хитой
5.Империяи бузурги Кӯшониён (ё Кирпан) ва Ҳайтолиён доштем. Империяҳои Ашкониён (Баъди ишғоли Искандари Мақдунӣ) Сосониён бо забони паҳлавӣ дар қисмати имрӯзаи Эрон вуҷуд доштанд, на Осиёи Миёна. Вале ҳамаашон давлатҳои ба якдигар ҳамзабон буданд. Дар асри 4 мелодӣ дар «Наврӯзнома» бо забони паҳлавӣ зикр шудани номи ТОҶИК гувоҳ ба он аст, ки ин миллати қадимии ин сарзамин аст.
Баъди марги Искандари Макдунӣ
6.Дар қисмати Осиёи Миёна баъди марги Искандари Макдунӣ давлати Юнону Бохтар (қариб 100 сол), Кушониён (3 аср) ва Ҳайтолиён, (қариб 2 аср) давлатдорӣ мекунанд, баъди давлати Ҳайтолиён давлатчаҳое ташкил меёбад, чун Бухоро, Хатлон, Самарқанд… Сабабаш шикасти давлати Ҳайтолиён аз ҷониби туркҳо буд. Ҳайтолиён давлате аз халқиятҳои тоҷики Хатлону Бадахшон, Афғонистон-Бохтари бузург будааст. Ҳамин давлатчаҳои баъди шикасти Ҳайтолиён ташкилёфтаро арабҳо ишғол мекунанд. Бо ҳамин империяи давлатҳои форсу тоҷик то ташкили давлати Сомониён барҳам мехӯрад, ҳарчанд муборизаҳо барои ташкили давлати ориёӣ ҳеҷ гоҳ қатъ намегарданд.
ТОҶИК. Дар аксари пажуҳишҳо «тоҷик» ба маънои яке аз қавмҳои ориёӣ ном бурда мешавад. Аз китоби олими Афғонистон «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи тоҷик» (с.2015) маълум мегардад, ки тоҷик қадимтарин бошандагони сарзамини Ориёист.
7.Аз сангнавишти бохтарии Яковаланг, дар Бомиёни Афғонистон баробар ба с.624 милодӣ, 392-и соли тақвими бохтарӣ, сангнавишт бо фармони Алхис, писари Хурос Хадевай Газон, ба муносибати интихобаш ба шоҳӣ ё пирӯзӣ дар шоҳӣ «подшоҳи турку тожик (тоҷик) навишта шудааст. Инро с.1966 духтури олмонӣ Петер Шутик кашф кардааст» ва ин ёдгорӣ дар Германия маҳфуз аст.
8.Сикаи як шоҳи Хуросон бо лақаби ифтихории «Қайсари Рум, Худои бузург, шоҳи тоҷикон» навишта шудааст.
9.Нусхаи хаттӣ ё бо забони монавии портӣ дар маҷмӯаи Турфон (мавзее дар Чин, ки аз он катибаҳои тоҷикӣ ёфт шудаанд) бо шумораи 339 мелодӣ дар Германия ҳифз мешавад, ки дар он «Ибораи забони тоҷикӣ» омадааст.
Маънои ин хабари маҳфуз дар Германия «Пар тожигона овон» бо забони тоҷикӣ гуфтан аст. Матни дар Германия маҳфуз буда чунин маъно доштааст, ки рӯҳониёни моънавӣ ҳангоми ибодат бо забони тоҷикӣ ниёиш мекунанд.
Шоири уйғур Юсуф Балосоғунӣ дар асараш «Кутадғу Билик» («Илми саодатбахш») с.1070 (асри Х1) навиштааст: «Чунин китобҳои арзишманд бо забони арабӣ ва тоҷикӣ бисёранд». Он чи ин ҷо оварда шуд, гувоҳ бар он аст, ки тоҷик аз халқҳои қадимтарини ин сарзамин аст. Аз диди мо он чи, ки бародари тоҷики мо аз Афғонистон Умеди Ҷайҳунӣ дар рӯзномаи «Тоҷикистон» (№40, 20.10.2019) дар бораи тоҷик гуфтааст, яъне «дар замоне, ки мо дар 1 кишвари воҳид зиндагӣ мекардем, эронӣ ва тоҷик 1 миллат буданд», дуруст аст ва имрӯз ҳам ба қавли шоир «Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст» (Б.Собир), он ҷо ки «Симурғи ориёни бузург ошёна дошт» (Ҳ.Ғ).
Аз ғурури тоҷикӣ
Саффориён баъди фатҳи Ҳироту Пушанг (с.867) бо забони тоҷикӣ давлатдорӣ мекунанд. Поягузори ин давлат Яъқуби Лайс дар ҷашни фатҳ ба шоирони тоҷики арабизабон мегӯяд: «Чизе, ки ман андар наёбам (намефаҳмам), чаро бояд гуфт?» Ва дар нома ба халифаи араб мегӯяд: «Диравши Ковиён (Алам-ул-Кобиён) ҳамроҳи ман аст ва умедворам, ки зери ливои он бар миллатҳо ҳукумат кунам» («Таърихи Сиистон»).
Номи тоҷик дар шеър
Аз Хуталон омадиҳ,
Ба рӯ табоҳ омадиҳ.
Овор боз омадиҳ,
Хашак низор омадиҳ.
(халқӣ)
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештари найзавару теғзан.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)
Рӯи тоҷиконаат бинмой то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад.
(Саъдӣ)
Соиле гуфт бо касе ба аҷаб,
Ба фалонат чи нисбату наздик.
Гуфт: - Ӯ турк буду ман тоҷик,
Лек дорем хешии наздик.
(Ҷомӣ)
Тоҷикему форсу афғон
Якдилу яклафзу як армон.
Бар алайҳи душманони хеш,
Се бародар яктану як кеш.
(Муаллифаш номаълум)
Як ҳамлаву як ҳамла, шаб омаду торикӣ,
Чустӣ куну туркӣ кун, на нармиву тоҷикӣ.
(Мавлонои Балхӣ)
Агар турк асту тоҷик аст, бад-ӯ ин банда наздик аст,
Ки ҷон бо тан, валекин тан набошад ҳеҷ мар ҷонро.
(Мавлонои Балхӣ)
Зи Чину Мочин якрӯя то лаби Ҷайҳун,
Зи турку тоҷик, аз Туркмону Ғузу Хазар.
(Унсурӣ)
Эй баста камар зи дуру наздик,
Бар хуни тамоми турку тоҷик.
(Ҳофиз)
Ту фитна кардию Тоҷику Турк муттаҳаманд,
Ки раҳ ба фитна кушоданд мулки султонро.
(Ҳоқонӣ)
Нигори турку тоҷикам кунад сад хона вайрона,
Бад-он мижгони тоҷиконаву чашмони туркона.
(Навоӣ)
Пеши ҳиндуи чашми хунрезат,
Гашта туркон забунтар аз тоҷик.
(Ҷомӣ)
Фитнаҷӯе ҳамлавар чун ишқ нест,
Дар миёни турку тоҷику араб.
(Муҳаммад Асирӣ Лоҳиҷӣ)
Турке ҳаме туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.
(Мавлонои Балхӣ)
Аз баҳри Худо, ки молики ҷавр
Чандон накунанд бар мамолик.
Шояд, ки бар подшаҳ бигӯед:
Турки ту бирехт хуни тоҷик.
(Саъдӣ)