ХАБАРИ ДОҒ

Иқболи Лоҳурӣ 142 сола шуд!!!

  • Чоршанбе, Нояб 27 2019

Сароғози гуфтор номи Худост,

Ки бахшандаю меҳрубон халқрост.

Аллома Муҳаммад  Иқболи Лоҳури 3-юми зулқаъдаи  соли 1294-и ҳиҷрӣ  мутобиқи 9-уми ноябри соли 1877-и мелоди  дар шаҳри Сиёлкути музофоти Панҷоби Ҳиндустон чашм ба олами ҳасти мекушояд. Гузаштагонаш аз бараҳманҳои Кашмир буда, тақрибан 250 сол пеш аз ин бобокалони ӯ бо сабабе зодгоҳи худро тарк намуда ба шаҳри Сиёлкути Панҷоб омада, дини исломро қабул менамояд. Худи Иқбол ишорае дорад.

Маро бингар, ки дар Ҳиндустон дигар намебинӣ,

Бараҳманзодае размошнои Руму Табрез аст.

Танам гиле зи хиёбони ҷаннати Кашмир,

Дил аз Ҳарими Ҳиҷозу наво зи Шероз аст.

Падари ӯ Нурмуҳаммад ном дошта, муътақиди эҷодиёти Саноӣ, Аттор, Буалии Қаландар, Бедил, Маҳмуди Шабистарӣ, Алии Ҳамадонӣ ва дигар шоирони тассавуф буда, бо вуҷуди шуғли тиҷорат, бештар вақти худро ба омухтани Ҳадис, Қуръон ва фиқҳ мегузаронд:

Писар, ки надорад нишони падар,

Ту бегона хонаш махонаш писар.

 

Туфуллият ва шубоб

Иқболи хурдсол дар синни 7 солагӣ Қуръони Каримро ҳифз менамояд. Пас аз ин мактаб ва мадрасаро дар Сиёлкут хонда ва бо муваффақият ба охир мерасонад. Дар ин давра таваҷуҳи адиб донишманди машҳури вақт Шамсулуламо Мавлавӣ Мир Ҳасанро ба худ ҷалб менамояд. Шайх чанд муддат ба тарбияи Иқбол машғул мешавад ва ӯро ба гуфтани шеър ташвиқ мекунад ва маслиҳат медиҳад, ки ба забони падараш панҷобӣ не, балки ба забони урду, ки дар он вақт инкишоф ёфта буд, асар офарад.

Ӯ баъди хатми мадрасаи ибтидоӣ ба мактаби илмҳои техникии Сиёлкут дохил шуда, онро бо баҳои аъло хатм мекунад. Аз рӯи қоида толибилме, ки мактаби аврупоиро бо баҳои аъло хатм мекард, 2 сол аз тарафи ҳукумат ёрдампулӣ мегирифт. Ин барои дар оянда таҳсилро дар Лоҳур давом додани Иқбол имкон дод. Иқбол соли 1896 ба мақсади соҳиби маълумоти олӣ шудан ба Лоҳур омада, ба коллеҷи давлатӣ дохил мешавад.

Асосан он солҳо шеърҳои ӯро Маликушуаро Доғи Деҳлавӣ ислоҳ мекард. Доғи Деҳлави пас аз чанд маротиба тасҳеҳ намудани ашъораш навиштааст, ки каломи шоир дигар ҳоҷат ба ислоҳ надорад. Доғи Деҳлавӣ чун Иқбол шуҳрати офоқ мешавад баъзе вақтҳо мегуфт: "Аввалҳо аксар ашъори Иқболро ман тасҳеҳ мекардам".

 

Синтези Шарқу Ғарб

Иқбол дар Лоҳур ба шарқшиноси маъруфи англис Томас Арнолд, соҳиби 2  асари аламшумул "Хилофат" ва "Мусалмонони Ҳиндустони Шимолӣ", ки дар Рум ва Оксфорд, ки солҳои 1899-1924 ба табъ расидаанд шинос мешавад. Томас аз истеъдоди фавқулодаи Иқбол пай бурда, ӯро ба омӯхтани фалсафаи Ғарбу Шарқ ташвиқ мекунад ва худаш бевосита ба ӯ роҳбарӣ мекунад. 

Иқбол соли 1899 донишкадаи олии Лоҳурро бо медали тилло хатм ва соли 1903 нахустин асари илми "Ал-Иқтисод"-ро ба чоп мерасонад ва унвони «магистри фалсафа»-ро соҳиб мегардад. Аввалин шеъри ӯ "Ҳимолой" соли 1901 аз ҷониби Шайх Абдулқодир ба табъ расида, Иқболро ҳамчун шоир ба мардум муаррифӣ мекунад:

Ховар ҳама монанди ғубори сари роҳест,

1 нолаи хомӯшу асарбохта оҳест.

Ҳар зарраи ин хоки гираҳхурда нигоҳест,

Аз Ҳинду Самарқанду Ироқу Ҳамадон хез.

Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез.

Ӯ дар Лондон ва Кембриҷ бо шарқшиносони машҳури анлис Броун, Николсон ва Теггерӣ шинос мешавад ва дарро ба Ғарб мекушояд. 

Хирад афзуд маро дарси ҳакимони фаранг,

Сина афрухт маро сӯҳбати соҳибназарон.

 

Мақсади Иқбол шоирӣ набуд

  Шоирӣ з-ин маснавӣ мақсуд нест,

Бутпарастӣ бутгарӣ мақсуд нест.

Ҳиндиям аз порсӣ бегонаям,

Моҳи нав бошам, тиҳӣ паймонаам.

Хусни андози баён аз ман маҷӯ,

Хонсору Исфаҳон аз ман маҷӯ.

Гарчи Ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтараст.

Дар «Паёми Машриқ"  аз Амонуллохон ва шоири шаҳири немис Гёте ёдоварӣ мекунад ва шахсияти Гётеро хеле боло мегузорад ва худро дар муқобили эшон муқоиса мегунад ва Гётеро мегӯяд:

Ӯ чаманзоде чаманпарвардае,

Ман дамидам аз замини мурдае.

Аз сухан сармоядорам кардаанд,

Дар диёри Ҳинд хорам кардаанд.

Баски гардун  сифлаю дунпарвар аст,

Вой бар марде, ки соҳибҷавҳар аст.

Боре президенти вақт Ҷавоҳирлол Неърӯ чанд қобча рупия равонаш мекунад. Шоир, ки ба паҳлу нишаста буд, ба ҳурмати меҳмонон аз ҷо хеста, бо эшон мулоқот мекунад ва мегуяд, ки ин рупияҳоро ба мардумоне, ки дар кӯчаҳои Ҳинд бемаскананду чизе надоранд, бурда тақсим кунед, ин моли эшон аст, ҳаққи эшон аст ва инҷо як шеър мегӯяд, ки бисёр нодир аст.

Нози Шоҳон намекашам, захми карам намехурам,

Дарнигари ҳавас фиреб, ҳиммати ин гадойро.

Пештар ба Миллали мутаҳид эътиқодаш бештар буд. Мегуяд ки:

Боди сабо ба Женева гузар кунӣ,

Ҳарфе зи мо ба маҷлиси ақвом бозгӯй,

Деҳқону кишту ҷую хиёбон фурухтанд,

Қавме фурухтанд, чи арзон фурухтанд.

Ва баъдҳо, ки дар ин идораҳои бонуфуз ҳам макру фандро исбот мекунад ба ақли хеш мегуяд: 

Дар Женево чист ғайри макру фанд,

Сайди ту ину он нахчири ман.

 

Нури аср

Дар ҳамон ҳолатҳо дар Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ ва Ҷавоҳирлол Неърӯ саркардаи ҳиндуён буданд ва сару саркардаи мусалмонон  Муҳаммадии Ҷиноҳ ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ буд. Одамро Муҳаммад Иқбол хеле боло мугузорад:

Даме дар хештан хилват гузидам,

Ҷаҳони нозаволе офаридам.

Баъдҳо ба фарзандони мусалмонон насиҳат мекунад ва мегуяд:

Афранг зи худ бехабарӣ кард вагарна,

Эй бандаи муъмин ту баширӣ, ту назирӣ.

Ва дар давраи дигаргунсозиҳои Арабистони Саудӣ чун медид, ки мактабҳои қуръон ва шаклҳои таҳсил иваз мешаванд, бо андӯҳ мегуфт:

Чи кофирона  қимори ҳаёт мебозӣ,

Ки бо замона бисозӣ ба худ намесозӣ.

Дигар ба мадрасаҳои ҳарам намебинам,

Дили Ҷунайду нигоҳи Ғаззолию Розӣ.

Ба ҳукми муфтии Аъзам, ки фитрати азалист,

Ба дин саъба назебад кори шаҳбозӣ.

Ҳамон фақеҳи азал гуфт ҷура шоҳинро,

Ки ба осмон гаравӣ ба замин напардозӣ.

Манам, ки тавба накардам зи фошгӯиҳо,

Зи биме, ки ба Султон кунанд ғаммозӣ.

Ба дасти мо на Самарқанду не Бухороест,

Дуо бигӯ зи фақирон ба турки Шерозӣ.

Ва Муҳаммад Иқболи Лоҳури ки дар арафаи ҷашни эшон истодаем марде буд мардона ва шахсе буд фарзона. Хизмате, ки дар рушди забони тоҷикии мо кардааст, на ҳар каси мо карда метавонем.

 

Ҳоҷӣ Исмоил Пирмуҳаммадзода

Хос барои СССР

Аз редаксия: Дар шумораҳои наздиктарин ба суолоти мазҳабиву уқдаҳои динии хонандагон, муаллифи фавқ посух хоҳад гуфт. Гӯшбақимор бошед, ки Мо Метавонем!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter