Тоир Раҷабов-номзади илмҳои физика ва математика мегӯяд, ки таълимоти Эйнштейн аз танқид холӣ нест. Ба андешаи ӯ ин таълимот илми физикаро ба роҳи нодуруст даровардааст ва физикаро ба мистика табдил додаст. Тоир Раҷабов дар илми физика назарияи хешро пешкаш намудааст ва мо тасмим гирифтем оиди ин назарияи олим бо эшон сӯҳбате анҷом диҳем.
.
- Алберт Эйнштейн яке аз маъруфтарин олимони физикдон дар замони мо шинохта шудаасту ӯ сазовори Ҷоизаи нобелӣ мебошад. Мавсуф дар илми ҷаҳонӣ мавқеи махсус дорад. Дар кадом асос назарияи ӯро зери шубҳа гирифтан мумкин аст?
- Якум ин ки, бузургон ҳам аз хатогӣ эмин нестанд. Назарияи геоцентрикии Птолемей, ки мувофики он Замин маркази олам ҳисобида мешуд, садсолаҳо дар доираи илм арзи вуҷуд карда буд, гарчанд ба пуррагӣ ҳақиқати илмиро инъикос намекард, яъне хатогӣ дошт. Дуюм ин ки, бо вуҷуди маъмулиаш, назарияи нисбияти Эйнштейн на ҳамаи олимони физикдонро қаноат кунонда метавонад. Нигоҳи танқидӣ нисбати назарияи нисбияти ӯ ҳанӯз дар давраи пайдоишаш ба миён омада буд. Зидди он чунин олимони машҳур ба монанди Ф.А. Ленард, У.Томсон - гирандагони Ҷоизаи Нобелӣ, А.К.Тимирязев ва дигарон муборизаи сахт бурдаанд, зеро ки он асоси мантиқӣ надошт ва барои ин назария, ки имрӯз хеле маъмул аст, Кумитаи нобелӣ додани ҷоизаро раво надидааст. Ҷоизаи нобелиро ба Эйнштейн барои назарияи фотоэффект дода буданд. Дар пешгуфтори китоби "100 муаллиф эидди Эйнштейн", ки соли 1931 дар Лейпсиг, дар нашриёти Фойгландер чоп шудааст, омадааст. "Дар таърихи мадании инсоният ин ягона ҳолате мебошад, ки кадом як назария тантанавор аз рӯи аҳамияташ баробар ба назарияи коперникӣ эълон карда мешавад, вале дар ҳолати ба реалият мувофик буданаш ҳам ҳеч гоҳ тасаввуроти моро оиди табиат ва олам тағйир дода наметавонад ва аз рӯи моҳияташ чунон мураккаб ва нофаҳмо аст, ки сабаби маъмулии он ҳам нофаҳмо мемонад".
Назарияи нисбияти А.Эйнштейн физикаро ба мистика табдил додааст. Чи хеле ки маълум аст, мистикаро халқи оддӣ хуб мепазирад. Дар ибтидо баромадҳои Эйнштейн бештар дар байни халқи оддӣ суръат мегирифт ва наклҳои ӯ аз диди халқи оддӣ хеле шавқовар ва ҷолиб буданд. Гуфтан лозим аст, ки барои таъмини эътирофи илмии ин назария гурӯҳҳои ғайриилмӣ кӯшишхои зиёд ба харҷ додаанд, баромадҳои ӯро бо маблағҳои лозимӣ таъмин мекардаанд.
- Оё бо забони оддӣ шубҳанок будани назарияи Эйнштейнро баён кардан мумкин аст?
- Албатта. Ҳама гап дар он, ки чунин баёнот на танҳо мумкин, балки асоси танқиди онро ташкил медиҳад. Масалан, шумо ҳеҷ гоҳ кабул карда наметавонед, ки бе мавҷудияти худи об мавҷи об вуҷуд дошта бошад, бе мавҷудияти ҳаво садо паҳн шуда тавонад ва ғайра. Вале, мутаассифона, дар физикаи муосир ба туфайли назарияи нисбият ҳамин тавр қабул шудааст. Баъди он, ки табиати мавҷии нури рушноӣ, ҳамчун мавҷи электромагнитӣ ошкор шуд, кулли олимони классикӣ мепиндоштанд, ки паҳншавии рӯшноӣ дар як муҳити махсус, ки онро эфир меномиданд, сурат мегирад. Вале таҷрибаи физикӣ эфирро ба ин намуд ошкор накард. Дар афкори физикӣ муаммои ҷиддӣ ба миён омад. Барои пешрафти афкори физикӣ пешниҳоди дигар – тамоман даст кашидан аз мафҳуми эфир дар чорчӯбаи назарияи махсуси нисбияти Эйнштейн пайдо шуд. Бо мурури замон физикаи расмӣ инро қабул намуд. Вале он роҳи хато буд ва дар тасаввуроти илмӣ нофаҳмиҳои зиёдро ворид намуд.
- Шумо кадом нофаҳмиҳоро дар назар доред?
- Назарияи нисбият эффектҳои ба ном релятивистиро дар илм ворид намуд. Тибқи он дар ҳаракатҳои ниҳоят тез - наздик ба суръати рӯшноӣ вақт, андоза ва массаи ҷисм дар системаҳои инерциалии гуногун ба таври гуногун, вобаста аз суръаташон тағйир меёбанд. Ин гуфтаҳо абстрактӣ буда, дорои зиддиятҳои мантиқӣ мебошад. Зиддияти вақтии назарияи нисбиятро дар илм «Муаммои экизакҳо» ном мебаранд. Мувофиқи он экизаки дар киштии кайҳонӣ, ки бо суръати наздик ба суръати рӯшноӣ ҳаракат мекунад, чойгир буда нисбати экизаки дар оромӣ қарор дошта хеле ҷавон мемонад. Агар бо соати заминӣ мӯҳлати 8 сол гузарад, дар системаи ҳаракаткунанда ҳамагӣ як моҳ мегузарад. Оиди масса бошад, мо тағйирёбии массаи ҷисмро ҳангоми ҳаракаташ ягон хел тасаввур карда наметовонем ва ғайра. Албатта, ҳамаи ин ба як афсона монандӣ дорад. Назарияи нисбият мафҳуми фазои чорченакаро дар илм ворид намуд. Мо фақат фазои сеченакаро тасаввур карда метавонем, чунки фазо фақат се ченак дорад.
Бо қабул шудани назарияи нисбият принсипҳои фалсафии детерминизм ва сабабият вайрон мешаванд. Чӣ қадар, ки шумо ин таълимотро ҷуқуртар фаҳмиданӣ шавед, ҳамон қадар нофаҳмотар гаштан мегирад.
- Дар мавзӯи мувофиқати таълимоти Эйнштейн ба амалия чӣ гуфта метавонед? То кадом дараҷа амалия таълимоти Эйнштейнро тасдиқ мекунад?
- Қариб ҳамаи пешгӯиҳои назарияи нисбият хаёлӣ ва шубҳаноканд, аз сабабҳои физикии ҳодисаҳо таълимот ҳеҷ чиз намегӯяд. Аз рӯи дигар тадқикоқҳо ҳамаи онҳоро ба тарзи дигар дар доираи мантиқ фаҳмонидан мумкин аст.
- Чӣ ҳоҷат ҳаст, ки мо имрӯз таълимоти Эйнштейнро танқид ва ё инкор кунем? Бе ин ҳам илми физика пеш рафта истодааст, ҳамарӯза мо ихтирооти нав ба навро дида истодаем.
- Дар ибтидои сӯҳбат ман таълимоти Птолемейро ёдрас шудам. Чӣ хеле, ки қайд кардем, ин таълимот садсолаҳо мавриди истифода қарор дошт. Бо истифода аз он низ натиҷаҳо мегирифтанд. Вале асос хато буд. Дар ҳолати мо ҳам ҳамин тавр аст. Асосро тағйир додан даркор. Нисбати пешравиҳои технологӣ бошад, физикаи амалӣ барои инкишоф имкониятҳои беохир дорад, вале дар назария қонун як бор кашф мешавад. Ба туфайли назарияи нисбият тасаввурот дар илми физика нест шудааст ва назарияи нисбият барои инкишофи тасаввуроти физикӣ монеаи сахт шудааст.
-Шумо таълимоти физикии худро доред ва онро физикаи гир-модели номидаед. Оё дар назарияи шумо барои эфир ҷой мавҷуд аст?
- Бале, мафҳуми эфир маҳаки ин таълимотро ташкил медиҳад. Мувофиқи ин таълимот эфир ба шакли махсус вуҷуд дорад ва тасаввуршаванда мебошад. Мавҷудияти он ҳам аз ҷиҳати мантиқӣ ва аз тариқи риёзӣ асоснок карда шудааст.
- Назарияи шумо зиёда аз 15 сол мешавад, ки пешниҳод шудааст. Нигоҳи олимон ба он чи гуна аст?
- Дар муҳокимаҳо ба корҳои ман касе муқобил намебарояд. Чанд мақолаи ман дар журнали хусусии илмии чопи Маскав «Спутник» чоп шудааст. Вале нашрияҳои илмии нуфузи баланд дошта мақолаҳое, ки ба назарияи Эйнштейн мухолиф мебошанд, ба чоп намегиранд. Ин масъала хеле доманадор мебошад. Дар ин бора гуфтан ҷоиз аст, ки Президиуми АИ СССР ҳанӯз аз соли 1964 қарори махсус қабул карда буд, ки мувофиқи он ҳаргуна кори илмие, ки мухолифи назарияи нисбият мебошад, дида баромада нашавад, чоп карда нашавад ва илми бардурӯғ (лженаука) ҳисобида шавад. Илова бар ин гуфтан лозим аст, ки олимоне, ки чунин корҳоро пешниҳод мекунанд, ба таври махсус саркӯб ҳам мешаванд. Ба ин мисол шуда метавонад як қисса аз саргузашти профессори МГУ Н.П.Кастерин.
Номбурда дар солҳои 20-уми асри гузашта роҳбарии Ҷамъияти физикони ба номи Лебедевро дар МГУ ба ӯҳда дошт. Бехабар аз мавҷудияти сиёсати махсус нисбати ҳимояи назарияи Эйнштейн ҷуръат мекунад, ки назарияи Эйнштейнро зери танқид гирад ва ба таври алтернативӣ таълимоти худашро пешкаш кунад. Ин боис мешавад, ки ӯ зери танқиди сахти олимони номдори ҳамон давра - А.Ф.Иоффе, Я.И.Френкель, Л.И.Мандельштам, Д.И.Блохинцев, М.А.Леонтович, Ю.Б.Румер, И.Е.Тамм, В.А.Фок ва дигарон қарор гирад. Бо пешниҳоди ин олимон профессор аз кӯмаке, ки илова ба нафақапулиаш мегирифт, маҳрум карда мешавад, мақоми худро аз даст медиҳад ва ҷамъияти физикон низ пароканда мегардад. Ман намедонам, профессор аз кардааш пушаймон шуд ё не. Лекин яқин аст, ки агар ба назарияи Эйнштейн мухолиф намебаромад, ин тавр саркӯб намешуд.
- Ташаккур барои сӯҳбат!
Ҷамила Ҳусейнова, СССР