Ҳафтаи равон дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Академияи Илмҳои Тоҷикистон муаррифии китоби олимони тоҷик М. Нарзиев ва Р.П. Чеботарев: “Зиҷи радиантҳо, суръатҳо, мадор ва масири атмосферии радиометеорҳои дар Тоҷикистон мушоҳида шуда” баргузор гардид, ки дар кори он олимон аз Институтҳои тадқиқотӣ-илмии Академияи илмҳо, устодону донишҷуёни кафедраи астрономияи Донишгоҳи миллӣ ва устодон аз Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ширкат намуданд.
Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистон маводҳои мушоҳидавии 8916 метеороидҳое, ки дар расадхонаи астрономии Ҳисор ҳамзамон аз рӯи Барномаи экспедитсияи метеории СССР дар ш.Могодишои Сомалӣ солҳои 1968-1969 мушоҳида шуда буданд, дар бар мегирад. Зиҷҳои радиометеорҳое, ки қаблан дар Англия (Джодрэл Бэнк), Канада (Оттава), США (Гарвард) ва дар СССР-дар Украина (Харков), РСФСР (Қазон, Обнински) рӯи кор омада буданд, дар бораи радианҳои метеороидҳое, ки асосан дар нимкурраи шимолии осмон ҷойгир шуда буданд, маълумот медоданд. Радиант гуфта нуқтаеро дар курраи осмон меноманд, ки аз он метеороидхо вориди атмосфераи Замин мешаванд. Маводҳое, ки Зиҷи фарогир аст, ҳам радиантҳои нимкурраи шимолӣ ва ҳам ҷанубиро дар бар гирифта, маълумотҳои қаблиро дар бораи моддаҳои метеороидӣ комилан пурра менамояд.
Зиҷ радиометеорҳои Тоҷикистон аз Зиҷҳои қаблан интишоршуда комилан фарқ мекунад, ки ба ин: якум, Зиҷи мазкур метеорҳои қадри ситорагиашон аз +5.5m дурахшон-тарро фарогир аст. Ин дар ҳолест, ки Зиҷҳои дар Оттава, Гарвард, Обнинск ва Харков қаблан нашршуда метеорҳои қадри ситорагиашон аз +5.5 то +13 – ро фарогир буданд.
Дуюм, хатогии ченкунии кунҷи зенитии радиант бо усули импулсӣ-ифраксионӣ, ки дар коркарди маводҳои мушоҳидавии Оттава, Гарвард, Обнинск ва Харков истифода шуда буданд, бо зиёд шудани кунҷи зенитӣ то 60-70° беш аз 2-3 маротиба зиёд шуда, зимни боз ҳам зиёдшавии кунҷи зенитӣ ба якборагӣ меафзояд, ки ин мантиқи истифодабарии чунин метеорҳоро аз байн мебарад. Хатогии ченкунии кунҷи зенитии радиант бо усули пеленгатсионӣ-вақтие, ки дар Тоҷикистон коркарду мавриди истифода қарор гирифт, аз қимати кунҷи зенитӣ вобаста нест.
Сеюм, радианту суръати метеорҳо дар расадхонаҳои дигар бо усули импулсӣ –дифраксионӣ чен карда шуда буданд. Аммо ин усул барои коркарди 15-25% метеорҳо истифода мешуду халос, ки ин ба сарфи назар шудани қисми зиёди метеорҳо оварда мерасонад. Усули пеленгатсион-вақтие, ки дар коркарди метеороидҳои Расадхонаи астрономии Ҳисор мавриди истифода қарор гирифт ин камбудиро аз байн мебарад.
Чорум, Зиҷи мазкур дар баробари радианту суръат ва мадори метеороидҳо бори аввал баландии нуқтаи аксхурии радиомавҷ ва чунин параметрҳои физикӣ ба монанди зиччии хатии электронӣ, қадри ситорагӣ ва массаи ҳар як метеорро фарогир аст.
Панҷум, параметҳои физикию динамикии метеороидҳои Зиҷ дар асоси натиҷаҳои муштараки радио-оптикӣ алоқаманд (калибровка) шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки натиҷаҳои бо усули радиолокатсионӣ ҳосил шуда, бо натиҷаҳои оптикӣ (фотографӣ, теле-визионӣ видеоӣ), ки дар расадхонаҳои дигар мушоҳида шудаанд, муқоиса карда шаванд.
Шашум, натиҷаҳои дар Зиҷ пешниҳодшуда имконият медиҳанд, ки метеороидҳои спорадикӣ, селҳо ва ассотсиятсияҳои шиҳобӣ (аз ҷумла радиантҳои нимкурраи ҷанубии осмон) таҳқиқ карда шаванд. Чунин имконият на дар ҳамаи дастгоҳҳои радиолокатсионии Расадхонаҳои дигар имконпазир аст.
Ва ахиран ҳафтум, муҳимияти Зиҷи радиометеорҳои Тоҷикистонро Иттиҳоди бай-налмилалии Астрономҳо ба назар гирифта, онро дар радифи мушоҳидаҳои фотографӣ ва видеоӣ дар сайти худ: https://www.astro.sk/~ne/IAUMDC/PhVR2018/ ҷойгир намуд.