13.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 17:00 дақиқа. Толори китобхонаи Маркази кӯдак ва наврасони ш. Душанбе. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи раҳбари ин даргоҳ-Комилҷон Холов, журналист ва ровии камназир, маҳфили муаррифӣ-презентатсияи китоби нави Ҳунарманди аршад ва саршиноси миллат-Ҷамшед Исмоилов, бо унвонии «Истиқлоли Ватан» баргузор гардид.
Китоби мазбур, ки дар ҶСП «Ганҷ нашриёт» ба дасти чоп расид, 50 суруди Ҷамшедро бо матн ва нота-адворбандияш фароҳам дар бар гирифта, дар олами мусиқаи миллӣ камназир аст. Зеро кам дидаем, ки ҳунармандон суруду таронаҳои хешро адворбандӣ кардаву нашр сохта бошанд. Мутаассуф, аксарияти ромишгарон такя бар хотираи радиову телевизион доранд, вале мо шоҳидем, ки бо сабабҳои усуливу аслӣ ва табииву солзадагӣ суруду таронаи ишон гум мешаванд. Фарзи мисол, аз Акашариф Ҷӯраеву Одина Ҳошим, Зафар Нозиму Маъруфхоҷа Баҳодуров ва ғ. ва ҳ. кам суруду тарона боқӣ мондааст. Яъне нашри «Истиқлоли Ватан»-и Исмоилов паёме бар сарояндагони саршинос аст, ки ба бӯи диску флешу интернету радиову телевизион нашуда, таронаҳошонро адворбандӣ кунанд. Зеро китоби адвор барои абадият аст!
Дар маҳфил, ки садраш профессор Иброҳим Усмонов буд, ҳунармандони аршади санъати мусиқаи миллӣ-Файзалӣ Ҳасан, Давлатманд Холов, Ҳаётой Муъминова, Дона Баҳром, Фурқат Саид, Ҷумъахон Исмоилов, Толиб Бобоев, Сӯҳроб Мирзоев, шоири тавоно-Гулназар Келдӣ, журналистон Ҷонибек Асрориён, С. Мизроб ва даҳҳо тани дигар ширкат ва суханронӣ намуданд.
Минҷумла сардабири газетаи мардумии СССР дар суханронияш изҳори нороҳатӣ кард, ки мутаассуф имрӯз сурудҳои ватанпарастӣ, миллатдӯстдорӣ, давлатсипосӣ ва таронаҳои бахшида ба Сарвари Давлатро нафароне низ месароянд, ки тавон, ҳунар ва масъулияти онро надоранд. Ӯ гуфт:
-Ҷамшед Исмоил вақте суруди «Ӯ ҷони миллат аст!»-ро мехонад, вуҷуди касро ифтихор фаро мегирад. Вале чигуна шуда, ки имрӯз нафаре таронаи кӯчагии бемаъниву бе мантиқ мехонаду пагоҳ даъват ба ватанпарастӣ менамояд? Мардум ин ҳамаро мебинаду медонад ва дар чашми халқ патриотизм ва давлатпарастӣ ба 1 манзараи танз ва хандахариш мубаддал мегардад. Шумо дидаед, ки фарзи мисол, Алла Пугачёва ё Филипп Киркоров таронаҳои патриотӣ ва ватанпарастӣ хонанд? Не! Пас, чаро дар мо ҳар сакалтуву бодоварда ҳатман суруди ватанпарастӣ мехонанд? Вазорати фарҳанг, Иттифоқи композиторон, Кумитаи Радиову Телевизион бояд сари ин масъала умқан биандешанд ва садди роҳи ин раванд шаванд, ки оқибати нек надорад!
Пешниҳоди фавқро аксарияти кулли ҳозирин дастгирӣ намуданд.
Дар охири маҳфил устоди устодони санъати миллӣ ва асосгузори «Сабки пойтахт»-Ҷамшед Исмоилов бо шогирдонаш табъи ҳозиринро хуш ва чанд суруд-шлягери хешро тақдими аҳли маҳфил карданд. Мо Метавонем!
М. Мубориз
СССР