Холмурод Сафарзода, Узви ИЖТ, ш.Панҷакент занг зада гуфт, солиёни 90-ум дар дабистонҳо омӯзгорон қатор-қатор намоз мехонданд... О бародар ҷойи намозхонӣ масҷид аст, ки меҳроб дорад, аммо он солҳо ба гӯши фанатҳо ин ҳарфҳо намефорид. Чи шуду чӣ монд, шояд айби замон аст, ки шоиру нависандагон аз мардум дур шуданд, охир мо донишҷуёни солҳои 70-ум ба дидори Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Мирсаид Миршакар, Убайд Раҷаб, Ашур Сафар, Ғаффор Мирзо, Муъминшоҳ, Гулрухсор, Лоиқ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва Бозор Собир мебаромадем, дар маъракае, ҷашнворае, зодрӯзе эшон бошанд шодмонӣ мекардем, пеши хонаи маорифи сиёсӣ (он вақт аксари чорабиниҳо инҷо мегузашт) соатҳо меистодем, то симои устодонро бинем. Имрӯз касе парвои шоиру адибро надорад. Ҳама боз рӯ ҷониби масҷид. Соли 90-ро такрор мекунем-чӣ?