ХАБАРИ ДОҒ

Амнияти иттиллоотӣ дар дасти кист?

  • Панҷшанбе, Янв 23 2020

   

Новобаста аз ҳисоботҳои ҶСК «Телерадиоком» дар бораи насби фиристандаҳои рақамӣ ва таҷҳизоти муосири мавҷзананда дар миқёси мамлакат, боз ҳам дастрасӣ ба ТВ-ҳои марказӣ мушкилзо мегардаду сокинони бархе аз минтақаҳои кишвар аз тамошои шабакаҳои давлатӣ маҳрум шуда истодаанд.

Мухлисони газетаи мардумии СССР дар бораи дастрасӣ надоштан ба шабакаҳои телевизионии давлатии мамлакат хеле зиёд мегӯянду менависанд. Алалхусус, сокинони ноҳияҳои наздимарзии кишвар бо ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Афғонистон на як бору ду бор дар бораи қадам ба қадам ғасб шудани мавҷҳои шабакаҳои телевизионии тоҷик аз ҷониби фиристандаҳои телерадиокоммуникатсионии ин давлатҳо ҳушдор медиҳанд.

«Том ва Ҷеррӣ»-и қирғизиву «мутар»-и афғонӣ…

    Чанде пеш яке аз хонандагон ва муаллифони доимии газета аз ш.Истаравшан Маннон Махсумов дар робита ба гум шудани ТВ-ҳои ватанӣ дар каналҳои ин шаҳр ва ба ҷойи каналҳои тоҷикӣ пайдо шудани каналҳои ТВ ӯзбекӣ изҳори нигаронӣ кард. Ба ғайр аз эшон, боз чанд тан аз муаллифони ҳамешагии газетаи СССР аз ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт, Зафаробод, Исфара, Мастчоҳ, Панҷакент, Турсунзода, Шаҳритуз, Фархор, Панҷ, Дарвоз, Ишкошим ва Мурғоб низ занг зада аз дастрасӣ надоштан ба шабакаҳои телевизионии ватанӣ шикоят карда, менавиштанд, ки мавҷ ҳаст, аммо тез-тез гум шуда, ба ҷойи онҳо каналҳои ӯзбекиву қирғизӣ ва афғонӣ пайдо шуда, пахшашон тоза ва бидуни ягон нуқсони техникист. Ва ин рӯзи аввал нест! Вазъият ба ҳадде расидааст, ки кӯдакон дар ҷамоятҳои н.Б.Ғафуров филми тасвирии «Том ва Ҷеррӣ»-ро алакай бо забони қирғизӣ аз худ кардаанду мардуми бархе аз деҳаҳои наздимарзии Фархор, ки мухлиси сериалҳои афғонианд, мошинро «мутар» мегуфтагӣ шудаанд.

   Холо мо Мурғобу Ашту Исфараву Панҷакентро 1 сӯ мегузорем, дар бархе аз деҳаҳои ш.Турсунзода, ки аз пойтахт ҳамагӣ дар масофаи 40 дақиқа воқеъ аст, дар бораи каналҳои телевизионии тоҷик умуман тасаввурот надоранд-чун ТВ тоҷикӣ намебинанд! Аз он ҷумла дар деҳаи дурдасти Шулум, ки шабакаҳои телевизионии ӯзбекӣ минтақаро пурра фарогир шудаву ман шахсан худам соли гузашта зимни сафар ба ин деҳа шоҳиди он гашта будам. 

   Хуллоса, новобаста аз ҳисоботҳои хушбинкунандаи ҶСК «Телерадиоком» дар бораи насби фиристандаҳои рақамӣ ва таҷҳизоти муосири мавҷзананда дар миқёси мамлакат, боз ҳам дастрасӣ ба шабакаҳои ТВ тоҷикӣ мушкилзо мегардаду сокинони минтақаҳои дар боло зикршуда аз тамошои шабакаҳои давлатии кишвар бо тадриҷ маҳрум шуда истодаанд.

«Телерадиоком», АЛЛЛООО!?

    Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала ва огоҳ шудан аз вазъи воқеӣ мо тасмим гирифтем бо раҳбарияти ҶСК «Телерадиоком», ки таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар бахши ТВ ва радио вазифаи ҷониашон аст, сӯҳбат намоем. Номаи мухбирони редаксияи Газетаи мардумии СССР ба унвони ин ниҳод ким-кай, 27.12.2019 равона шуд, вале аз ин Кумита на пай ҳасту на Ҳайдар. 

   Тавре ба мо дар шуъбаи умумии Кумитаи РТВ рӯзи 9.01.2020 хабар доданд, номаи мо пеш аз фарорасии соли нави милодӣ ба унвони директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов ирсол гаштааст, вале бо гузашти 15 рӯз мо аз ин ҷамъият натавонистем на хабаре бигирем ва на ҷавобе.  Ҳоло он, ки тибқи Фармони Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон таҳти №622 шахсони мансабдор бояд дар муддати 3 рӯзи расидани номаву дархост вокуниш нишон дода, посух бигӯянд. Идораи ин ҷамъиятро низ натавонистем пайдо кунем-ба тозагӣ ба макони нав кӯчидаанд…

   Пас аз зангҳои пайдарпай мо тавонистем бо яке аз муовинони Хуршед Ҳабибов сӯҳбати телефонӣ намуда, суолҳои редаксия ва хонандагонро вобаста ба таъмини амнияти иттиллоотӣ ба мавсуф тариқи почтаи электронӣ фиристем. Зимни сӯҳбат таъкид ҳам намудем, ки дар сурати дастрас нашудани посух мо ҳатман тариқи рӯзнома ба Хуршед Ҳабибов муроҷиат хоҳем кард. Боз ҳам бо гузашти 3 рӯзи корӣ на ҷавобе шуд ва на вокунише. Ҳоло аз номи хонандагон ба таври расмӣ ба директори ҶСК «Телерадиоком» Хуршед Ҳабибов муроҷиат намуда, хостори онем, ки эшон ба суолҳои мо ҳарчӣ зудтар посухи расмӣ бигӯянд.

 

1.Лутфан бигӯед, ки идораи нави шумо дар куҷо ҷойгир аст ва таҷҳизоти ҶСК «Телерадиоком», ки дар бинои қаблии корхона дар маркази шаҳр қарор дошт, ҳоло дар куҷост? Аз рӯи овозаҳо бо сабаби набудани ҷойи муайян қисме аз таҷҳизот дар ҳудуди н.Рӯдакӣ ва бархе дар ҳудуди ш.Ҳисор дар анбор хобанд, оё ин овозаҳо асос доранд?

2. Дар тӯли соли 2019 чӣ қадар фиристандаҳои рақамии муосир насб карда шуданд ва дар кадом минтақаҳо? Дар умум, корхонаи шумо барои таъмини амнияти иттиллотии мамлакат чӣ тадбирҳои ҷиддиро анҷом додааст? 

3.Сокинони деҳоти дурманзари бархе аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ-Истаравшан, Мастчоҳ, Ашт, Зафаробод, Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Фархор, Б.Ғафуров аз он шикоят мекунанд, ки шабакаҳои ӯзбекиву қирғизиву афғонӣ ҷойи шабакаҳои тоҷикиро танг намуда, ғасб карда истодаанд. Шарҳи шумо дар ин маврид…

4.Ва дар охир: имрӯз тамоми шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии тоҷик бо таҷҳизоти наву муосир фаъолият намуда ба пахши рақамӣ гузаштаанд. Бо дарназардошти тамоми ин имконият оё гузаронидани «Рӯзи профилактика»-ҳар ҳафта рӯзи душанбе дуруст аст? 

Интизори посухи расмии шумо ба суолоти хонандагони Газетаи мардумии СССР ҳастем. Мо метавонем!

 

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter