Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзҳои «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.
Бояд гуфт, ки рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рақамҳои «1991-2021» бо рангҳои зарҳалӣ навишта шудааст.
Дар қисми марказӣ рақами 30 бо ҳошияи зарҳалӣ бо истифода аз рангҳои парчами миллӣ ва дар қисми болои рақам яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон-тоҷ дар заминаи кӯҳҳои пурбарф ҷой дода шудааст. Қисми поёни рақам ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҶТдар бар гирифта, бо тасвири роҳи сеқабата, агрегати НБО, обпарто ва нақб-ифодагари дастовардҳои назарраси кишвар мебошанд. Дар қисми мобайнӣ дарахтони сарсабз, дашту пуштаҳо ва боғҳо нишонае аз рушди деҳот буда, баёнгари табиати биҳиштосои кишвар маҳсуб меёбад.
Тоҷ, рақами 30, осмони соф ва кӯҳҳо аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол дарак медиҳанд.
Гирдогирди рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» бошад 3 хати доирашакли сурх, сафед ва сабз фаро гирифтааст, ки таҷассумгари Парчами давлатӣ маҳсуб меёбанд. Инчунин, 2 хати иловагии доирашакли кабудранг ва ҳафт ситора низ рамзҳои миллиро ифода мекунанд. Дар гирди рамз бо забонҳои тоҷикиву англисӣ «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021» навишта шудааст. Дар маркази доира ҷузъиёти асосии рамз-кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Тоҷикистон, офтоби оламоро, манзараҳои зебои ҳаёти деҳот, роҳу нақбҳо ва сайёҳ чун нишонаи рушди сайёҳӣ, рубоб, кӯза ва анору ангур ҳамчун рамзи кишоварзӣ ҷой дода шудааст, ки таҷассумкунандаи макони меваҳои шаҳдбор будани диёри зебоманзари Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, мусаввараҳо бо нақшу нигорҳои миллӣ оро дода шудааст, ки идомаи ҳунарҳои мардумӣ мебошанд. Дар маҷмӯъ, рамзи мазкур чор ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакатро бо тасвир кардани дарғот, нақб, роҳ ва меваҷот ифода мекунад.