ХАБАРИ ДОҒ

Барои дигарон бояд шукуфтан

  • Чоршанбе, Апр 08 2020

Ба гулзори ҳаёт аз баҳри худ не,

Барои дигарон бояд шукуфтан.

Боиси дастгирист, ки имрӯзҳо нафарони дилогоҳу қадршинос ва дилсӯз ба монанди рӯзноманигорони барҷаста, сардабири рӯзномаи мардумии «СССР» Сайёфи Мизроб, Ҷамила Ҳусейнова ва собиқадори меҳнат, нафақахӯр аз ш.Истаравшани вилояти Суғд Наби Ҷумъа ҳастанд, вуҷуд доранд, ки номи аз ёд рафтаи  бонуи меҳнатқарин, собиқадори меҳнат, собиқ калобарес ва бофандаи номиву машҳури Иттиҳодияи «Тоҷикатлас»-и ба номи 60-солагии СССР-и ш.Душанбе пири барнодил Аҳмадова Бозоройро дубора вирди забонҳо оварда, аз фаромӯшӣ агар гӯем хато намекунем, эҳё ва зинда гардониданд. Зиҳӣ ба ҳамаи шумоён! Зиҳӣ, марди бовиқору баномуси миллати тоҷик, қаламкаши номӣ Сайёфи Мизроб ва рӯзномаи дардошнои мо «СССР» барои чунин иқдомҳои инсонпарваронаву ҷавонмардонаву наҷибатон баҳри ёдоварӣ ва қадрдонӣ аз собиқадорони ҷангу меҳнати кишвар воқеан рӯзномаи «СССР»-ҳамдарду ҳамдам ва дардошнои дили ҳамаи мост. «СССР»- мурдаву зиндаи моро соҳибӣ намуда, пайваста аз бузургони мо, собиқадорони ҷангу меҳнат, зиёиёну аҳли илму адаб ва ҳунари мо ёдоварӣ менамоянд. Ман бисёртар аз заҳматкаши роҳи матбуоти тоҷик, паҳнкунандаи рӯзномаи «СССР», модари матбуоти тоҷик ва «Ҷавонони Тоҷикистон» апаи азизу меҳрубони ҳамагон Гулчеҳра Фозилова, ки имрӯзҳо дар остонаи ҳафтодумин солгарди баҳори нозанини умрашаон қарор доранд. Миннатпазирам ва сипосмандам барои ташвиқу тарғиботи чунин рӯзномаи ҷолибу хонданибоб «СССР»-и ба ҷону дил баробари мо ногуфта намонад, ки Гулчеҳра Фозилова-Гули шукуфони саҳарии «Шарқи озод» аст, ки бо накҳати хушу бӯйи атрноку мушки хутанаш ҳар бомдодии рӯзи панҷшанбе ба ҳар яки хонандагони боинтизори рӯзномаи «СССР» пайки хушу шодмониро мерасонад, худ низ собиқадори меҳнат, собиқадори  матбуоти тоҷик мебошад. Хонандаи закии рӯзномаи «СССР» ҳар рӯзи панҷшанбе бо интизориҳои зиёд шабро саҳар карда, пазмони бӯйи хушу насими тозаи саҳифаҳои дилошӯби рӯзномаи «СССР» мебошанд. 

 

Ҳамдиёри Сотим Улуғзодаву Мутеъулло Наҷмиддин

Боиси хушнудӣ ва сарафрозии мост, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо чунин инсонҳои дарёдил ба монанди Бозорой  Аҳмадова арзи вуҷуд менамоянд. Онҳо худ қомуси зиндаи ҳаёти имрӯзу фардои моянд. Бозорой Аҳмадова аз зумраи он занонест, ки бо меҳнати пурбаракату софдилонаи хеш ба дили инсонҳои дилоҷӯ қадршиноси зиёде роҳ ёфтаву сазовори эҳтироми ҳамагон гардидаанд. Саҳифаҳои таърихи  ҳафтодсолаи давлати Шӯравиро боз як бори дигар варақгардонӣ намуда, аз кору пайкори бонувони меҳнатқаринамон чун Бозорой Аҳмадова  ошно мегардем ва мебинем, ки  чи  хел як бонуи оддие, зодаи деҳаи Варзики Чусти водии Фарғона ба Душанбе  дили Тоҷикистони Шӯравии ҳамон замон солҳои 60-70-уми асри гузашта омада, дар коргоҳи  Иттиҳодияи  «Тоҷикатлас» кору фаъолият намуда, бо пешқадамӣ ва меҳнати ҳалол ном бароварда, машҳури ҷумҳурӣ гардид.

Аҳмадова Бозорой 5 майи соли 1936 мувофиқи ҳуҷҷатҳояш (дар асл соли 1934) дар деҳаи Варзики Чусти Фарғона таваллуд ёфтааст. Ӯ аз ҳамдиёрони нависандагони барҷастаи халқи тоҷик Сотим Улуғзода ва Мутеъулло Наҷмиддинов мебошад. Дар бораи  Бозорой Аҳмадова дар китоби Қурбон Мадалиев «Улуғзода ва ҳамдиёрони ӯ» Душанбе, соли 2016 нашриёти «Русская литература» ва китоби «Занони Тоҷикистон»-и профссор Роҳат Набиева, Душанбе соли 1986, нашриёти «Ирфон» маълумотҳо додаанд. 

 

Бофандаи номӣ, вале бе унвон…

Аҳмадова Бозорой-ин ҳамон бонуи меҳнатқарин мебошад, ки дар мусобиқаҳои сотсиалистӣ дар панҷсолаи ёздаҳум (солҳои 1981-1985) ташаббус нишон дода, дар зарфи панҷсола се нақшаро иҷро карда, бо сари баланд бо номи калобареси номӣ, бофандаи варзида ва мураббии хизматнишондодаи ҷумҳурӣ ном баровард. Хизматҳои бошарафи ӯро давлат ва ҳукумати Шӯравӣ бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Ленин» ва медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ кардааст. Бозорой Аҳмадова аллакай соли 1989 нақшаи соли 1990-ро барзиёд иҷро намуда буд. Аз ин боис, ӯро борҳо ба унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ» пешниҳод намуданд, вале бо сабабҳои номаълум ва баъзе оинҳо натавонист соҳиби ин унвон бигардад. 

Ҳамин тавр ин қаҳрамонзани бошараф ва меҳнатқарин вале бе унвон солҳо зиста, дар дили халқаш ҷо гирифт. Одатан агар бигирем унвони «Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ”-ро давлат, ҳукумат ва ҳизб ба нафароне сарфароз мекард, ки ба халқу давлат хизмати софдилона намудаанд, вале беҳтар аз ҳама болотар аз ҳама унвонҳо ин маҳбуби халқу диёр будан аст. Унвони беҳтарин ин одаму одамгарӣ мебошад, вақте, ки халқат туро дӯст медоранд, туро ҳурмату иззат менамоянд, туро наслҳои ........... ҷустуҷӯ менамоянд. Ин аст рисолати зиндагӣ. Устоди санъати тоҷик, пири ҳунари тоҷик Шариф Ҷӯраев на он қадар унвонҳои баланди давлатӣ доштанд, вале халқаш миллаташ ӯро бо унвони Акашариф солҳо ёд мекунанд. Шоир, устод Боқӣ Раҳимзодаро низ халқ бо унвонҳояш ёд намекунад, балки ҳамчун муаллим шоири халқ, инсони шариф ёд мекунанд. Таърих ҳазорон нафаронеро медонад, ки унвонҳои баланди «Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ», «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ», «Артистони халқии СССР» ва ғайраро соҳиб буданд, вале аз хотири халқ тез фаромӯш гардида, ба фаромӯшхонаи таърих рафтаанд.

Бозорой Аҳмадова бошад аз ёди халқ ҳеҷ гоҳ намеравад. Ӯ барои халқу миллаташ, барои Ватану диёраш, барои ёру дӯстон пайвандон, фарзандону наберагонаш то абад азизу муҳтарам мебошад, зеро меҳнати ҳалолаш  ин шарафу номус ва унвони ӯст. Шоири тавонои классики тоҷик Сайидои Насафӣ бисёр хуб гуфтааст:

Сарбаландони ҷаҳонро номи эҳсон асту бас,

Сарвро дар бӯстон қадди намоён  асту бас.

Аҳмадова Бозорой дар синни мубораки 85 дар ҳалқаи фарзандон, наберагон дар к.Гулшан-хонаи 130 воқеъ дар ноҳияи Сино умр ба сар мебарад. Имрӯзҳо ӯ каме саломатияшро аз даст дода, парешонхотир аст. Лекин дар ёди ҳамаи мо ҳамон 1 зани хушсалиқаву зебо, меҳнатқарину қаҳрамон хоҳад монд. 

 

Маҳмадҷон Сафаров, омӯзгор, таърихшинос   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter