ХАБАРИ ДОҒ

Тариқи телефон бо дӯстам Маҳина Акбарова, ки дар ш. Москва таҳсил менамояд, ҳамсуҳбат гаштам. Дар  вақти суҳбат садояш каме хаста ба назар мерасид ва иброз намуд: 

-Омирона мо миллати тоҷик дар асл аз куҷоем? 

-Дар асл мо-миллати тоҷик-ориёием!”- ҷавобаш додаму сабаби ғамгиниашро пурсидам. Бо алам гӯфт: 

-Табъи маро миллатгароёни рус ҳамарӯза бо суолҳи бемаънияшон хира менамоянд. Зиёданд нафароне, ки миллати тоҷикро миллати лӯлӣ ва ё бомж меноманд. Чандин маротиба ман ба онҳо ҳушдор додам, ки мо миллати тоҷик на бомж ҳастем на лӯлӣ. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик миллати куҳанбунёду дорои тамаддуни асил ва фарҳанги пурғановат аст, вале ишон бовар намекунанд. 

Бо сабаби бовар накарданашон маҷбур шудам, ки аксҳои бо шумо дар гушаҳои зебоманзари Тоҷикистон гирифтаро нишон диҳам, 10000-ҳо бор аксҳои гирифтамонро нишон дода, бо лафзи ширини модариашон фаҳмонидан хостам, ки мо миллати соҳибтамаддунем, вале бе натиҷа. 

 Бовар намекунанд, бовар карданашон 1 тараф истад ҳатто гӯш  кардан ҳам намехоҳанд. Онҳо ҳар лаҳза ба ман шиносномаи лӯлиёнро нишон дода мегуянд: 

-Агар шумо миллати лӯлӣ набошед, пас чаро дар шиносномаҳои лӯлиён мӯҳри тоҷикӣ мегузоред? Пас аз ин ҳама таҳқир руҳафтода гашта, гириста ба ҷониби хона равона гаштам. Воқеан ҳам дигар ман чигуна метавонистам собит созам, ки ман ориёӣ ва соҳибтамаддунаму ҷӯгӣ на, ки шиносҳоям дар даст паспортҳои ҷӯгиёнеро доштанд, ки миллаташон ТАДЖИК навишта шуда буд?

Ҷӯгӣ бояд ҷӯгӣ бошаду Тоҷик тоҷик!!!

Ба ақидаи баъзе аз олимон аслан лӯлиён зодаи Роҷастони Ҳиндустонанд ва ҳазорсолаҳо қабл сӯи Самарқанду Бухорову Ҳисору Кӯлоб омадаву бо марзбандии давлатҳо ин ҷо муқим шудаанд ва ягон дахле бар миллати ориёии мо надоранд! Вале чигуна ин далели таърихиро ба миллати рус исбот намоем? 

 Чанд шумора пеш ба ҳамин мавзӯъ монанд дар яке аз шумораҳои СССР 1 матлаби таҳлилӣ навишта будем, аммо матлаби навиштаи мо ба бархе аз хонандагон ва муаллифони доимии мо, аз он ҷумла Ҳаким Ғуломов аз н. Дӯстӣ писанд наомад. Ҳатто ба матлаби мо вокуниш ҳам навишта, ҷӯгиҳоро тоҷик баровард..

 Мехостем ба он кас гуем, ки бобоҷон, мо ба иззати нафси касе расидан намехоҳем, аммо чунин бархӯрд ва муносибат ба мо ҳушдор медиҳад, ки мо бояд  миллатро аз хатароти рӯзафзуни таҳқиру дашномшунавӣ эмин нигаҳ дорем. Охир ҳайф мегардем агар, ки миллати дигар миллати бузурги моро лӯлӣ ном гирад, порашайка хонад, ҷӯгӣ донад. Чеҳраи тоҷик дар қиёси дигар миллатҳо шабеҳи лӯлӣ гаштааст ва мо бояд миллатамонро аз ин бадномӣ наҷот диҳем.

Фикр мекунам, имрӯз на танҳо дӯсти ман, балки чанд ҳазор тоҷики муҳоҷири дигаре  низ ҳастанд, ки бо ҳамин гуна бархӯрд ва нофаҳмӣ рӯ ба рӯ мегарданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон ва умуман муҳоҷирони мо дар назди дигар миллатҳо аз паси ҳамингуна нофаҳмиҳо забонкӯтоҳ мегарданд, ки боиси таассуф аст.  

Пас чӣ бояд кард?

Зимнан, бори дигар мегӯям, соате расида, ки дар паспорти ҷӯгӣ ҷӯгӣ нависем, мисле, ки дар шиносномаи ӯзбеку русу таторҳои Тоҷикистон азиз, мӯҳри ӯзбеку русу татор навишта шудааст ва онҳо бо ин фахр доранд. Мегӯед, бобои Ғуломов, ки чунин навиштан таҳқири онҳост? Аз худашон пусред, ки аз ҷӯгӣ буданашон ору нафрат доранд? Албатта, ки на! Ифтихор мекунанд ва хуб ҳам мекунанд. 

Пас, мо онҳоро таҳқир мекунем, ки Тоҷикашон менависем. Онҳоро таҳқиру худро ҳақорат месозем. Ҳақ ба ҳақдор бояд расад! Имрӯз ҳифзи шарафи миллати Тоҷик дар Вазорати адлия, парлумони касбӣ, ЗАГС ва мизҳои шиносномадиҳист. Мо Метавонем!

Омиронаи Сайёф, 

СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter