ХАБАРИ ДОҒ

Ҷӯгиҳои советӣ инсоф доштанд…

  • Чоршанбе, Май 20 2020

Салому дуруди бепоён ба шумо набераҷони азизам (самимӣ) Омиронаи Сайёф! Шумо дар мақолаи худ «Тоҷик бомжу лулӣ нест!» маро сарзаниш кардед, ки муқобили гуфтаҳои шумо баромада бошам. Ё ман фикрамро дуруст баён карда натавонистам, ё шумо маро ғалат фаҳидед. Ман ҳеҷ гоҳ тарафдори онҳо набудам ва нестам. Мақсади ман тарбия кардани онҳо буд.

Солҳои 80-уми асри гузашта аз мактаб ба хона омадам, ки дар ҳавлии хонаам 9-10 нафар лулизану лулидухтарон сари соҳибхоназанро гаранг карда истодаанд. Ба онҳо ҳамсӯҳбат шудам. Маълум гашт, ки соҳибхоназан ба пиронсолон 1 сӯмӣ додааст, дигарҳояшон низ талаб доранд. Ман ба онҳо гуфтам, ки қариб ҳамаатон дар хонаҳҳоятон «Волга» ва «Жигулӣ» доред. Ман ҳатто велосипед ҳам надорам, боз шумо аз ман ёрдам мепурсед. Ҳама хомӯш монданд. Баъди чанд лаҳза пиразане ба гап даромад. «Балам, а мо Волга не, а Мо москвич». Ҳама хандидем. Боз илова кардам, ки 1 сӯм ҳеҷ гап не, лекин шумо обрӯйи давлатамонро мерезонед. Журналистони хориҷӣ шуморо сурат гирифта, дар газетаҳои мамлакатҳои капиталистӣ чоп мекунанд ва менависанд, ки «Бинед СССР лоф мезанад, ки дар мо ҳама баробаранд, лекин халқаш гадоӣ мекунад». Яке аз духтарон «Валло акем рост мегӯд. Ман дигар садақа наметалбам» гуфту халтаашро бардошта рохакӣ шуд, дигарҳо ҳам аз думболи ӯ  рафтанд…

 Имрӯзҳо онҳо чунон хира шудаанд, ки пеш ҳам кунӣ, то ягон чиз наситонанд, намераванд. Вақте ки ташвиқот барӣ, ҳамин як сухан мегӯянд: «Ин касб аз бобоямон мондагӣ, бе ин мо зиндагӣ карда наметавонем». Дар ҷавоб мегӯйӣ, ки бобову бобокалонатон хонаву дар надоштанд, ту хонаи дуэтажа дорӣ, бобоят харсавор буд, ту мошинсаворӣ, бобоят ҳатто чароғи пилтагӣ надошт, ту ҷараёни барқ дорӣ, телевизор тамошо мекунӣ…». Даррав баромада мераванд.

Набераҷон, биёед пешниҳоди шуморо амалӣ мекунем, дар паспортҳояшон «Лӯлӣ» менависем. Ҷумҳуриашро чӣ менависем? Ватанаш куҷост? Тоҷикистон! Боз гуноҳ ба сари тоҷикон меафтад. 

Сабаби дар Осиёи Миёна пайдо шудани лӯлиён дар он аст, ки Султон Маҳмуди ғазнавӣ дар асри XI 16 маротиба ба Ҳиндустон ҳуҷум кард. Дар қатори ғаниматҳои зиёд, ҳазорҳо филу 57000 асирони ҳиндуро ба Осиёи Миёна овард. Қисме аз онҳо ҳунармандӣ карда, гаҳвораю табақу қошуқ тарошида зиндагӣ мекунанд, 1 қисми дигараш бо гадоӣ умр ба сар мебаранд. Мактабҳо кушодан лозим ба армия даъват кардан лозим… Хулоса тарбия кардан лозим. Агар навиштаҳои ман хилофи фикри шумо бошад, узр мепурсам. Илоҳо ҳамеша сарбаланд бошеду дар роҳи эҷодӣ муваффақиятҳои беназир ёратон гардад.

Бобоят- Ҳаким Ғуломов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter