ХАБАРИ ДОҒ

ЧИН НАКҲАТЕ АЗ ШӮРАВӢ ДОРАД...

  • Чоршанбе, Апр 22 2020

Ҳоло Хитой бо 1 мараз ҳаммаъно шудааст-коронавирус! Вале дар асл, Чин 1 давлати бузургест, ки дар баробари саноату истеҳсолот дар он соҳаи сайёҳӣ рушд кардааст. Зеро чиноиҳо метавонанд, таърихи худро созанд, зеб диҳанд, оро намоянд ва чун арӯси нозанин пешкаши туристон созанд. Коре, ки дар Тоҷикистони мо тақрибан нест. Ин матлабро ҳатман хонед. Мо Метавонем!

 

Чин сарзаминест, ки то ба имрӯз барои мардуми тамоми сайёра ҳамчун як муаммои нокушуда боқӣ мондааст. Сарзамини сарсабзу хуррам, таърихи куҳан, расму оинҳои мухталиф.

Чун ҳар як нафари дар замони Шӯравӣ камол ёфтаву тарбият дида ба ин сарзамин ояд  пеши назараш  ҳамон сохтору низому рафтору амали  он рӯзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҷилва меояд. Ва барояш  чунин менамояд, ки ба ин кишвар ошност. Нахуст чизе, ба назаратон бархурд мекунад ҳамон навбатҳои бонизомона дар назди хазинаҳои чиптафурӯшӣ, дар истгоҳҳо барои саворшавӣ ба таксиҳо, муомилаи мардум, саривақт омадани нақлиёт дар ҷои таъиншуда ва ҳатто чун бо нафаре шинос шудед (мардҳо дар назар аст) ӯ ҳатман бароятон бо эҳтироми хоса сигор пешкаш менамояд. Ва ё чун ба меҳмонияшон равед агар онҳо дар биноҳои баландошёна бошанд, мисли ҳамон русҳое, ки дар Душанбе буданд ва умуман дар Иттиҳоди Шӯравӣ, бо садои баланд ҳамасарашон ва ё хонабудагиҳояшонро садо мекунанд, ки ман бо ҳамроҳии меҳмон омадам. Мардуми солхӯрда бо Шумо басо меҳрубонона ва самимӣ рафтор мекунанд.

Низом дар мактаб, дар ошхонаҳои соҳавӣ, рафтори фаррошон, мошинҳои обпошии кӯчаҳо, қуттиҳои ахлотпароӣ ва ҳоҷатхонаҳои сарироҳӣ ҳамон сохтори шӯравиро пешӣ назар меоранд. Дар шаҳракҳои алоҳида биноҳои сохташудаи замони шӯравиро мебинед. 

Досу Болға-Давлати коргару деҳқон

Дар овезаҳои шаҳру музофот ҳамон рамзи синфи коргару деҳқон “Досу болға” ҷилвагар аст. Мусаллам аст, ки ҳизби ҳукмрони ин кишвар Ҳизби коммунистист ва ба ин хотир метавонад ҳамон сохтори Шӯравӣ, ки ҳукмронияш дар дасти Ҳизби коммунистӣ буд дар ин ҷо мақом дошта бошад. Вале фарқият дар он дида мешавад, ки дар ин ҷо ҳизби ҳукмрон қотеъона пайи ободиву осудагии мардум саъй дорад. Ҳизб дар тамоми муассисаҳо аъзои худро дорад ва чун замони шӯравӣ ному насаб ва акси нафарони пешқадами кору истеҳсолот дар тахтаи фахрӣ ҷой дода шудааст. 

Маркази олам

Шаҳри Ханчжун маркази провинсияи Шэнсии Чин мебошад. Маънои номи Ханчжун “маркази ҷоришавии дарёи Ханшуй” мебошад, ки  соли 312 то милод  ҳангоме, шоҳигарии Цин дар натиҷаи зарбаҳои мусаллаҳона аз шоҳигарии Чу маркази ҷоришавии дарёи Ханшуйро забт кард, дар ин ҷойҳо минтақаи Ханжунро  бунёд намуд. Садсолаҳо пеш, Ханжун маркази дунё ба ҳисоб мерафт. Ҳангоме, ки аз кӯчабоғу гулгашту хиёбонҳои ороставу перостаи ин шаҳр қадам мезадам, дарёфтам, ки ин шаҳр ҳамеша дар оғӯши сабзоини табиат ҷой дорад. Ҳар чанде Фасли Дай асту нимаи моҳи январ дар ягон шохаи дарахту буттаҳои ороишии ин шаҳри сабзоғӯш хазонеро надидам. Гӯиё ранги зард дар ин зебошаҳр бегона буда бошад.  Маҳз аз ҳамин шаҳри зебову сабзпӯш Шоҳроҳи Абрешим оғоз гирифта.  Нахустин дипломати шинохта  Ҷан Сян якуним ҳазор сол пеш ҳангоми сайёҳаташ ба Осиёи Марказӣ сабабгори аслии ифтитоҳи шоҳроҳи абешим гардидааст. Гарчанде дар ин бора назарияҳои мухталиф ҷо доранд. 

Асосгузори Роҳи Абрешим

Мавзолейи дипломат Ҷан Сян  ки дар як боғи прушукуҳ ҷойгир шудаасту бо бозёфтҳои бостонӣ осорхонаҳояшро зеб медиҳанд  адешаҳоро метавонад тағйир диҳанд.  Ҷан Сян  нахустин дипломатест, ки бори аввал ба Осиёи Марказӣ  ба Суғд ва Бохтар (дар ҳудуди Узбекистон, Тоҷикистон, ва Афғонистони имрӯза) сафари бобароре анҷом дода, бо дастовардҳои наҷиб ба диёраш баргашт. Дар бозгашт ба Чин  соли 126 то милод вай барои император аз он чи дидаву омӯхта буд, оид ба манфиатнокии тиҷорат байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ гузориш омода намуд. Ва маҳз ҳамон гузоришу диди дипломат сабаб гардид, ки Шоҳроҳи абрешим шуҳрат ёбаду императорҳо тиҷорати созандаро тарҳрезӣ намоянд. Мутобиқи далелҳо  3 ҳазор сол то милод  “Шоҳроҳи Лазурит” амал мекард, ки сангҳои қиматбаҳои лазурит  аз пешкуҳҳои Помир  аз вилояти Бадахшон ба ҷойҳои басо дур аз Ғарб ба Ҷануб  то кишварҳои Ур, Лагаш, Ҳинд, Чин оварда мешуд. 

Турист мехоҳед? Аз Чин ибрат гиред!

Дарвоқеъ, моро пеш аз ҳама зарур аст, ки дар масири таърих ҳадду канори хешро омӯзему донем, мисли хитойиҳо. Мо худро миллати бостониву соҳибтамаддун медонем, пас чаро дар бораи эҳёи суннатҳои аҷдодӣ ҷиддан накӯшем. Магар мо наметавонем, ёдгориҳои шаҳри Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор ва мактабу корвонсаройҳои бостонии онро,  гармчашмаи Помир, Чилучорчашма, Саразми бостонӣ, Муғтеппа, Кӯҳи муғ, Қалъаи Темурмаликро зинда гардонем?  Масалан, метавон ин қалъаро бо як мавзолейи басо бошкуҳ, ки боиси ифтихори миллӣ ва зиёратгоҳи сайёҳон бошад, табдил дод. Бо офаридани пейзажҳои рамзии Темурмалик. Киштиҳои ҷангияш, тиру туфанг ва майдонҳои ҷангӣ. Дар дохили ин боғи бошукуҳ, ки он ҷо мавзолей ва оромгоҳи фарзанду хонадони Темурмалик бошад, ҳамзамон осорхонаи хубу ҷолиберо метавон офарид, ки бозгӯи фарҳангу маданияти миллии мо бошад. Ё чаро мисли ҳамин корнамоии Спитамен, Восеъ, Наниманча, Деваштичу дигаронро наметавонем торих сохт? Чаро дигар миллатҳои дунё бо қаҳрамононашон менозанду мо не?!  Барои он ки сайёҳро мутаваҷҷеҳи кишварат созӣ, бояд пеш аз ҳама барояш он чизеро бисозӣ, ки барои ӯ хушоянд бошаду боиси тамошо. Пас аз ин сафарам дарёфтам, ки чаро муҳтарам президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайи ободонии боғот кӯшидаву гӯшаву канори шаҳрҳоро гулистон намуда. Ин ҳам фарҳанг аст. Фарҳанги зебоиву фаросати воло!

Дар муддате, ки соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  шудааст мо тавониста бошем баъзе ҷойҳои бостонии худро ҷойи тамошобобу сайёҳӣ намоем. Барои ин пешниҳоде доштам, ки Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистонро зарур аст, ки таҷрибаи бародарони чиниро омӯхта, кадрҳои хуби соҳавӣ тарбия намуда, ҳамкориҳоро дар соҳаи рушди сайёҳӣ бо чиниҳо устувору ҷоннок гардонида, баҳри ободонӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаи сайёҳӣ кӯшад. 

 

Мухтор Боқизода, 

рузноманигор, шаҳри Ханжуни Чин

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter