ХАБАРИ ДОҒ

Ёрии мастчоҳиҳо ба ҳофизи халқӣ С. Вализода

  • Чоршанбе, Май 27 2020

 

Ба насли солҳои 50-и асри гузашта, исми С.Вализода хуб ошно мебошад. Ӯ чун шоир, мутриб, сароянда, оҳангсоз ва ҳофизи халқӣ, аз миёни шоирони маъруф, ба мухлисонаш хело наздик буд. Мухлисони бешумораш, ҳавасу орзӯ мекарданд, ки  боре ҳам бошад, дар сӯҳбати ин марди наҷиб, ҳузур дошта, аз хушгӯйиҳои ӯ лаззат баранд. С.Вализода шахсияте буд, бисёр хоксор, сӯҳбаторо, ки бо сабки дилнишин ва забони ноби тоҷикӣ ва фаҳмо, дар ҷамъомаду маъракаҳо, сӯҳбат меорост. Дутор дар даст, ба мухлисонаш, бо 1 лаҳни хоси мардуми  кӯҳистони Ховалинг, ҳофизӣ мекард. Ин буд, ки ӯро кулли мардуми тоҷик дӯст медошт. Аз эҷодиёти ӯ ва хондани дубайтиҳою рӯбоиҳо, аз ҷониби ин марди шӯхи базморо лаззат мебурданд. Ҳамин наздикӣ ба мардум буд, ки кулли эҷодиёти ӯ мардумӣ шуд.

Бадарға ва фирори Вализода

Вале тақдир, дар ҳаёти ин марди наҷиб, бозиҳои худро дареғ надошт. Ҳарчанд ӯ инқилоби болшевикиро ба хурсандӣ пешвоз гирифт, вале тирамоҳи соли 1933 дар асоси тӯҳмату кори саросемавори муфатишони болшевикӣ, ки дар асоси дастуру нишондодҳои кремлнишинон “результат” тайёр мекарданд, ӯро бо аҳли оилааш  ва хешовандонаш ба лагери ислоҳотии меҳнатӣ, ба вилояти Акмалинскии Ҷумҳурии Қазоқистон равон мекунанд. “Ҷурм”-и С.Вализода он будааст, ки ӯро ҳамдеҳагони Чуқуракиаш “Саидалибой” мегуфтаанд. Ӯ дар лагер, бо азобу машаққат ва пастзаниҳои кормандони лагер тоб наоварда, баъди 2 соли азобу машаққатҳо қарор медиҳад, ки фирор кунад. 

Тирамоҳи соли 1935, ин ҷавонмарди далеру шуҷои тоҷики кӯҳистонӣ, бебокона, аз лагер фирор мекунад. Ӯ ба воситаи даштҳои нопайдоканори Қазоқистон, бо азобу машаққатҳои зиёде худро ба ш.Тошканд мерасонад. Аз он ҷо бошад, ба ш.Хуҷанд ва баъд ба Ӯротеппа меояд, баътар худро ба Мастчоҳ мерасонад. Душвориҳои зиёде дар роҳ кашид, вале ба ин душвориҳо сар нафароварда, ба сӯи қуллаи умед равона буд. 

Кӯлобие, ки мастчоҳӣ шуд

Зимистони соли 1935 вақти дар Мастчоҳ буданаш, бо суханони пур аз лутфу ҳазломезаш, дар дили ҳамсӯҳбатони мастчоҳиаш роҳ ёфт. Мардуми Мастчоҳ, ки худ табиати шӯх дошта, сӯҳбатороянд, дарёфтанд, ки меҳмони онҳо дарди ниҳоние дар худ дорад. Мастчоҳиҳои меҳмондӯст, аз нақли С.Вализода фаҳмиданд, ки ӯ гирифтори тӯҳмат шудаасту бегуноҳ мебошад. Онҳо бо 1 меҳри бепоён, қарор доданд, ки ба шоир ёрӣ расонанд. Пас аз таку дави зиёде, мастчоҳиҳо ба он мувафақ шиданд, ки моҳи марти соли 1936 шоирро ба Душанбе даъват карда, тафтишотро аз нав сар карданд. Пас аз пурсу поси беохиру тафтишоти зиёде маълум шуд, ки бое ба номи Саидвалӣ, аз деҳаи Чуқураки Ховалинг, ба Афғонистон гурехта будааст ва Саидалиро, муфатишу прокурору судияи “высокопрофессионал”-и болшевикӣ аз Саидвалӣ фарқ накарда, ҳамчун “душмани халқ”, ҳукми ба лагер равон кардани ӯ, аҳли оила ва хешовандони наздикашро мебароранд. Якуним соли такудави шоири халқӣ, бо ёрию дастгирии мастчоҳиҳои инсондӯст, натиҷаи мусбати худро дод ва С.Вализода тавонист соли 1937 бо ҳамроҳии аҳли оилааш ба зодгоҳаш баргардад. 

Лекин хешу табори шоир, бо “лутф”-у “меҳрубон”-ии шогирдони “Ленин бародар раҳнамо”-и С.Вализода, дар лагер 15 соли умри худро паси сар карданд, чи хеле, ки русҳо мегӯянд “Отсидели от звонка до звонка”.

Аброр Соқиев, 

ш.Ваҳдат, 

тел: 907-07-84-00.                   

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter