(Human Story)
Дар мавриде, ки занони шаҳрӣ аз бекорӣ кадукорӣ гуфта, интернет даромадаву аз воҳимаву тарс девона мешаванд, бонувони деҳотӣ худу моро кор карда мехӯронанд…
25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 14:28 дақиқа. Барои хочхӯрӣ ба Ғаллаободи Фахробод рафтем. Муҳити деҳа ба куллӣ аз шаҳр фарқият мекард. Хоначаҳои хурд-хурд, катчаҳо барои дам гирифтани меҳмонон, кӯҳу дара, баоси гову гӯсфанд, бӯйи гулу гиёҳ, ғингоси орӯи асал... ба кас рӯҳи болида мебахшид. Дар роҳ духтаракону занони ширфурӯш диққати моро ба худ ҷалб намуданд. Вақте ки аз дохили нақлиёт берун шудем, моро дида зуд ба сӯямон шитофтанд: “шир харед, норозӣ намешавед, чакаю шири хонагӣ аст”. Мо чакаю ширу ҷурғот харида, бо онҳо ҳамсӯҳбат шудему аз ҳаёти маъмулияшон пурсидем.
Яке аз онҳо дар посух ба мо гуфт: “Мо танҳо ба воситаи ҳамин ширфурӯшӣ рӯзгорамонро ба пеш бурда истодаем”. Суол додем, ки оё шумо аз ҷони худ сер шудаед магар, ки дар ин вақти ҷонбароӣ-карантин ба кӯча мебароед? Дар баробари суол додан суолборонамон карданд. “Чи ин қадар суол дода истодаед? миллисаед магар?” Гуфтем мо рӯзноманигорем, ҷавоб доданӣ набошед, пас бо иҷозати шумо ба хочхӯрӣ равем. Зани хушсалиқае ба мо нигаристу гуфт: “Эй, вое сарам дар гӯре, акс гирифтӣ чӣ? Бо накунад, ки суратомона дар иннетенете партоӣ”. Духтараки кӯчак ӯро ислоҳ кард “Иннетенете не, интернет, хушру талафуз кун хола, қишлоқа шарманда накун”...
Устод сиёсатмадор бошад!
25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 14:48 дақиқа. Зани дигаре бо номи Алифамо дар рафти суҳбат қайд кард, ки ҷавондухтар ҳастед, аммо кор мекунед, чӣ хуб, кош, ин гуна шароит барои гулдухтарони деҳот низ мебуд. Духтарчае садо бароварда гуфт “оча, роҳбари синфи гандаамро ёд кардам.” Ҳайрон шуда пурсидем муаллимаҳои Ғаллаобод баданд, чӣ? Модараш ҷавоб дод: “Не муаллимаи ин кас хело устоди сиёсатмадор аст. Муаллима Маҳрамой дар ҳақиқат барои дониши шогирдони худ талош мекарду агар дар вақти занг дар коридор шогирдонаш ӯро медиданд, зуд дохили синфхона шуда, омодаи дарс мегардиданд. Вақти дарс мабодо ягон шогирдаш мавзуи дарсро дуруст дарк карда натавонад, такроран мавзуъро ба шогидони худ мефаҳмонид! Барои ҳамин ганда мегӯянд, дар мо ганда ба маънии сахтгир аст!!!”. Дар ин ҳолат пеши рӯям симои устоди бузурги худам Камолиддин Баҳриддин омаду дилам гум зад. Марди хоксору фурӯтан, сухандону маҳфилоро, сахтгир ва дар умум устоди камназир буданд (Равонашон шод бод!).
Аз онҳо пурсидем, ки оё мо метавонем ин муалимаи сиёсатмадорро бубинем? Ана он катакчаро дидед дар он ҷоянд-гуфтанд онҳо.
Устоди сахтгир
25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:08 дақиқа. Ба назди муаллима Маҳрамой Салимова рафтем, эшон моро хуб пазируфт. Ӯ гуфт, ки қариб 39 сол мешавад, дар мактаби 8- и деҳаи Ғаллаобод ҳамачун омӯзгор кор кардам. Чанд соли охир бемори асаб шуда, аз кор баромадаму бисёр вақт раиси маҳала ба наздам омада мегӯяд дар хона шишта зиқ мешавӣ. Биё, хубаш дар ноҳия раиси кумитаи занон шуда, кор кун! Доимо ҷавоби рад медиҳам. Ҳамин, ки шогирдонам аз ман ёд карда, гоҳ-гоҳе хабарам мегиранд, кофист. Ҳоло бошад давраи пирии худро дар назди наберагонам гузаронда истодаам.
Дар шаҳр барои мардуми деҳот кор нест....
25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:33 дақиқа.Малика, зани ҷурғотфурӯш зимни сӯҳбат қайд кард, ки чандин маротиба писаронам ба шаҳр барои коркунӣ рафтанду кор наёфта баргаштанд. Аз қадимуллайём гуфтаанд, ки гаҳе айшу нӯшу гаҳе ганҷу ранҷ, оилаи мо калон асту аз соли 1998 инҷониб шавҳарам бемори сактаи дил шуда, дар хона хоб. Мо занон кор накунем, кӣ оилаи моро мехуронад? Субҳгоҳон бо занони деҳа ба фурӯши ширу қаймоқ, ҷурғот рафта, 1 пора нони ҳалол меёбем. Аз ҳисоби пули шир, ҷурғоту чакка рӯзгорамонро пеш мебарем. Ӯ лабханд зада гуфт, ки мо занони деҳа бо ин кори худ ифтихор ҳам мекунем, чунки меҳнати ҳалоли дастамон аст.
Ҳама воҳима дар шаҳр аст!
25.05.2020.Соат ба вақти Душанбе 15:58 дақиқа. Ҳамсӯҳбати дигари мо Салимабону иброз кард, ки мо занони деҳа субҳи барвақт аз хоб хеста, ба рӯбучини хона машғул мешавем, гов меҷӯшем, хамир мекунем, наҳор омода менамоем ва соатҳои 8:30-9:00 ба фурӯши чаккаю маска ва ширу қаймоқ ба сари роҳ мебароем. Дар бобати коронавирус бо боварии комил гуфта метавонам, ки тарсугарие, ки дар мардону занони шаҳр ҳаст-дар мо занони қишлоқ эҳсос карда намешавад. Мо мардуми тоҷик рӯзҳои сангинтар аз инро паси сар кардаем. Худо хоҳад ин вабои асрро низ паси сар мекунем. Имрӯза имрӯз мебинем, фардоро фардо, аз тақдири яздонӣ касе огаҳ нест. Мо шабу рӯзи худро дар кишту кори картошка, нигоҳубини гову мол мегузаронем, аз куҷо вақти фикри коронавируса дорем? Шумо-шаҳриҳо аз бекорӣ тарсончак шудаед!!!
Ҳалолатон бод, занҳои деҳа!
Дар вақти гапзанӣ 1 мошини ба гуфти худашон бой омаду зану духтаракон дар даст чаккаю шир тозон ба сӯйи харидори нав рафтанду омада, боз сӯҳбаташонро идома доданд. Хуллас, тӯли чанд соате бо занони деҳа ширу чакка фурӯхтаву ҳафр задем, онҳо ҳамеша бо кори хеш банд буданд. Дар вақти сӯҳбат кадом мошине, ки суръати худро паст мекард, мегуфтанд ризқамонро Худо оварду бо шодӣ ба сӯяшон шитоб мекарданд. Хурсандияшон ҳаду канор надошт, агар нафаре чизе мехарид. Эътироф бояд кард бонувони азизи шаҳр, ки мо бояд зиндагониро аз бонувони деҳот омӯзем, натарсем ва аз сафсаттаҳои баъзе нафарон ба таҳлука наафтем.
Вақти бозгашт ба хона бо худ ҷурғоту шир харидорӣ намудем; дар ҳақиқат болаззат будааст. Ҳалолатон бод занони деҳа!
Омиронаи Сайёф,
СССР