ХАБАРИ ДОҒ

Деҳқони асил ва асолати деҳқон

  • Ҷумъа, Июн 26 2020

(Human Story)

Сари 1 пиёла чой

13.06.2020 бо сафари корӣ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қарор доштам. Сари роҳ тасодуфан мӯйсафеди нурониеро дидаму бо эшон ҳамсуҳбат гаштам.  Амиралӣ Мадалиеви 80 сола худро мухлис ва дӯстдори ҳафтаномаи СССР муаррифӣ кард. Ба хонаи амаки Амиралӣ расидан замон зироаткории хоси замини назди ҳавлигияшон диққатамонро ҷалб сохт. Ҳарчанд ҳавлии ин деқони асил на онқадар бузург буд, аммо дар он қариб, ки ҳама намуди сабзавоту полезӣ ва дарахтҳои мевадиҳандаро дидан мумкин аст. Дар 1 тараф картошкаю лубиё, тарафи дигар помидору бодиринг, қаламфури булғориву ҷуворимакка, боимиҷон, сабзаҷот ва кабудӣ. Воқеан ӯ заминро моҳирона ва самаранок истифода намудааст.

Маҷбуран моро сари 1 пиёла чой даъват намуда, дар ҳалқаи ҳамсару фарзандон аз зиндагӣ ва рӯзгори худ суҳбат кард. Аз хотираҳои ширини зиндагияш дар замони Шӯравӣ, хизмат дар артиши СССР нақл намуда, ашкҳояш равон гардид. Хизмати ҳарбиро дар қисми низомии сохтмонӣ-стройбат дар назди кули Балхаши Ҷумҳурии Қазоқистон адо намуда, барои хидмати шоён рутбаи сержанти калон гирифтааст. Ин марди накӯ 32 сол собиқаи корӣ дошта 22 соли охир, аниқтараш аз соли 1976 то 1998 дар автобазаи 27-уми ноҳияи Москва (ҳозира Ҳамадонӣ) чун ронанда, фаъолият карда, соли 1970 оиладор шудааст.

Фирефтаи замин

Ҳамсари амаки Амиралӣ-Сайвалиева Заҳро низ бо хушҳолӣ аз зиндагии ширинашон ёд намуд. Ӯ меӯяд дар ҳама ҳолат бо ҳам тифоқ будем ва якдигарро зиёд дӯст дошта, эҳтиром мекардем. Бо мӯйсафед 9 фарзандро тарбия намуда, ба воя расонидем. Бо нони ҳалол фарзандонро бо хости худашон оиладор карда, ҳар якеро соҳиби хонаву дар намудем ва то ҳол ба қадри тавон ба онҳо ёрӣ мерасонем...

Холаи Заҳро дар бораи зиндагиаш бо ҳамсари меҳрубони худ ба некӣ ёд намуда, таъкид кард, ки “Дар ҳаёти мо кишоварзӣ муҳимтар аз ҳама чиз аст. Мӯйсафед заминро зиёд дӯст медорад ва агар 1-рӯз ба замин надарояд, саломатиаш бад шуда, худашро нотоб ҳис мекунад”. 

Аз 1,5 сотих 1 т. 156 кг картошка

 Ҳосили ғундоштаи картошкаи амаки Амиралиро дида, ҳисси кунҷковиямон боло гирифт ва аз вай дар бораи ҳосили заҳматҳояш пурсидем. Ӯ мегӯяд ҳамагӣ аз 1,5 сотих замини картошка, зиёда аз 1 тоннаю 156 кг ҳосил гирифтааст. Сирри ин муваффақиятро пурсон гардида, посухи аҷоиб гирифтем. 

   -Ман хоҷагии деҳқонӣ надорам, танҳо дар 12 сотих замини наздиҳавлигиям кишти зироатҳои гуногунро гузаронида, зиндагиямро аз ин ҳисоб пеш мебарам. Аз падару бобоёни худ насиҳат гирифтаам, ки баъди ҷамъоварии ҳосил ҳатман “ъушр”-и заминро ба ҳаққу ҳамсояҳо тақсим кунам. Сирри муваффақият ва ҳосилфаровонии замини ман низ маҳз дар ҳамин аст. Ана имсол дар 1,5 сотиқ замин картошка кошта, аз он ҳосили хуб гирифтам ва наздики 200 килограмми онро ба ҳамсояҳо ва хешу табор чун ъушр, яъне андози замин дар пеши Худои Азза ва Ҷалла, тақсим кардам, мегӯяд амаки Амиралӣ. 

   Аз оилаи ҳалиму некандеш 1 ҷаҳон “позитив” гирифта, бо дуои неки пирони рӯзгордида ва меҳрубонии фарзандону келинҳои хонавода роҳ ба сӯи Душанбе гирифтам, то Худотарсиву Худопарастии ишонро манзури якояки аъзои Ихвон ал СССР созам. Тавонистам???

Исмоилҷон Маликов

Душанбе-Ҳамадонӣ-Душанбе 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter