Бозори милливу шарқии «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд на танҳо рамзи ин шаҳр, балки тамоми вилояти Суғд аст. Ин бозор, ки таърихи беш аз 55 сола дорад, яке аз калонтарин бозорҳои шарқии минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, бинои имрӯзаи он соли 1965 бунёд ёфтааст. Ин бозор дар замони шуравӣ бозори колхозӣ, пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва бо истифода аз вазъият ва буҳронҳои моливу иқтисодӣ бозори овозадорро ба ҷамъияти саҳҳомӣ табдил дода, чанд саҳмгузор бозорро байни худ тақсим карда, онро хусусӣ намуданд. Бо гузашти 28 сол ин бозор дубора ба давлат баргашта, имрӯз бозори «Панҷшанбе» ба тобеияти Иттифоқи Тоҷикматлубот шомил шуда, сарвариашро Хуршеда Бобоева, 1 зани соҳибкори муваффақ бар ӯҳда дорад. Зимни сафари корӣ ба шаҳру навоҳири вилояти Суғд мо мисли ҳамеша аз ин бозор дидан кардем-ин маротиб тағийротҳои зиёд ба назар расида, эҳсос мешавад, ки ин бозори машҳури шарқӣ рузгори наверо оғоз кардааст.
«Панҷшанбе» дигаргун мешавад!
Тавре дар суҳбати ихтисосии мо Хуршеда Бобоева, иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ «Бозори «Панҷшанбе»-и ш.Хуҷанд иброз дошт, корҳои азнавсозиву ободониро эшон аз таъмири утоқҳои кори маъмурияти бозор шуруъ кард, зеро шояд даҳсолаи ахир ин қисмати бозор таъмиру ҷобаҷогузориро надида бошад.
- Бо дастгирии раиси вилояти Суғ Раҷаббой Аҳмадзода ва Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ин муддат ба маблағи 79 456 сомонӣ корҳои таъмирӣ ба анҷом расонида, дар ҳудуди бозор 32 камераи мушоҳидавӣ насб кардем. Ба ғайр аз ин дар қади роҳҳои даромади бозор ҷойи нишасти соҳибкорони фурӯши маҳсулоти хӯрока дар растаҳое, ки ба талаботи имрӯза на онқадар ҷавобгӯ буд, қарор дошт, азнавсозӣ гардида, зиёда аз 50 метр соябони оҳанин гирифта шуд. Барои боз ҳам муҳайё намудани шароити мусоид ба соҳибкорон нақша кашидем, ки боми тангкӯчаи фуруши гӯштро, ки дар қисмати чапи бозор ҷойгир аст, ба масоҳати зиёда аз 500 метри квадратӣ азнавсозӣ намуда, бо боми пластмасии замонавии рӯшноидиҳанда иваз намоем. Ҳамзамон дар даромадгоҳи дуюми бозор 63 метр дарозӣ бо 7 метр паҳноӣ соябон бо конструксияи оҳанин сохтаем, ки барои нигоҳ доштан аз барфу борон кумак мекунад. Бубинед, ҳамин ҳоло соҳибкорони бозор худ иқдом карда, дохили растаҳои савдоро таъмир ва сафолакпуш карда истодаанд. Ҳамаи ин корҳои ободониро мо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ оғоз карда, то ҷашни таърихии кишвар ба бозор симои нав хоҳем бахшид, - қайд кард мавриди суҳбат Хуршеда Бобоева.
Безараргардонии шабонарузӣ
Бинобар сар задани сирояти бемории COVID-19 дар муддати 3 моҳи ахир дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе» корҳои безараргардонӣ ба таври шабонарӯзӣ гузаронида шуда, ба воситаи Шуъбаи безараргардонии ш.Хуҷанд ба маблағи умумии 10 554 сомонӣ, бо дастгирии соҳибкорон ба маблағи 26 900 сомонӣ, бо воситаи МНДСЭ-1884 сомонӣ ва баҳри нигоҳдоштани гигиенаи шахсии соҳибкорон ва кормандони фаъолиятбаранда 17 150 адад ниқобҳои тиббӣ ва 1865 антисептикҳо тақсим карда шудаанд.
Хуршеда Бобоева мегӯяд, ки ҳар ҳафта рӯзи шанбеву якшанбе дар назди бозори Ситоди вилоятӣ ҷамъ омада, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Маъруф Муҳаммадзода, раиси ш.Хуҷанд шахсан дар кори ин Ситод ширкат варзида, бо тозагӣ ва шароити бозору гирду атрофи он шинос шуда, бо соҳибкорону харидорон мулоқот мекунанд.
Ҷамила Ҳусейнова, СССР,
Душанбе-Хуҷанд-Душанбе