ХАБАРИ ДОҒ

Шаҳраки “Шифобахш”-беморхона ё истироҳатгоҳ?

  • Чоршанбе, Июл 08 2020

Духтари амакам аз Кӯлобшаҳр омада, хост, ки ӯро ба назди духтури чашм ба беморхонаи “Қарияи боло”-шаҳраки “Шифобахш” ҳамроҳӣ намоям. Субҳи рӯзи 29.06.2020 якҷоя аз хона баромада, сӯи шаҳраки “Шифобахш” роҳ пеш гирифтем.

Беморхона ё чойхона?

   Соат ба вақти Душанбе 10:47 дақиқа. Ба ҳудуди беморхона даромадан замон дидем, ки одамони зиёд дар байни корпусҳо гаштугузор доранд. Аксарият қоидаҳои беҳдоштӣ ва бехатарӣ-масофаи байни ҳамдигарро риоя намекарданд. Дар майсазори назди яке аз корпусҳо 1 гурӯҳи одамон қолину курпача партофта, баҳузур дастархон кушода нишаста буданд. Бархе болишт зери даст ба қавле ёмбош задаву дигаре хобида, кӯдакони зиёд дар гирди онҳо давутоз доштанд. Маълум аст, ки инҳо бемордоранд-хешутабори беморе, ки шояд дар шуъбаи эҳё хоб аст ва ё ҷарроҳӣ мешавад. Бемуҳобот 30-40 нафарро ҳисоб кардам, ки танҳо барои 1 бемор омада, инҷоро макони хобу хӯроку истироҳати худ интихоб карда буданд. Хӯрокашон низ дар 1 тараф даруни халтаҳои гуногуни салафанӣ гузошта шуда, ҳатто либоси такпӯши кӯдаконашонро ҳам дар шохаҳои дарахтону буттаҳо барои хушк шудан партофтаанд. Оё беҳтар нест, ки дар хона нишаста, барои шифои бемор 1 каф дуо кунему аз даргоҳи Худованд умри дарозашро талаб?

  Тавре ба назар мерасад, ки инҷо беморхона не, балки ягон чойхона,  истироҳатгоҳ ё корвонсарой аст.

Беморхона посбон дорад?

 Ҷамъшавии мардуми бемордор дар беморхонаи “Қарияи боло” падидаи нав нест. Солҳои тӯлонӣ дар гулгашту майсазори байни бахшҳои беморхона ҳамеша бемордорон, ки аз роҳи дур омадаанд, шабу рӯзашонро мегузаронанд. Аммо бо дарназардошти он, ки ҳамин ҳоло ҷаҳон бо пандемияи нави одамкуш даст ба гиребон шудаву ҷони ҳазорҳо нафар аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳамарӯза дар хатар аст, магар дуруст аст, ки беморхонаи калонтарини кишварро ба чойхона ва корвонсарой мубаддал гардонем?

 Магар масъулин ва посбонони шаҳраки “Шифобахш” намедонанд, ки рафтуомади зиёди мардум, боз ҳам шабгузаронии онҳо дар ҳудуди беморхона пеш аз ҳама барои фаъолияти табибон халал мерасонад. Ин посбонҳо бо ин ҳол дигар барои чӣ лозиманд ва кирову чиро посбонӣ мекунанд?

Чаро дар “Истиқлол” тартиб ҳасту дар “Шифобахш” не!

   Чунин ҳол-ҷамъшавиву шабгузаронии бемордоронро шумо ҳеҷ гоҳ дар беморхонаи “Истиқлол”, Ёрии таъҷилӣ ва ё Беморхонаи №3-ву 1-Советский намебинед, зеро масъулин ва муҳофизони ин беморхонаҳо намегузоранд, ки мардуми бемордор рафта, дар таги оинаи палата чақ-чақ ё охувоҳ карда бишинанд. Беморхона тартиби худро дорад ва онро бояд рияо кард! 

Аммо боз ҳам чаро ин тартиб дар шаҳраки “Шифобахш” риоя намегардад, ман нафаҳмидам...

Омиронаи Сайёф, СССР 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter