Ғам махӯр ҳеҷ гаҳ аз нодорӣ,
К-осмон аз ману туст.
Субҳи нуронию хуршеду рӯз,
Рӯшаниҳои ҷаҳон аз ману туст.
Гармию обу дарахту соя,
Боғ бо хилъати тобистонӣ,
Саҳни намхӯрдаи хокаш хушбӯ,
Шому маҳтобу шабу бедорӣ,
Хирмани моҳу тамошои баланд,
Каҳкашон аз ману туст.
Тирамоҳе, ки тилоист раҳу рафтораш,
Ғайраташ сурхии рӯи себ аст.
Дар кафаш хандаи ширини анор
Ҳадяе ҳаст ғаму ғуссабарор.
Шодию хуррамии бебаркаш,
Хотири ҷамъ зи серии замон аз ману туст.
Фасли пойизи худододаи мо
Токро пойфишон гар бинад,
Бе ягон фахру виқор
Даст гирад, кунадаш пуштора
То сари шохи сафедору чинор.
Меҳрубонии шаробии хазон аз ману туст.
Барфу покии вуҷудаш яксар,
Яху армони чу ойина шудан,
Кӯшиши сабзтарини алафистон дар дашт
Дарси ибрат бошад,
Маҳаки бахту саодат бошад.
Дар таҳи барф ҳавасҳои гули решадавон аз ману туст.
Гар кунӣ сарфи назар сардиро,
Чи қадар фасли зимистон зебост!
Лашкари бодғараш* гар бивазад,
Аз ҳуҷумаш наҳаросем, ки чун истеъдод
Ҳисси гармӣ ҷустан
Дар дилу дар ду лаби бӯсаситон аз ману туст,
Дар рагу пайкару бо зӯру тавон аз ману туст.
Рангҳо-ҷавҳари парвози хиёл,
Шохаҳо-нусхаи дастони кушоди хоҳиш,
Баргҳо-каффи пур аз файзи дуои нусрат,
Чашмаҳо-мактаби фанни қудрат,
Соҳили рӯди ҳама умр ҷавон аз ману туст.
Дар баҳоре, ки набошад ҳаргиз
Дӯшбори бодаш
Ба ҷуз аз халтаи хушбӯиҳо,
Лаҳзаи ҳамнафасӣ бо чамани мушкфишон аз ману туст.
Абру борони гуҳар дар кокул,
Барқ чун ҳамдами чашми ду ҳавас,
Раъд чун ёри тапишҳои дили шайдоён,
Пушти он теппа, ки бо пушти ману туст шинос,
Азми поҳои равон аз ману туст.
Ҳамчунон сақфи баланди қасре,
Ки пур аз кафтари ошиқ бошад,
Рӯи кошонаи васли ману ту
Ҳафт маъмур зи ташрифи малоик рангин-
Гунбази тирукамон аз ману туст.
Ҳеҷ донӣ, ки чи сон мегузарад
Тӯйи ду гунҷишкак?
Кай, сари сабзи кадомин шоха
Ошиқи ҳам шудаанд,
Беҳтаринҳои ду олам шудаанд?!
Маззаи тарс чашидааст магар
Духтар аз хашми падар?
Тахташон аз гулу барг аст ва ё бӯйи гиёҳ,
Ё ки аз меваи тар?
Вақти базме, ки надорад ғалате,
Майнаву сор ғазалҳои киро мехонанд,
К-ин қадар байт фузун медонанд?
Дар куҷо? Кай? Кӣ дуо хоҳад дод
Ба ду навроҳи ҷавон, бепарво?
Ман ҳам аз ин тарафи масъалаи беолим
Чун ту, эй ёр, набошам огоҳ.
Фақат инро донам,
Ки ду гунҷишкаки навболаки навхона шуда
Чашм накшода ҳанӯз,
Аз қафас метарсанд.
Пас, бикӯш, он ки қафас дораду мурғе дар он
Аз сари раҳм раҳояш созад,
Ки тамошои дилошӯби ҳама болзанон аз ману туст.
Кӯҳҳо-мӯйсафедони хирадманду баҳӯшу камгап,
Ҷои дастор хати сайри уқобон бар сар.
Теппаҳо-шонаи гурдони далер,
Даштҳо-домани пурганҷи замин-
Модари аҳли башар.
Баҳрҳо-фалсафаи қатраву дарё дар лаб,
Шаҳрҳо-мадрасаи пурғавғо,
Оқибат ин гузари серодам
Бо ҳама одамҳо-ш
Ройгон аз ману туст.
Ки ману ту ду худотарси заминӣ бошем,
Ҳама дам ҷӯёи
Нозанинӣ бошем!
------------------
*Бодғар-шамоли дутарафа (русӣ:-сквозняк)