ХАБАРИ ДОҒ

Се лаҳзаи фаромушнашаванда

  • Чоршанбе, Июл 29 2020

1.Акашариф Ҷӯраев

 Моҳи августи соли 1966 ману Алиназари рушонӣ, ҳамхизматам ва Ишрати роғӣ аз назди чойхонаи “Роҳат” мегузаштем. Ногоҳ Ишрат бо ишора нишон дод ва гуфт: -Зиёрат ана ҳамон марде, ки бо риши калтаву тоқиву костюми тобистона бо ду шахси дигар суҳбат дорад, Ака-Шариф Ҷӯраев аст. Ман аз шунидани ин сухан чанд лаҳзае карахт монда, тарафашон дуздона менигаристам. Он вақт телевизор набуд, ки шахсони маъруфро одамон бинанд. Овози ғулғуладори Ака-Шарифро фақат аз қартаи патефони Иматбеки Акрам мешунидем. 

 Ин марди ҳунар ҳайронии моро ҳис карда...-Оҳ! Чӣ тур аскарҳои бардаму зебо! Ишора карданд, ки наздашон равем. Мо худро на чандон роҳат ҳис мекардем. Баъди дудаста салом кардан аз мо пурсон шуданд, ки аз куҷоему дар куҷо хизмат кардаем. Ишрат ба ҷойи мо ҷавоб дод, ки дар Украина хизматро тамом карда, сафари Ванҷу Рушон дорем. Ниятҳои моро пурсиданд, ки акнун ба чи кор машғул мешавем. Ман гуфтам, ки Алиназар дар Омӯзишгоҳи рассомӣ таҳсилашро давом медиҳаду банда бошад дар Омӯзишгоҳи мусиқӣ. 

-Пас ману ту ҳаммаслак будаем. Шумо маро мешиносед?-гуфт Ака-Шариф. Ишрат шиносоиро давом дода, Шумо Ака-Шарифи машҳурро кӣ намешиносад-гуфт. 

-Балаҳом, ман имконияти таҳсилро надоштам. Замона ноором буд. Аз Дарвоз рост ба Ғарм омада, дар хонаи маданияти ноҳия машқи мусиқӣ карда, дар байни мардум ҳамроҳи даста консертҳо медодем. Бори аввал ба Сталинобод пойи пиёда омада, дар олимпиадаи республика иштирок карда, ба мардуму калонҳо маъқул омадам. Аз ҳамон вақт дар филармония то ба имрӯз кор карда истодаам. Саломатиам хуб нест. 

Суҳбати моро ду шахси дигари навомада халалдор карданд. “Балаҳом ба шумо маваффақият орзу мекунам. Ба Ватан, ки хизмат кардед, акнун хизмати падару модарро ба ҷо биёред”. 

Моҳи октябри соли 1966 аз радиёву газетаҳо хабардор шудам, ки Ака-Шариф аз олам гузаштааст..

 2 Боқӣ ва Турсунзода

 Соли 1982 дар давраи дар Хонаи эҷодиёти халқӣ кор карданам, ният кардам, ки дар бораи ин устоди ҳунари мусиқӣ китобе чоп кунам. Ҳамон сол аз қафои мавод шудам. Ба Қалъаи хумб ба зодгоҳи Ака-Шариф рафтам. Баъди ҷустуҷӯи кутоҳ ба ман муяссар шуд, ки бо хоҳараш, ки он замон зиёда аз 70 сол дошт ҳамсуҳбат шавам. Аз Душанбе як харбуза дастовез бурда будам. Он давраҳо чопи китоб бисёр мушкил буд...

  Мо кормандони шуъбаи фарҳанги ш. Душанбе аз руи масъулиятамон дар байни мардум корҳои тарғиботиву фарҳангӣ мебурдем. Ман, ки мутахассиси шуъба будам, вазифаам сохтани нақшаи чорабиниҳо буд. Ҳайати дастаи мо аз лектору шоиру нависандагон ва дастаи бадеӣ-худфаъолиятӣ иборат буд. Шуъбаи фарҳанг бо Иттифоқи нависандагон ҳамкорӣ дошт. Мудири шуъбаамон Абдураҳмон Қурбон ба ман гуфт, ки рафта аз хонаи нависандагон як ё ду шоирро ҳамроҳи дастаатон бигиред. Мактуб тайёр карда бо Хонаи нависандагон рафтам. Ба котиба мақсадамро гуфтам. Ҳоло раис банд аст. Каме интизор шавам. Азбаски дар нимроғ буд аз дарун овоз  баромад: Кист? Бигзор дарояд (Хонаи нависандагон он вақт дар пушти Шӯрои Вазирон хонаи якқабатаи чор-панҷҳуҷрадор ҷойгир буд). Даромада бинам раис-Мирзо Турсунзода бо Боқӣ Раҳимзода дар сари миз бо чой ва ба фикрам конфети ирис кадом назм ё насрро таҳлил мекарданд. Боадабона даст ба сари сина бурда нимқад шуда, салом додам. –Биёед писар. Он вақт 24-25 сола будам. Мактубро суяшон дароз кардам. Баъди аз назар гузаронидан ба Боқӣ назар карда мазмуни мактубро гуфтанд. Дар заводи “Тоҷиктекстилмаш” аксарияти коргаронашон русзабонанд. Фикратон чист, Боқиҷон? Агар Бозор ва Гулчеҳраро фиристем. Боқӣ Раҳимзода гуфтанд:-Гулчеҳра Сулаймонова шоираи маҳбуби кудакон аст. Он ҷо бошад коллективи коргарон. Ба фикрам агар Гулрухсору Бозорро фиристед, хуб мешавад. Инҳо бо забони русӣ гуфтугӯ ва қироати шеър кунанд. Маслиҳатамон пухт. Акнун як пиёла чой ва ана ин конфетро нуш карда, бо даҳони ширин равед...

2. Ӯлҷабоев

Соли 1975 ҳам дар курси 5-ум мехондаму ҳам дар шуъбаи фарҳанги шаҳр кор мекардам. Кормандони моро ҳамроҳи шоирону нависандагон ба пахтачинии даҳрӯза ба ноҳияи Куйбишев (ҳоло н. Абдураҳмони Ҷомӣ) бурданд. Духтари зебое низ аз Вазорати хоҷагии об бо мо пахта мечид. Ман бо мусиқӣ ва Қутбӣ Киром бо шеър ба дилаш роҳ мекофтем. Қутбӣ китоби шеърҳояшро тақдим карда, қироати шеър мекард. Хулоса вай ғолиб баромад. Чи хеле ки қайд кардам барои ба пахтачинӣ рафтанам метавонистанд маро аз донишкада хориҷ кунанд. Бо саркори гурӯҳамон маслиҳат кардем, ки нормаи пахтамро пеш аз муҳлат иҷро кунаму равам. Розӣ шуданд.  Ҷойи хобам дар пушт ба суи роҳи марказӣ ҳаракат мекардам. Ногоҳ аз байни чанг мошинаи ГАЗ-69 истода ронандааш маро таклифи саворшавӣ кард. Пурсиданд, ки аз куҷо ба куҷо равонаам. Мақсадамро фаҳмондам. Гуфт, ки то истгоҳ маро мебаранд, зеро худашон ноҳия мерафтанд. Дар истгоҳ фаромада, чандин интизорони автобус бо тааҷҷуб ба ман менигаристанд. Дар вақти ҳамсуҳбат шудан гуфтанд, ки ин шахс Турсун Улҷабоев-котиби аввали Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон буд. Ҳоло директори совхоз мебошанд. Симои ин марди сабзинаи миёнақади пурра бо либоси коргарӣ, мӯзаҳои латтагӣ, шляпаи коҳи сафед ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад. Худ ба худ гуфтам: ба ин хел марди хоксор ва инсондӯст он туҳматҳое, ки аз Маскав карда буданд арзанда нестанд. Ин корро ташкил карда буданд...

 

Зиёратуллои Назрулло, Аълочии фарҳанг ва маорифи ҶТ 

  

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter