Бо ибтикороти Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 дар ноҳияи Мастчоҳ сохтмони Қасри фарҳанг оғоз ёфт, ки аз рӯи нақшу нигор ва шароити фароҳамёфта дар кишвар ҳамто надорад.
Тавре дар суҳбати ихтисосӣ бо мухбири Газетаи мардумии СССР Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ иброз дошт, Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар шаҳраки Бӯстон аз ҷониби Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» тасдиқ шуда, бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ бешбинӣ гардида, алҳол 27 млн сомонии он аз худ карда шудааст. Фармоишгари он дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, пудратчӣ ҶДММ «Сохтмон-3»-и н.Мастчоҳ мебошад. Роҳбарии сохтмони Қасри фарҳангро, ки армуғон ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ аст, Фахруддин Зокиров бар ӯҳда дорад.
Сохтмончиён мегӯянд, ки тарзи ороиши толор ва наққошиҳои дохили он бо сабки ҳунарҳои миллӣ идеяи худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буда, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳар ҳафта омада, шахсан худаш аз рафти корҳои сохтмонӣ ошно гашта, дар баробари мардум дар ҳашари ободонии гирду атрофи қаср фаъолона ширкат менамояд, ки боиси таҳсин аст.
Дар баробари ин бояд гуфт, сохтмони варзишгоҳи марказии ноҳия, ки барои 10.000 нафар муқаррар шудааст, аз тарафи Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» тасдиқ ва сохтмони он соли 2016 сар шуда буд. Варзишгоҳ бо харҷи 19 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, то ба имрӯз 92% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Ин 2 иншооти муҳим дар маркази н.Мастчоҳ алакай омода шуда, дар рузҳои таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ботантана мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.