ХАБАРИ ДОҒ

Меравам, ҳаргиз намеоям дигар…

  • Чоршанбе, Авг 19 2020

Ӯ рафт! Ҳаргиз намеояд дигар!!! Мутаассуф, рафт, ҳарфҳои ногуфтае дар дил дошт, ки бо худ бурд. Меҳмони гиромӣ, узви Ихвон ал СССР, дӯст ва хонандаву мухлиси ҳамешагии газетаи мардумӣ буд. Ҳар шумора занг мезаду мегуфт:

-Фарзанди падар! Мақолаатро хондам, кайф кардам, зӯр гуфтӣ, вале ба кӣ мегӯй…

Боби 1. Фарзанди падар…

Ин ибораи дӯстдоштатарини Ҷамшед Исмоилов буд. Иборае, ки аз сидқ садо медод ва дигар бар касе талаффузаш зебанда нест. Зеро ба ҳақиқат ӯ фарзанди падари ҳар тоҷикистонӣ буду ҳар тоҷик фарзанди падари ӯ: Тоҷики асил ва асилзодаи Тоҷик буд!

Боби 2. Мактаби Ҷӯрабек

Ҷӯрабек Назриев то ин ки тани танҳо дар биҳишт насарояд, беҳтарин, бузургтарин, зеботарин шогирдашро бо худ ба Боғи Ҷаннат бурд:

Он нозгулӯро надарад боз гулӯ,

Гулчини аҷал бичидат осон он сӯ…

Боби 3. Аз Кӯрбазм то Шаҳбазм

Қадами нахустинашро дар соҳаи санъат аз тӯйҳои мардумӣ дар кӯчаи Первомайи ш. Кӯлоб гузошт. Кӯчае, ки ҳатто дар Кӯлоб, шаҳре, ки ҳофизу хунёгар будан, амали маъмулист, чун кӯчаи ҳунармандони асил номовар аст. Кӯрбазм мекард, бо 1 аккордеон ва бо ҳамин аккордеон РСС Тоҷикистон ва СССР-ро тасхир карда, то базмҳои Шоҳона роҳ ёфт ва онгуна, ки консертҳои давлатӣ бе ӯ бемаънӣ метофтанд. Мисле, ки дар консерти бузурги Кӯлобшаҳраш «дӯстони фарҳангдураш» роҳаш надоданду кӯлобиҳо то охир ба умеди шунидани суруди маъруфи «Ӯ ҷони миллат аст!» беҳуда нишастанд…

Боби 4. Асосгузори сабки пойтахт

Ҳар шогирде то ҳадди устодӣ нарасад, мард нест. Ҷамшеди мо аз ин марз ҳатто убур кард, зеро ҷавонмардонатар буд! Ӯ натанҳо то дараҷаи устодӣ расид, ки сабки вежаи худро асос гузошт. На беҳуда, Сафват Бурҳонови борикбин Исмоиловро «Асосгузори Сабки Пойтахт» ном мебурд. Ба таҳқиқ дар солҳои 80-уми асри ХХ Ҷамшед Исмоилов ба сабки вежаи душанбегӣ поя гузошт ва сарояндагони пиру барно, хоҳу нохоҳ шогирдони ин Мактаби Бузурги Сабки Пойтахтии Ҷамшед Исмоилованд.

Боби 4. Патриоти советӣ

Суруди «Помир! Помир!! Помир!!!» гимни нонавиштаи на танҳо дастаи футболи маъруфи миллӣ дар Лигаи 1 ва олии СССР гардид, ки суруди миллии алтернативии миллати Тоҷик дар баробари «Чу дасти рус мадад намуд» шуд.

Боби 5. Артисти халқӣ

Медонам унвон дигар ном дорад, вале ӯ воқеан ҳам Артист буд ва ҳам аз они Халқ. Зеро ингуна, ки халқ ӯрову ӯ халқро дӯст медошт, шояд кам муяссари дигарон гардадо…

Боби 6. Патриот ва якрӯй

1 рӯ, 1 мавқеъ, 1 ҷиҳата ва гуфти кӯлобиҳои худаш «1-фоқа» буд. Президентро дӯст медошт. Бисёр мансабдорон, бо рафтанашон аз сари кор «пӯсташонро дигар» мекунанд, вале Ҷамшед Исмоилов, ки қурбонии фитнаи дарборӣ шудаву аз вазифаи муовини вазири фарҳанг рафта буд, ҳаргиз ба муҳаббаташ нисбат ба Президенти ҶТ хиёнат накард ва рӯирост мегуфт, солдати Пешвои Миллат аст.

Боби 7. Зебо ва хушрӯ

Хеле марди зебо ва покизакор буд. Замоне нисфи бонувони олам ошиқаш буданд. Ҳатто Президенти ҶТ дар 1 дидор гуфта буд, «вақте дар меҳмонхонаи Душанбе меҳмон будам, чандин духтарони зебо омада, ба ман мактуб медоданд, ки бурда ба Ҷамшед расон!». Ин суханро дар ҳузури мардум ва худи Ҷамшед мегуфт…Воқеан ҳам Ҷамшед Исмоилов на танҳо мунодии фарҳангу санъат, балки символи чеҳраи зебои Тоҷик дар ақсои олам буд ва ингуна Чеҳраи Хуб ҳатман символи Биҳишти Худо хоҳад шуд. Бовар дорем. Мо Метавонем!

Рӯҳат шод ва хотири нозукат абадӣ бод, дӯст, ҳамшаҳрӣ, ҳамдиёр, ҳаммилат, ҳамфикр ва ҳамзабони асилам.

С. Мизроб

Барои аъзои Ихвон ал СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter