ХАБАРИ ДОҒ

Мактуби кушодаи Хоҷа Насриддини ҷовид ба Билл Гейтс

  • Чоршанбе, Авг 26 2020

 

Устоди сухан, афсонаи зинда, Хоҷа Насриддини асри ХХ ва ХХI, Темур Зулфиқоров, марзи 84-ро убур карда, сӯи 85 гом ниҳод. Ба ифтихори ин ҷашнвора номаи саркушоди Хоҷаи муосир ба пулдортарин ва ҳаристарин Қорани муосир ба дасти чоп рафт. Мо Метавонем!

 Дӯстони азиз!

Аз Ҳиндустон нома гирифтам, ки дар он навишта шуда:

«Дар кишвари Тибет мегӯянд, ки 7 Хирадманди Махфӣ оламро идора мекунад. Онҳо ба бадӣ имкон намедиҳанд, ки Некиро мағлуб созад. Шумо яке аз Онҳоед».

Ман ташаккур гуфтаму илова намудам: «На ман, балки устоди бузургворам  Хоҷа Насриддин, бегумон, ба ин Ҳафтгона ворид мешавад. Ана, мактуби ӯро ба Билл Гейтс бихонед.

 

 Мактуби кушодаи Хоҷа Насриддини ҷовид ба Билл Гейтс

Бародари азизам Билл!

Ман бо шоҳ Салмон аз боби Хирадмандӣ суҳбат доштам…

Бо худи Ҳомер –  аз боби Назм…

Бо Конфутсий –  аз боби Давлатдорӣ…

Бо Чингизхон –  аз боби Ҷанг…

Бо Сталин  –  аз боби Империя…

Акнун фурсате расид, ки бо Ту суҳбат ороям…

 Ғояи ҳокими саросари олам будан аз рӯзи Офариниши Дунё вуҷуд дорад…

Чингизхон ба ман гуфта буд:

Дар осмон  –  Худо…Дар Замин – Ман…Аз ман болотар – фақат телпаки ман…Аммо  ку телпаки ӯ? Ҳамон фавҷ – фавҷ лашкари савораи фотеҳи қийғосиаш ку? Устухонҳояш куҷост? Касе намедонад…Оре!.. 

Аммо ғояи пучу ботили Ҳукмрони Дунё  шудан боз рӯи Замин мехазад –  мисли каждуми заҳрноке, ки моҳи май аз зери санги гарм берун меояд…

Ва худи ҳамин каждуми саросарӣ ИМА аст… 

Ин Иёлоти Муттаҳидаи Ҷаҳаннам аст, ки аз сӯи тӯдаяки бонкдорони ҷунундор идора мешавад… онҳо дар даст триллионҳо коғазакҳои сабзи тавоно доранд…Онҳоанд, ки дар таҳхонаҳои бонкҳояшон гашта, хиштҳои тиллоиро сила мекунанду навозиш…Магар онҳо беақл нестанд?..Магар онҳо Саворагони нави Апокалипсис – Қиёмат ҳастанд?..Оре…

Пештарҳо ҳокимони кӯтоҳбин бо ёрии шамшер мехостанд Ҳокими Дунё шаванд…ё бо ёрии тир…бомбаи атомӣ… доллар…Акнун бо ёрии компютер, васоити ахбори дурӯғгӯ ва вируси корона, ки яке аз офарандаҳояш туӣ, бародари раҳгумзадаам Билл…Оре…

Хирадманде мегӯяд, ки интернет ин Бурҷи уфуқии Бобил аст…Боз ҳамон пири хирадманд мегӯяд, ки байни бинокорони ин бурҷ худи шайтон ҳам буд…Ҳангоми сохтани интернет ва вируси корона низ ӯ истода буд…

Бародарам Билл!..

Оё ту ӯро надидаӣ?...Ҳаври сӯзони даҳонашро ҳис накардаӣ?...Маълум аст, ки шайтон маймуни Худост…Шайтон мепиндорад, ки Худо ӯст… Ӯст соҳиби ин замин, Шоҳи олам…

Бародарам Билл!..

Фикри ту чист? Ё андешаҳои қадимаатро пинҳон медорӣ? Ғояи фартути гаҳворагиат -  Ҳокими Дунё шуданро низ? Оре…

Аммо ҳар касе, ки фикр мекунад, Худо ӯст, оқибат ба чангу хоки  талхи роҳҳои заминиву осмонӣ табдил меёбад… Оре!..

Иёлоти Муттаҳида чӣ?..

Оре, ҳамон ИМА… Ҷое, ки  рекламаи дурӯғин ин қадар пурқудрату марговар аст, ки одамон дар ҷаҳаннам зиста мегӯянд, дар Биҳиштем… Оре, чунин аст! ИМА ин каждуми сабзи доллармонанди чашмонаш дар тахтапушт аст…Ин чашмон ба ақиб менигаранд – ба Бобили мурда… нохалаф…Оре…

Мардумони хапу хамӯши олам чӣ? Хамӯшанд… хамӯш…Хамӯшие, ки хиёнат ба Худост… Халқҳо чӣ?...Галаи гӯсфандони мутеъ?..Ҳамту?...Аммо ғизои дӯстдоштаи гӯсфандон каждуми наврасидаи сабззаррин аст…Ана ҳамин тавр халқҳо Каждумро  –  ИМА-ро мехӯранд…Инчунин ҳокимони махфии… нобинои онро дар таҳхонаҳо бо хиштҳои тиллоиашон...Оре!..

Ва ба онҳо паноҳгоҳҳояшон аз ҳамлаи атомӣ низ ёрӣ нахоҳанд дод… ки он ҷо онҳо тани афсурдаи худро аз ҷанги атомӣ мехоҳанд пинҳон кунанд…ҷанге, ки ба шуданаш бовар доранд… чун машрукони нав…

Эҳ, бародарам Билл!...Ту ҳам чунин паноҳгоҳ дорӣ - ҳа?..

Воқеан, ман дарҳои ин паноҳгоҳҳои махфиро сахт махкам мекардам, зеро онҳо эҳтимоли оғози Ҷанги Охирини Шайтониро тахмин мекунанд…

 

Бародарам Билл! Ту гӯё барои хариди доруворӣ пул ҷудо мекунӣ…

Гӯё барои Ҳаёт…Дар асл – барои тарсу ваҳм… Воҳима… 

Барои ҳарос…Барои марг…Пулҳои ту пулҳои марганд, на Ҳаёт…Оре…

Пулҳои  сарватмандон – пулҳои марг…Худи сарватмандӣ бошад, гуноҳ аст!..

Ин дуздӣ аст...Ин марг аст…Ин ҷунун аст…Ин дӯзах дар зиндагист…Оре, чунин аст!..

Сарватмандӣ роҳи тӯлониву махуфест то Худо! Ва маълум нест, ки то Ӯ мерасӣ ё на? Оре…

Ҳамсуҳбати хирадманди ман Конфутсий мегуфт: «Вазифаи ҳоким иборат аз тақсими боигарист…».

Имрӯз боигарӣ чӣ гуна тақсим мешавад? Миллиардер миллиарди шайтонии худро мегирад…Муаллим, духтур, деҳқон – маоши ночизи худро…Чӣ, магар миллиардер миллиард даҳону меъда дорад? Ҳамин тавр ҷарӣ байни дорову камбағал торафт амиқтару бетаг мешавад…Ва ба ин ҷар тамоми одамизоди гӯсфандтабиат бо роҳбаладони ҳариси ҳашаматхоҳи худ  фурӯ меравад…Оре…

Ҳол он ки аз даврони Спартаи қадим  маълум аст, ки ҷалолу ҳашамат империяҳову халқҳоро фурӯ мебарад…Мисли кирме, ки дарахтро аз дарун хӯрда меояд… Беҳуда дар Спарта зидди шукӯҳу ҳашамат қонунҳои сахти Ликург қабул нашуда буданд… Ва то замоне, ки онҳо амал доштанд, зиндагии мардум равнақ меёфт, Спарта мағлубнопазир буд. Куҷоянд Ликургҳои ин замон? Дар кадом кремлҳо? Дар кадом қасрҳои сафед? Дар кадом қасрҳои Елисей ё Букенгем? Куҷоянд онҳое, ки дар бораи Ватан фикр кунанд, на дар бораи ҷайби хеш? Ҳол он ки роҳбари ҳақиқӣ худро аз карру фару ҳашамат дур мегирад… зеро тақдири 1  кампираке дар деҳоти фаромӯшгардида барои ӯ аз лимузину яхтаву виллаҳо муҳимтар аст… 

Воқеан, Ҳокимияти Одилона ҷалолу ҳашамати Худовандист. Ҷалоли некӣ кардан ба Халқ! Бузургтарин… ширинтарин ҳашамуту ҷалоле, ки Худованди замину осмонҳо ба инсони заминӣ бахшидааст…  Оре, чунин аст!..

Рӯзе, ки Сталинро мегӯронданд, маълум гашт, ки вай ҳамагӣ 1 ҷуфт мӯза доштааст ва он ҳам сурохшуда будааст…Ҳокимони имрӯза – дурӯяҳову дузданд ва ҳокимиятро танҳо барои пур кардани шиками серинопазири худ истифода мебаранд… Ҳайфо… ҳайфо…

Бародари оқилам, Билл!..

Баргардон! Пулҳои дуздидаатро ба соҳибонашон баргардон! Он гоҳ роҳи ту то Худованд ҳамвору кӯтоҳ мешавад! Розӣ шав! Орзуи ҳокими дунё буданро аз сар дур кун! Ё ту кӯр-кӯрона бовар дорӣ, ки бо компютеру вируси корона, васоити ахбори фурӯхташудаву нохалаф халқҳо – гӯсфандонро ғулом месозӣ?

Бародарам Билл! Ту каждум машав! Ман намехоҳам, ки туро гӯсфандон бихӯранд…Инак, Ту ҳамаро ба мардум додӣ…Ва дар соҳили уқёнус озодона чун боди озод мегардӣ…Дар дастат пораи нон ва  шишае бо оби чашма… Ва ин Роҳ сӯи Биҳишт аст...

 

Бо муҳаббат ва умеди ноумедона, Хоҷа Насриддини ту…

(Аз русӣ тарҷумаи Нур Табаров)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter