Соли оянда аз замони ба дасти хонанда расидани романи ҳаҷвии “Сагузашти Сафармахсум” 50 сол пур мешавад. Дар ёд дорем, ки муаллифони ин асар Ҳабибулло Назаров ва Ҷалол Икромӣ баъди чопи роман, бо обрезии муҳаққиқону ҷонибдорону мухлисон ба осиёби баҳс доир ба кӣ будани муаллифи асосӣ талоши доманадоре баргузор шуда буд.
Ба муҳтавои баҳсҳо наздик нашуда қайд карданием, ки ин асар бо тарзи баён ва қабл аз ҳама бо самаранок истифода бурдани эҷодиёти шифоҳии халқу ба садои дили мардум наздик буданаш асари рӯйи дастии бисёриҳо гашта буду дар тӯли ним аср ин ҷаззобияти худро аз даст надодааст.
Ҳамагон огаҳанд, ки дар идомаи сужаи ин роман ва саргузашти қаҳрамони он асари Ҷалол Икромӣ “Сафармахсум дар Бухоро” иншо гардид. Мазмуни пйесаи Ато Ҳамдам, ки дар асоси мазмуни ин асар навишта шудаю ба саҳна гузошта шудааст, дар озмунҳои байналхалқӣ соҳиби ҷоизаҳо гардид. Ҳарчанд дар бисёр мавридҳо номи кашшофи нахустину асосии образи Сафармахсум аз сатри варақаҳою эълонҳо афтида буданд, симои қаҳамони асарро дар ин ним аср хонандаю тамошобин ва ашхоси шунида бо табассум ва хушҳолӣ пеши назар меорад, бо номи ӯ латифаҳо мебофанд.
Пас, Сафармахсум чӣ гуна симо буд? Офаридаи адиб (адибон) ё шахси воқеӣ ва ё симое, ки бо истифода аз ному лаҳзаҳои саргузашти он ва дар асоси эҷодиёти бойи даҳонии халқро офаридаанд? Яъне Сафармахсум гуфтанӣ одам буд ё онро сохтанд?
Дар як суҳбат устоди азиз, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев таъкид карда буданд, ки нависанда образу воқеаро аз ҳаёт мегирад. Адиб ба ҳодисае, чи кӯчаку чи калон шоҳид мешавад, дар пеши назараш рух медиҳад, аз байни анбӯҳ симоеро мебинад ва дар офаридани ғояи асараш онро маъқул мешуморад ва дар атрофи ҳамон воқеаю симо ҳунари баёнгарии худро ба намоиш гузошта, онҳоро пурра кардаю мувофиқи мақсадаш тағйир додаву иловаҳо карда асарҳо меофарад.
Ин гуфтаҳои устод ҳақиқати ҳол ва дар талаботи қонунияти илми адабиётшиносӣ аст. Аз ин рӯ, баъди мутолиаи асари “Сагузашти Сафармахсум” ҳар як хонанда ба худ савол медиҳад, ки оё чунин шахс дар воқеъ дар ҳамон давра буд ё не? Мо ҳам ин саволро пайгирӣ мекардем ва ба он ҷавоб меҷустем Албатта, медонистем, ки ин образ типпӣ аст, барои нишон додани як гӯшаи ҳаёти иҷтимоии пурмуаммо ва наҷиби замони ибтидои асри гузаштаи халқи тоҷик дар Бухорои Шарқӣ бо усули танзу ҳаҷв иншо шудааст.
Султонмурод Одина,
адиб,
Корманди шоистаи Тоҷикистон