ХАБАРИ ДОҒ

Аз тарафи Ҳукумати кишвар, бевосита зери назари фарҳангҷӯёнаи Пешвои миллат ташкил ва гузаронидани Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." бисёр ҳам иқдоми наҷиб ва саривақтӣ буд. Зеро ин чорабинӣ бори дигар мардумро ба ҷодаи илмомӯзӣ ҳидоят намуда, барои боз ҳам дақиқтару ҷиддитар мутолиа намудани осори бою рангини ниёгонамон мусоидат намуд. Аз тарафи дигар чеҳраҳои нави сухандону сухансанҷ, ровиёну гӯяндагони назму насри чи классик ва чи муосир ошкор гардиданд, ки ин натиҷаҳо назаррас аст. Бахусус, Озмуни имсола, ки дар он номинатсияи шоирӣ илова гардидааст, барои аҳли эҷод имконияти хубест, то намунаи эҷодиёти худро пешкаш намоянд ва ба ин васила ба қавле муаррифӣ шаванд ва ҳунару истеъдоди худро дар ҷодаи шеъру шоирӣ санҷанд.                                                                                                                                                            

Ва аммо баъд…

Камина омӯзгор ҳамзамон даъвои рӯзноманигорӣ мекунам ва дар яке аз деҳоти дурдасти ноҳияи Қубодиён, ки аҳолияш ҳамагӣ ӯзбекзабонанд, кору фаъолият дорам. 2 сол шуд шогирдонро барои Озмун тайёр мекунам. Соли гузашта шогирдонам то сатҳи ноҳия ва имсол бошад то сатҳи вилоят рафта, дар Озмун иштирок намуданд. Ҳарчанд ки дар сатҳи вилоят ҷойи намоёнро ишғол накарданд, аммо барои 1 духтараки деҳотӣ, ки қисми зиёди мардуми ин деҳа ҳатто ба забони тоҷикӣ ҳарфе зада наметавонанд, иштирок дар Озмуни сатҳи вилоятӣ ин худ ғалаба аст.  Вале мутаассифона, заҳмату меҳнатҳои мову шогирдон на аз тарафи маъмурияти муассиса ва на аз тарафи шӯъбаи маорифи ноҳия ҳатто ба як ифтихорнома ё сипоснома ҳам қадр карда нашуд. 

 Чигуна маро мунтазир карданд

Худам низ каму беш ба касби эҷод машғул буда, бо таклифи дӯстону ҳамкорон дар Озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ..." аз номинатсияи шоирӣ иштирок намудам. Мувофиқи шартҳои Озмун ҳар он чи ки талаб шуда буд аз он ҳам зиёдтар ба ҳайати ҳакамон пешкаш намуда, дар Озмуни сатҳи ноҳиявӣ сазовори ҷойи аввал гаштам ва маро барои иштирок намудан дар сатҳи вилоятии Озмун пешбарӣ намуданд. Рӯзи 2 октябр мо ба маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар омадем. Баъди интизориҳои зиёд, пас аз нисфирӯзӣ ба мо навбат расид. Мо 4 нафар аз ноҳияи Қубодиён будем ва ҳамроҳи мо аз дигар навоҳӣ низ довталабон иштирок доштанд. Аз сабаби он ки ба ман аз ҳама охирон навбат расид, дар давоми 3 - 4 соат мушоҳида намудам ва дидам, ки ягон нафар довталабе, ки шартҳои Озмунро пурра иҷро кардаву мавриди таваҷҷуҳи ҳакамон гардида бошад, ёфт нашуд. 

Чигуна маро ноумед карданд…

 Баъд аз таҳлилу баррасии маводи пешниҳодшуда ҳакамон ба ман гуфтанд, ки маълум аст, Шумо мутолиа доред, мо Шуморо пешниҳод мекунем. Ман бо табъи болида ба ҳайати ҳакамон барои маслиҳату роҳнамоиҳояшон дар ҷодаи эҷод изҳори сипос намуда, бо онҳо хайрухуш карда, ба ноҳия баргаштам. Мутаассифона, ин хурсандӣ ба нокомиву ноумедӣ анҷомид, зеро рӯзи 26 октябр аз ноҳия хабар доданд, ки 6 нафарро ба ҳузури раиси Вилоят барои қадрдонӣ даъват кардаанд ва дар рӯйхат номи Шумо нест. Сабабашро аз шоир Озаррахш ва Сардори Раёсати Фарҳанги вилоят Аловиддин Абдуллоев, ки аъзои ҳакамон буданд пурсидам, ҳеҷ кадоме аз онҳо ҷавоби аниқ ва қаноатбахш надоданд. Албатта, даъвои калониву шоирӣ надорам, балки дар пайравии бузургони адабиёти классикӣ гоҳе эҳсосоти қалбиву равонии худро рӯи коғаз меорам ва хуб медонам, ки шеъри ман аз камбудиҳо орӣ нест ва ислоҳпазир будани онҳоро ҳайати ҳакамон низ қайд намуданд, лекин гап дар сари он аст, ки агар дар вақташ мегуфтанд, ки маводи Шумо қобили қабул  нест, асло хафа намешудам, баракс бештар масъулият ҳис карда, бар болои худ кор мекардам. Аммо вақте ки шахсро баумед мекуниву охир ба ноумедӣ меанҷомад, хеле дарднок ва аламовар аст.

 

Маҳмудҷони  Абдулаҳад  

 омӯзгор ва рӯзноманигор, 

узви ИЖ Тоҷикистон

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter