ХАБАРИ ДОҒ

Тоҷик бояд ЧОЙХОНА созад!!!

  • Чоршанбе, Дек 09 2020

(«Чойхонаҳоро баргардонед!»-ро бонги бисёр баланду саривақтии рӯзномаи мардумии СССР мепиндорем)

   Оре, вақти он расидааст, ки чойхонаҳо эҳё гарданд. Хусусан имрӯз, ки дари клубҳо баставу гӯшаҳои ба истилоҳ сурх, ҷойи нигоҳдории латаву сатилу чӯби (швабраи) фаршшӯии фаррошон гаштааст. Аз китобхонаҳои оммавии деҳот ном барои ҳисобот мондаасту халос. 

Баробари аз дӯкони Зоирбек харидани рӯзнома (ҳалолаш бод ин марди шарифро, ки ҳар рӯзи ҷумъа-тобистону зимистон, аз шаҳри Хуҷанд рӯзномаҳоро аз ҷумла, ҷаридаи мардумии СССР-ро дастраси мардум мегардонад), раҳораҳ онро варақ зада, маводро зери рубрикаҳои ошно меҷӯям ва дар саҳифаи 8 таҳти унвони «СССР: мо ва камбудии мо» чашмам ба сарлавҳаи «Чойхонаҳоро баргардонед!» афтид. 

Офаринатон, СССР-чиён, ки дарди дили мардумро медонед! Дар 1 дам маводро хондам, мазмунро «фуру» бурдам ва ба М.Аминзода рашкам омад, ки чаро ман нею ӯ навиштааст. Аҳсант, бародар, М.Аминзодаи СССР, қоил кардед бо ин мавзуи аз хотирҳо фаромӯшшуда! Пештар меҳмонони Душанбешаҳри гулистон, баъди дар меҳмонхона ё хонаи хешу табор, ҳамдеҳагон ҷо гирифтан, баробари сайру гашт, ҳатман бо чойхонаи «Роҳат» меомаданд, ки куфти роҳ бароранд, одаму олам бинанд, аз навигариҳо хабардор гарданд. Ҳозир чӣ? Ин рисолатро қурутобхонаи «Олимҷон» гирифтааст, аммо барои он ҷо рафтан таксӣ меҳмони нобаладро хеле «чарх» мезанонад дар кӯчаҳои пойтахт. СССР-ро хонда 1 воқеаи роҳатшиниам бо ҳамсабақон дар хотирам равшан шуд. 

Дуғоби «Роҳат»

 Мо-се нафар хатмкардагони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи милии Тоҷикистон (соли 1970), баъди вохӯрии умумӣ, хостем ҷойҳои «буҷулбозӣ»-амонро дар солҳои студентӣ, давр занем, гузаштаро ёд кунем. Омадем ба чойхонаи «Роҳат», баромадем ба қабати дуюм, ҷои мувофиқро интихоб карда нишастем. Пешхидмат омад, лутф кард, қоғазу  қалам дар даст. Зиёбой Ҷалилов (аз шаҳри бостонии Панҷакент) моро аз ҳаловати хизмат ба дӯстон маҳрум накунед гуфт, тем более, серем, баъди зиёфати умумӣ. Чи ҳам мегуфтем, ману Бекмуроди нафақахӯр. Ва фармоиш дод Зиёбой: 

-Хоҳарам, бисёр пазмон шудаем ба дуғобҳои «Роҳат», 3 гелос (Зиёбой чанд сол дар Афғонистон буд) аз ҳамон роҳати ҷон дар ин ҳавои тафсон меовардед. 

Пешхидмат, ки аз ин 3 нафари олуфта дигар чизро интизор буд, гапи Зиёбойро то охир гӯш накарда, ғайб зад. Ана, инро хизматрасонӣ мегӯянд, луқма партофт Бекмурод, дар 1 дам аз паи иҷрои «заказ» шуд.

Мо банди баҳсу мунозира, гузаштани вақтро нафаҳмида, суҳбат доштем, бекор-дия. Ниҳоят «заказ» омад, баъди чанд бори дигар таъкид намудани Зиёбой. Духтарак 3 зарфи пурдӯғро башаст болои миз партофту рафт (бале, нагузошт, партофт). Кашидем, тасф фаровардем, роҳат кардем. Зиёбой боз таъкид кард, ки кисаковӣ нашавад. Омад духтар ва тунд карда гуфт: 28 сомонӣ! Зиёбойи барои ҷебакковӣ нимхез шуда, ба ҷояш нишаста монд: чанд пул гуфтед, хоҳарам? 

- 28 сомонӣ, бобоҷон!...

-О, пештар, -пешхизматро ба инсоф даъват карданӣ буд Зиёбой, -дуғоб чанд тинак буд. 

-Пештар дар тоқи боло монд, бобоҷон, пула бароред, маро нороҳат накунед. 

Чойхонаи усто Шодӣ 

Чунин ном дошт аввалин чойхонае, ки барои фотеҳони Дилварзин хизмат мекард ва болои канали «Тоҷикистони советӣ» дар Ҷамоати деҳоти Оббурдон соли 1956 сохта шуда буд. Чойхоначӣ шахси бисёр озодаю омода Усто Шодии пастиғавӣ буд. Ин чойхона, ба ғайр аз вазифаи асосиаш, боз ба сифати маҷлисгоҳ, клуб, макони консертҳо барои муҳоҷирон, кинохонаи сайёр истифода мешуд. Ҳамин ҷо қотилони Мулло Бобоҷонов-аввалин ронандаи Дилварзин дар колхози ба номи Жданов (имрӯза АХД Фирдавсӣ) тоторҳои Қрим суд карда шуданд, ҳамин ҷо моҷарои посбонони маҳбасхонаи ноҳия ва мардуми маҳаллӣ ҳалли қонунии худро ёфт (маҳбас ба дигар ҷо кӯчонида шуд). Хуллас, чойхона хонаи ҳама буд. Имрӯз ин чойхона болотар аз ҷои аввалинаш болои канали номбурда ҷойгир аст, вазифаи пулро ҳам аз болои канал иҷро мекунад, аммо чойхӯронашро касе намебинад. Шояд масъулони Ҷамоати деҳоти  Оббурдон, ки ҳамагӣ чансад метр дуртар аз чойхона ҷойгиранд, ба фаъолияти минбаъдаи он таваҷҷӯҳ кунанд? 

Дармонгоҳи муҳоҷирон-чойхонаи Хушекат

Соли оянда аз фатҳи Дилварзин 65 сол пур мешавад. Ва дар ҳамин муддат хизмати аҳли чойхонаи деҳаи Сурхгили Хушекати ноҳияи Айнӣ нисбати муҳоҷирони хонабарпушти Мастчоҳ аз хотирҳо зудуда нашудааст. Аз ҷумла, мани 9-сола ҳамроҳи хонаводаи 9-нафараамон, пеш аз убури ағбаи осмонбӯси Шаҳристон, 1 шаб меҳмони ин бандагони Худо будем. Ҳазорон меҳмони ин даргоҳи муқаддас дар ободии чӯли лабташнаи Дилварзин фотеҳаи аҳли ин маконро гирифта буданд, аз ин рӯ онҳоро ҳам фотеҳони Дилварзин гуфтан меарзад. 

«Пирожкиҳо»-и Қурбон Миров

Паҳлӯи чойхонаи марказии ноҳия дӯстам Қурбон Мировро хеле парешон дидам. Баробари вохӯрӣ пурсу посро «фаромӯш» карда, шумо мухбир, нависед, ҳақиқатро нависед, росташро гӯед, натарсед гуфта, нақл кард: 

   - Аз паҳлӯи чойхона 4 пирожкии гармакак гирифтаму даруни чойхона тохтам, бинед ҳаво ях, хостам он ҷо сари миз баҳазур танаввул кунам. Хӯрокро болои миз гузошта, аз чойхоначӣ чой пурсидам, аммо ӯ гуфт, ки аз мо хариди хӯрок накунед, чой нест! Ва аз паи кораш рафт. Ман ҳам сари ҷаҳл он хӯрокро ба сатили партовҳо рехтам. Менависед ё не? То навистем, то мошинка кардем, то флешка харидем (барои 1 хабар, редаксияҳо шакли электронӣ мепурсанд-ку?), то ба редаксия омадем, ки бинои  чойхона канда шуд!!! Ман пеши дӯстам хандахариш мондам…

Роҳати ҷон буд, «Мурғоб» 

Чанд сол пеш бо рӯзноманигор, сайёҳ, варзишгар, иқтисоддон, соҳибкор, ислоҳотчӣ, боғбон Тоҷиддин Саидолимови Хуросонӣ, ки дар Мастчоҳ бо номи Дэнсиопини тоҷик маъруф аст, бо фотеҳаи сардабири СССС устод Сайёфи Мизроб азми пиёда фатҳ намудани Бадахшон-Боми Ҷаҳонро кардем ва баъди бозгашт, ҳисоботи кӯтоҳе ҳам дар ин ҷаридаи ҳамахон ба нашр расида буд. 

Ана, дар ҳамин сафар, баробари Чашмаи Носири Поршнев, Чашмаи Авҷи Ишкошим, Гармчашма, Чашмаи Фотима-Заҳро, Қалъаи Қаҳ-Қаҳа, чойхонаи «Мурғоб» ҳам дар хотирҳо монд. Чойхона дар паҳлӯи бозори Хоруғ, болои дарёи Ғунд ҷойгир буда, аз маконҳои серодами ин шаҳр ба шумор меравад, роҳати ҷон буд «Мурғоб». 

Чойхона буду чойхӯр не…

Соли 2018 дар деҳаи зебоманзари Пушинги ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон меҳмон будам. Маркази ноҳия хеле ободу зебо буда, бо кӯчаҳои васею иморатҳои хуштарҳаш шаҳри замонавиро мемонд. Мо баробари макотиби олию бозорҳо, аз чойхонаи маркази ноҳия низ дидан кардем. Бовар кун, хонандаи гиромӣ, дилхоҳ шаҳр чунин иморатро дар ҳудуди худ диданро орзу мекунад. Ин маҷмааи кандакорию меъмории боҳашамат бо боғу саҳни оростаю пероста дар ҳақиқат ҳам намунаи олии санъати дилфиреби бинокорӣ ба шумор меравад. Аммо … Аммо чӣ? Аммо ин ки чойхона ҳасту чойхӯр не! 

Гирдсанги Палдорак 

Дар кӯҳистон аз қадимулайём ҷойҳои махсус буданд, ки чун чойхона, мардум пас аз кор, он ҷо аз суҳбати ҳамдигар баҳра мебардоштанд. Масалан, дар деҳаи мирнишини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ-Палдорак, ин макон «Гирдсанги Палдорак» ном дорад. Барои мавқеи ин деҳаро таъкид кардан, байни мардум чунин иборае корбаст будааст: «Палдорак тинҷай? Оҳ, пас, почо тинҷай». «Гирдсанги Палдорак» тамоми фасли сол «серодам» буд. Ривояте ҳаст, ки 2 нафар аз ҳамсоядеҳа шарт мекунанд, ки оё дар ин нимишаби тирашаби зимистони қаҳратун дар «Гирдсанги Палдорак» нафаре  бошад ё на? Дар он хунукии туфкуняхкун чанд километрро тай карда, мебинанд, ки 2 нафар ҷома  ба сару чойнак пеши рӯ… сӯҳбат доранд. 

Лофгаҳи Сурхкат

Дар деҳаҳо чойхонаҳо бо номи лофгаҳ маълум буданд. Мардуми Сурхкати ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ чунин маконро лофгаҳ меномиданд, ки дар саҳни масҷиди деҳа рӯ ба рӯи Тагоб ҷойгир буд. Падарам мегуфтанд, ки ин ҷо мӯйсафедон аз рӯи синну сол, мартаба, паҳлӯи ҳам болои чӯб, қайроқсанг, деволча нишаста, масъалаҳои диёрдориро матраҳ менамуданд, сухани солхӯрдатарин бартарият дошт. Дар замони шӯравӣ ҳам Лофгаҳ мақому манзалати худро нигоҳ дошта тавонист дар ҳалли муаммоҳо. Аз  наздиктарин хона чою нон  пешкаш мешуд. Ягон  муаммои деҳотиён аз «назар» -и Лофгаҳ берун намемонд. Агар нафаре тӯйи сада (тӯй бо иштироки аҳли дигар деҳаҳо) карданӣ бошад, ҳатман тавсия ва маслиҳати аҳли Лофгаҳро мегирифт. Дар Лофгаҳ ҳал мешуд шумораи меҳмонон, агар бузкашӣ бошад, шумораи аспон, макони бузкашӣ, ҷобаҷокунии меҳмонон. Гузаронидани мусобиқаҳои давидан, гӯштингирӣ, ташкили байтбарак ҳам ба вазифаҳои Лофгаҳ дохил мешуд. Яъне, Лофгаҳ рисолати чойхонаро ба зимма дошт. 

Рисолати чойхона аз нигоҳи Латифӣ 

Нимаи аввали солҳои 70-уми асри гузашта ҷомеаи эҷодии рӯзномаи ноҳиявии «Машъал», ғайр аз устодон Усмон Олим ва шодравон Муллохун Сафаров (Охун Сафар), пурра аз ҳисоби ҷавонони навкор таркиб ёфта буд-ҳама ба омӯзишу маслиҳат ниёз доштанд. Рӯзе котиба Света (Светлана Ахмадгалиева) хабар дод, ки ҳама ба ҳуҷраи муҳаррир, маҷлис будааст. Он ҷо паҳлуи муҳаррир ҷавонмарди қоқинаи мӯйлабдоре менишаст, ки бо каланҷунбонӣ ҳамаро гӯё, ки «марҳамат» мегуфт. Муҳаррир Усмон Олим, ки чун ҳарвақта хеле ҷиддӣ буд, аз ҷо баланд шуда, бо овози марғуладор эълон намуд, ки дар меҳмонии мо рӯзноманигори шинохтаи советӣ, мухбири махсуси «Правда» дар Тоҷикистон, Отахон Латифӣ иштирок доранд. Мо, ки номи ӯро шунида, худашро акнун медидем, дам ба дарун мунтазири суханаш будем. Баъд саволу ҷавоб шуд. Кадоме аз ҳамкорон пурсид, ки муаммои муассисаҳои хизмати маиширо чи тавр рӯи саҳифа овардан даркор, ки ҳалли худро ёбанд, мо чанд сол боз менависем, аммо вазъият бе тағийр, хусусан кори чойхонаҳо нигаронкунанда аст. Устод тавсияҳои хуб дода, гуфт, ки мардуми кӯҳистон, аз ҷумла, болооби Зарафшон, аз қадим ба чойхона, ҳамчун муассисаи маишӣ таваҷҷӯҳ надоранд, марди кӯҳистонӣ дар паҳлуи хонааш чойхарию чойхӯриро қабул надорад, бинобар он паҳлуҳои дигари ин мушкилиро ҷустуҷӯ кунед.

Мувофиқи гуфти устод назари дигари чойхонаю чойхонашиниро мо ба нишон гирифтем ва бояд гӯям, ки дар тағийри муносибати мардум ба чойхонаҳо, чойхонашинӣ, таъсири чойхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳам кам нест. Имрӯз дар маркази ноҳия чанд чойхонаи замонавӣ амал мекунад, ки албатта, баъди баромади рӯзномаи СССР фаъолияташонро бояд беҳтар кунанд. 

 

Мирзоҳамдам Шарифзода, 

рӯзноманигор, н.Мастчоҳ, телефон: 92-757-97-72,

24.11.2020

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter