ХАБАРИ ДОҒ

 

  07.12.2020. Соат ба вақти Душанбе 13:17 дақиқа. Бо ҳамкорон барои хариду тамошо ба фурушгоҳи бузурги АШАН рафта, ба қавле майда-чуйдаи идориро харида, ба яке аз тарабхонаҳои нави туркӣ дар ошёнаи 2-юми ин марказ қарордошта даромадем. Ҳамааш хуб буд то он замоне, ки ман нусхаи манораи Эйфели Парижро дар паҳлӯи АШАН ва рӯбарӯи тарабхонаи «Сеит Эфенди» надидам. Мутахассисон саргами кор дар ин манора буданду маълум аст, ки онро дар арафи фарорасии соли нави милодӣ ҳатман ботантанаи хос ифтитоҳ хоҳанд кард. Дидори Париж ва рамзи он манораи Эйфел, ки яке аз аҷоиботҳои ҷаҳон ба шумор меравад, орзуи деринаи ман аст, вале дидани ин қадар нусхаи Эйфел дар Тоҷикистон ба қавле завқи маро нисбат ба Парижу рамзи он чунон коҳондааст, ки мондан гиред…

Тоҷикистон ватани Эйфел?

   09.09.2019. Нахустин нусхаи Эйфелу дигар рамзҳои Фаронса амсоли осорхонаи Лувр лоиҳаи махсусе буд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар яке аз боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ш.Кӯлоб бунёд ёфта, бо тантанаи хос ифтитоҳ гашт. Хуб масъулони лоиҳа ҳатман сари ину он хеле фикр кардаву бо коршиносон низ сӯҳбат анҷом дода, пасон манораи Эйфелро ба қавле дар ҷигари Кӯлоб гузоштанд. Он замон боғи нав бо Эйфелу Лувр, ки дар кишвар ҳамто надошт, аз ҷониби сокинону сайёҳон хуб пазируфта шуд, зеро на ҳама имкони сайру саёҳатро доранду манораи оламшумулро рафта, дар ҷояш дида метавонанд. 

 Эйфел дар Левакант

Ин ҳамааш хуб буд то замоне, ки раҳбарияти ш.Леваканд (собиқ Сарбанд) бо гузашти 4-5 моҳ дар даромадгоҳи ин шаҳр низ нусхаи манораи Эйфелро гузоштанд. Ва ана баъд «формулаи саллаву калла» сар шуд. Шояд ҷое порки Кӯлобро дар сатҳи баланд таъриф карданду мардуми каллабиор хостанд худнамоӣ кунанд…

 Эйфели боғи Кӯлоб маълум аст, ки барои тафреҳ буд, аммо ш.Леваканди Тоҷикистонро бо пойтахти Фаронса чӣ мепайвандад, ки Зарина Давлатзода, раиси ин шаҳр ба ҷойи Парчаму Нишон маҳз Эйфелро рамзи ин шаҳри саноатии вилояти Хатлон кардааст? Ва чаро ин амали ғайривоқеиро, ки ба расму таомул ва анъанаҳои милии тоҷикон хос нест, масъулини болотар қабул кардаву иҷозат додаанд? Ку этикаи идеологӣ ва сиёсӣ?

 Эйфел дар Дарвоз

Дигар ба гуфтаи мардум «Бигир дега!». Пас аз ин нусхаи манораи Эйфел дар маркази н.Дарвоз қомат афрохт, ки он ҳам дар боғи нави тафреҳӣ қарор дорад ва ҳамакнун дар дили Душанбе, боз 1 Эйфелбаччаяки дигар ва маълум нест чаро…

 Эйфел дар ҳама ҷо!!!

Ин қадар Эйфел гузоштаем, ки шояд мардуми Фаронса низ дар ҳайрат монда бошанд?! Ва аз ҳама муҳим бо ин ҳама эйфелдӯстии мо оё дар Фаронса дар кунҷи 1 боғаке лоақал нимпайкараи Исмоили Сомониро мегузошта бошанд!? Метарсам, ки рафта-рафта нусхаи манораи Эйфелро дар Файзободу Мурғобу Ҷ.Расулову Зафарободу Мастчоҳи Кӯҳӣ низ хоҳем диду ба ҷойи Наврӯз Тоҷикистон ватани Эйфел хоҳад шуд…

 

Ромини Амин, СССР

Аниқ-дот ба мавзӯъ

Аз Сӯҳроб ном ҷавонмарди шӯхи кӯлобӣ пурсидаанд, ки «Чаро манораи Эйфелро гузоштед?», ки гуфтааст:

-750 сол Ҳазрати Амирҷонпарастӣ кардем, нашуд, акнун 2-3 сол Эйфелпараст шавем, чӣ мешуда бошад???

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter