ХАБАРИ ДОҒ

МУДИ МИЛЛӢ:АЗ КАМЗУЛИ АТЛАС ТО БЕҲТАРИНҲОИ «ҶИЛВАИ ҲУСН»

  • Панҷшанбе, Апр 28 2016

«Ҷилваи ҳусн», чунин ном дошт Феситивали либосҳои миллӣ, ки ҳафтаи гузашта дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд. Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар даври навбатии чорабинии мазкур беҳтарин тарроҳони шаҳру ноҳияҳои вилоят дастовардҳои ҳунарии худро ба маъраз гузоштанд.

 

 Ба қавли Санавбар Самизода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят, баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ дар пешгирӣ аз равандҳои номатлуб, аз ҷумла, тақлиди носолими ҷавонон ба либоспӯшии барои фарҳанги мо бегона нақши муҳим дорад.

– Таваҷҷуҳи бонувон ба эҳёи расму оинҳо ва сарулибоси миллӣ самараи ҳамин зайл чорабиниҳоест, ки солҳои охир дар кишварамон баргузор мегарданд. Ба маърази тамошо гузоштани беш аз 600 намуд тарҳи сарулибосҳои тарроҳони чирадасти вилояти Хатлон далели гуфтаҳои болост, - мегӯяд С.Самизода.

Умеда Мадаминова, як сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, таассуроти худро баъд аз намоиши мазкур чунин иброз дошт: 

- Фестивали сару либосҳои миллӣ - «Ҷилваи ҳусн» аз он ҷиҳат пураҳамияту хотирмон аст, ки аввалан маърифатнокии бонувонро баланд бардошта, таваҷҷуҳи ҷомеаро ба эҳёи фарҳанги сарулибоси миллӣ ҷалб намуд, баъдан дар ин намоиш кулли тарроҳону ҳунармандон шароиту имкони иштирок кардан доштанд. Хуб мешуд, ки таблиғу ташвиқи фарҳанги либоспӯширо фаротар аз чорабинии мазкур ба роҳ монда, баҳри ба бозор баровардани маҳсули эҷоди тарроҳон имконияти бештар фароҳам биёрем.

Ба гуфти масъулони Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон, камзули атлас, ки имрӯз муд шудааст, маҳз тавассути ҳамин гуна намоишномаҳои ҳунарӣ муаррифию машҳур шуд ва дастандаркорони чорабинӣ бар ин боваранд, ки самараи Фестивали сарулибоси миллӣ - «Ҷилваи ҳусн» ҳам мудҳои беҳтарине хоҳанд шуд, ки дар ояндаи наздик бар тани бонувон хоҳем дид.

- Мо натанҳо барои ҷашну маросимҳо, балки барои кори ҳаррӯза, шуғли хона, сайру саёҳат бояд сару либоси алоҳидаву мувофиқ дошта бошем. Тарбияи маънавию фарҳангии инсон аз оила оғоз меёбад. Аз ин рӯ, дар баробари тарғиби фарҳанги миллӣ зодмандонро мебояд дар оила ба либоспӯшии фарзандон аҳаммияти ҷиддӣ диҳанд, - мегӯяд Лола Султонзода, омӯзгор.

Чуноне ки Лола Султонзода зикр менамояд, одатан одоби либоспӯширо наварӯсон солҳои аввали оиладорӣ хуб риоя намуда, дар кор, хона, меҳмонӣ тез-тез сару либос иваз мекунанд, аммо баъдан баъзе аз онҳо дигар ба тарзи либоспӯшии худ аҳамият намедиҳанд.

Фестивали сару либоси миллӣ - «Ҷилваи ҳусн» дар Хатлон ҷамъбаст гардида, аз намунаи либосҳои пешниҳодшуда 60 номгӯашон ба марҳилаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мешавад, роҳхат гирифтанд.

Баҳодур Уроқов, хабарнигори СССР дар вилояти Хатлон

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter