ХАБАРИ ДОҒ

Ҷоиза муборак, Хуршеди СССР!

  • Чоршанбе, Май 04 2016

Дирӯз, дар Рӯзи байналхалқии озодии баён хабарнигори Газетаи мардумии СССР дар води Зарафшон Хуршед Фозилов барандаи Ҷоизаи ба номи Ҷумъабой Толибов дар бахши тадқиқоти журналистӣ дар соли 2016 гашт. Диплом ва тӯҳфаи хотиравиро ба хабарнигори мо Хуршед Ниёзов, раиси Маркази тадқиқотии журналистии Тоҷикистон супорид.

 

Бояд қайд намоем, ки ин диплом ва ҷоизаи нахустини Хуршед Фозилов нест. Моҳи феврали соли ҷорӣ Абдураҳмон Қодирӣ – раиси вилояти Суғд ба мухбири СССР дар водии Зарафшон барои гирифтани ҷойи 2-юм дар озмуни «Хомаи созанда» дипломи махсус ва ҷоизаи пулӣ тӯҳфа намуда буд. Дар рӯзи матбуоти тоҷик бошад, ки ҳамасола рӯзи 11 март таҷлил карда мешавад, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода Хуршедро бо ҷоизаи махсус сарфароз кард.

Ҷоиза муборак бошад, Хуршеди СССР!

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter