ХАБАРИ ДОҒ

МУЛ-МУЛКӢ НАДИК МУЛ-МУЛКӢ...

  • Панҷшанбе, Март 18 2021

 

 

Раҳмондӯст ҳам рафт…

06.03.2021. Соат ба вақти СССР 10:33 дақиқа. Ӯ аз дӯстии мо-хокиён бибридаву бар дӯстии улвиён пайваст. Бе шакку тардид ҷояш Биҳишти Барин аст, зеро ҷаннатиён ба шӯхиву танзи ӯ муштоқтар аз заминиён гашта буданд.

…То синни мубораки 77-солагӣ (08.03.1944), ки СССР низ омодагӣ медид, то устодро битабрикад, ҳамагӣ 2 рӯз боқӣ монда буд…

Раҳмондӯсти Қурбониён кам бо матбуот сару кор дошт. Зеро нобиғаҳо усалан дӯст надоранд, ки таърифу тавсифашон кунанд. Вале чун артисти номовари даврони СССР буд, аз газетаи мардумии СССР арҷ мегузошт ва дар арафаи солгарди 72-солагияш меҳмони мо шуда буд. Чун паёме бар арвоҳи устоди танзу мутоябаву хандаву нишоти саҳнаи театри миллӣ, ин матлаб бознашр гардид. 

Мо Метавонем!

Ё худ Реформатор Қурбониён!!!

 Ҳич боварам намеояд, ки яке аз қаҳрамонҳои дӯстдори ман, ҳунарманди театру кино ва (таваҷҷӯҳ, ки сирре фош мешавад) мусиқашиносу сарояндаи бе назир-Раҳмондӯсти Қурбониён ба синни 72 расид. Вале ҳақиқат ҳам ин аст. Устод Раҳмондӯст 8 марти соли 1944 таваллуд шудааст...

Аз қишлоқ то пойтахт

Раҳмондӯсти Қурбониён хеле дер ба пойтахт омад. Охири даврони шӯравӣ буд ва агар хато накунам, аввали соли 1988, дар синни 44 солагӣ, ба ҳайси режиссёри ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина», ки Зафар Нозиму Чилахон Холов шӯре бар фалаки ҳунари мардумӣ афганда буд, зуҳур кард. 

 Зуҳури ӯ вулқонеро мемонд. Баъди солҳои тӯлонии кор дар 1 театр бо Одина Ҳошими номӣ, басаҳнагузории чандин спектаклу намоишномаҳо ва ширкат дар Бӯстонҳои советӣ, ҳамакнун Раҳмондӯсти Қурбониён аз худ ба ҳайси артисти синамои советӣ дарак дод. Воқеан устод Қурбониён аз он ангуштшумор афродест, ки нақши 2-ро тавре мебозад, ки қаҳрамони асосиро «пачақ» месозад. 

«Ситораҳои сари танӯр»-и Сайф Раҳимзоди Афардӣ, ки дар солҳои «бозсозӣ» фурор ба амал оварда буд, аз ҳамин зовия филмҳост. Раҳмондӯсти Қурбониён-қаҳрамони манфӣ, ки бояд дар назарҳо «манфур» мегардид...бо 1 эпизод ҳабиби дилҳо шуд.

 Хонанда ин саҳнаро дар хотир дорад, вақте пирмарде устои баддил-Қурбониёнро танқид карда, мегӯяд, «Эээ, ту чӣ хел одамӣ, биё монеээээ...», Раҳмондӯст сари овози ӯро гирифтаву сар мекунад: «Эээээ мул-мулкӣ надик мул-мулкӣ...»... Ин лаҳза садои ханда кинотеатрҳои моро, ки филмро ба намоиш мегузоштанд, мекафонид!

Солҳо ба баъд аз устод пурсидам, ки муаллифи ин эпизод кӣ буд, зеро дар худи асар чунин суханҳо нест? Гуфт, «Борҳо гаштаву баргашта ин лаҳзаро сабт мекардему ҳич писанди коргардон намеомад. Ахиран наворгирӣ ба дилам заду аз матн баромада, ин сурудро хондам ва...Сайф Раҳими Афардӣ-муаллиф ва коргардон маҳз ҳамонро қабул кард!». Танҳо нобиғаҳои касб метавонанд чунин вораста шаванд!!!

 Шахсият, профессионал, заминӣ

Раҳмондӯсти Қурбониён хеле ҳунарманди заминист. Дар вуҷудаш кибр, ғурур, фахр, касали ситоравӣ нест, ки нест. Дилхоҳ проблема дар хона, саҳна, боғу роғ, ҳавлӣ доред, нотарсона муроҷиат кунед; устод ҳатман хидмататон мерасад. Ва медонед чаро? Зеро 1 умр бо мардум буду ҳаст. 

Ӯ дар хурдӣ азияти муҳоҷирати иҷбориро кашида, дар синни 3-солагӣ аз кӯҳистони Кангурт ба такдашти н.Фархор кӯч баст. Ҳудуди соле дар хайма, миёни даррандаву паррандагони ваҳшӣ ба сар бурд. Ба кружоки мактабӣ, ки 3 км дур буд, танҳо нафаре мерафту меомад, ки гавҳари зотии ҳунарӣ дошт. Аз хурдсолӣ дар ин кружок аз худ дарак дод ва баробари хатми мактаб сӯи ҳунаристон, ба Сталинобод шитофт. Ҳунарашро дар назди бузургтарин маэстроҳои саҳнаи Тоҷик-Миттелман, Ҳоҷикул Раҳматуллоев, София Тӯйбоева, Аслиддин Бурҳонов, Алиназар Хоҷаев, Низом Нурҷонов, Тамара Абдушукурова, Ҳабибулло Абдураззоқов сайқал додааст. 

 Ҳар ҷое буд, ҳатман ташаббускор буд. Реформатор буд. Талаби худфидоӣ менамуд. Клоссикони дрому саҳнаҳои оламро шояд аз ӯ хубтар кам нафаре донаду декломатсия кунад. Зеро конфронсеи хубе ҳам буд, ки бо Одина Ҳошим деҳаву кӯчаҳои ҳама вилоёти РСС Тоҷикистонро қадам задааст. Вале 1 умр сари театри миллӣ мутамарказ мешуд. Бӯстонҳои театри н.Маскавро дар хотир доред? Ин намакчаше аз реформаҳои Қурбониён дар он солҳо буд! 

Реформатор

Устод Қурбониён воқеан ҳам реформатор аст. Ҳич вақт думболаи афкори таоруфӣ ва мӯд намеравад. Зеро андешаи худро дорад. Масалан, боре гуфт, «Пас аз оне ки бузургтарин ва номдортарин актёрҳои муосири мо аз ГИТИСи Маскав ба театри Лоҳутӣ омаданду ҷои маэстроҳои маҳаллиро танг карданд, театри Тоҷик...нузул ёфт, шикаст дид, маҳв шуд, фано фил фано гардид. Зеро онҳо саҳнаи аврупоиро нусхабардорӣ кардаву ба театри миллии Тоҷикистон оварданд. Дигар дар ин театр саҳнаҳои халқӣ, фолклорӣ маҳв шуд, андешаи миллӣ коста гардид ва театри Тоҷикӣ 1 театри советӣ шуд»...

 Мешавад бо ин суханҳо баҳс кард? Конечно! Аммо агар умқан биандешем, чӣ қадар мӯшикофона ва дардманд ин нуктаи бисёр назифро Устоди танз, дромм, этнограф ва ҳунарманди сирф миллӣ дарк кардааст, ки дар бисёр маврид зери таъсири шукӯҳу шаҳомати он устодон мо то ҳанӯз гуфта наметавонистем, агар дарк карда бошем. Ростӣ, ман то ин дам ин муамморо намедонистам, зеро дар баробари устод Қурбониён 1 дилетанти ин соҳаам. 

77-солагӣ муборак, устод!!!

Чӣ хел дер табрик кардам? Ва чаро пас аз марг??? Шумо абадзиндаед ва  Зодрӯзи чун Шумо ҳунарманди асилу нотакрор, ҳадди ақалл бояд 1001 рӯз давом кунад ва ҳар Тоҷик онро БОЯД ба ҳамдигарӣ табрик гӯяд! 

Зодрӯзи Одами Хуб, Ҳунарманди Асил, Профессионал, Реформатор ва Шахсияти Абадзинда муборак, хонандаи гиромӣ!

Мо Метавонем!

 С.М.

Махсус барои хонандаи ҳушманди СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter