ХАБАРИ ДОҒ

ДАВЛАТ САФАР: ПАҲНОИ ПАРВОЗ

  • Чоршанбе, Март 24 2021

Солҳои 1992-93 ҷавони зардинаи лоғарандоми қаддаш аз миёна андак баландтар дар маҳфилҳои адибон, ки дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор мешуданд, пайваста ширкат меварзид. Ҳатто дар суҳбатҳои хосаву маҳдуди адибон, ки дар ошхона ё дар фойеву роҳраву дафтарҳои кори Иттифоқ сурат мегирифтанд, гоҳ бевоситаву гаҳе аз дур мекӯшид хомӯшона ҳамроҳ бошад. Андак-андак ҷуръат пайдо карда, ба суҳбатҳои адибон шарик мешуд ва гоҳ-гоҳ шеър ҳам мехонд. Баъдтар фаҳмидем, ки ӯ донишҷӯи риштаи кимиёву биологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ Давлат Сафар будааст ва на танҳо иштиёқу ҳавас, балки истеъдоди худододи шеър гуфтан низ доштааст.

Он солҳо, яъне дар ибтидои солҳои 90-и қарни гузашта, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон будам ва ҳамзамон дар телевизион барномаи муаллифии «Нависанда ва замон» доштам. Аз рӯи касбу вазифаам ба ҳар падидаи тозаи адабӣ ва ҳар адиби ҷавоне, ки нишонаҳои истеъдодаш ҳувайдо буд, таваҷҷуҳ зоҳир мекардам. Давлат Сафар соли 1993 таҳсилро ба итмом расониду аз доираи назари мо ғайб зад. Пас аз чанд муддат дидем, ки ӯ дар телевизион барномаи «Нависанда ва замон»-ро эҳё карда, ба журналистика шуғл варзидааст ва баъдан, бо гузашти айём, дар ин соҳа аз муваффақтарин соҳибкасбон шинохта шуд. Хусусан барномаҳои телевизионии «Додрас», «Соҳибватан» ва «Шаҳдрез»-и Давлат Сафар, ки аз доираи васеи бинишу дониши ӯ шаҳодат медоданд, хеле ҷолиб ва хотирмон буданд.

Соли 1998 нахустин маҷмӯаи шеърҳои Давлат Сафар дар шакли китобчаи хеле наҳиф бо унвони «Пайғоми ашк» ба табъ расид ва мо шод шудем, ки ӯ аз ҳаракат ба самти ҷодаи шеър берун нарафтаву кӯшиши пайроҳаи худро ба ин ҷода пайвастан дорад. Мутаассифона, пас аз нашри ин маҷмӯа боз дувоздаҳ сол танаффус ба миён афтод. Кори телевизион мисоли наҳанги носерест, ки вақту қувваи эҷодиро бераҳмона фурӯ мебарад. Бо вуҷуди ин, Давлат тавонист вақту имкон биёбад ва чӣ хуш аст, ки дар як сол (2010) китоби «Шеъри гаҳвора» ва маҷмӯаи сеюми ашъораш «Шаҳбол» дастраси мову шумо гардид.

Давлат Сафар ғазалу рубоӣ мегӯяд, шеърҳои сафед ва нимоӣ менависад. Дар ҳар маврид мекӯшад, ки суханаш рангу намои тоза ва бори маънӣ дошта бошад. Аз ашъораш бӯи деҳа ба машом, манзараҳои нотакрори табиати кӯҳистон ба чашм ва чаҳ-чаҳи мурғону садои дили ошиқон ба гӯш мерасад. Инак, маҷмӯаи тозанашри Давлат Сафар таҳти унвони «Авҷи парвоз» дар дасти мост.

2

«Авҷи парвоз» чаҳорумин маҷмӯаи шеърҳои Давлат Сафар аст ва нишонаҳои шохиси ташаккули ӯро ба сифати як нафар шоири асилу умедбахш ба таври возеҳ намоён мекунад. Хонандае, ки таҳаввули эҷодии Давлат Сафарро пайгирӣ кардааст, ба хубӣ метавонад дарк бикунад, ки маҳорату салиқаи суханварии ӯ аз маҷмӯае то маҷмӯаи дигар сайқал меёбад, олами тахайюлу тасаввураш рангинтар, доираи мавзӯъҳои ашъораш васеътар, таносубу мантиқи суханаш қавитар ва дар маҷмӯъ тарҳи чеҳраи адабияш равшантару мушаххастар намудор мешавад. Эҷодиёти ӯро метавон яке аз падидаҳои нодири шеъри даҳ соли охири мо арзёбӣ кард. 

Дар «Авҷи парвоз» ашъоре гирд омадаанд, ки дар жанру шаклҳои гуногуни шеърӣ эҷод шудаанд ва маҳорату завқу салиқаи шоирро дар гунаву шаклҳои суханварӣ нишон медиҳанд.

Қисми умдаи китобро ғазалиёти шоир ташкил додаанд. Албатта, як силсилаи ин ғазалҳоро метавон машқи ғазал гуфт, зеро дар онҳо кӯшиши сайқал додани маҳорат, истифодаи саноеъи бадеии лафзиву маъноӣ ва пероишу ороиши сухани шоирона ба таври возеҳ ба назар мерасад. Аксари ин ғазалҳо бо риояи ҳамаи талаботи ғазали анъанавӣ эҷод шуда, аз таъбироту маъниҳои тоза ва ҷузъиёти воқеияти имрӯз саршоранд ва сарфи назар аз мавзӯъ, рӯҳияи замони моро ифода мекунанд. Баъзе ғазалҳои китоб мушаххасан ба мавзӯи Ватан бахшида шудаанд, мисли «Шаҳраги ҷону танам восили ҷони Ватан аст», «Гуфтам: Хумори васфи чӣ дорӣ, ватансаро?», «Мурғи илҳоми ман аз дашту даман омадааст» ва ғ. Шеърҳои сиёсимавзӯи «Ливои мо» ва «Истиқлоли мо» низ дар шакли ғазал эҷод шудаанд. Бояд таъкид кард, ки дар ғазалҳои Давлат Сафар дар баробари тавсифҳои фаровони мутаносиб ба мавзӯъ инчунин санъатҳои маънавӣ аз қабили талмеҳ, таҷнис, тазод, истиора ва ташбеҳ зиёд истифода мешаванд ва бадеияти сухани шоирро афзун мекунанд. Масалан, дар байти матлаъи яке аз ғазалҳои мазкур чунин таҷниси зебову пурмаънӣ ҷой дорад:

Гуфтам: Хумори васфи чӣ дорӣ, ватансаро?

Гуфто ки: Як таронаи фахри Ватан саро.

Дар байтҳои зер аз ғазалиёти шоир санъати талмеҳ хеле моҳирона ва маъниофарона ба кор рафтааст:

Зи тарси гурги хашму рашки ёрон

Паямбарзодаи чоҳам наомад.

* * *

Ба рӯзи сахт меҳри дил ба ҳукми нӯшдоруест,

Хабар аз нӯшдоруям мадеҳ Суҳроби ҳасратро.

Дар баъзе аз ғазалиёти Давлат Сафар санъати талмеҳ пайиҳам омада, ҳадаф тавассути ишороте ифода ёфтааст, ки аз дониши амиқи муаллиф гувоҳӣ медиҳад ва аз хонанда низ ҳамин гуна огоҳиро аз таърих, адабиёт ва ривояту устураҳо тақозо менамояд. Ин ду байти мақтаи яке аз ғазалҳои ӯ ба ҳамин минволанд:

 

Фарзанди азизи чоҳ аз ғайб шунид:

Печида ба умр аст раҳи фитнагарӣ.

Дар оғуши марг меваи сабр чашид

Суҳроб зи боғи сабзи меҳри падарӣ.

 

Дар бархе аз абёти ғазалҳои Давлат нишонаҳое аз дониши касбии (биологии) ӯ ба сифати ифодагари ҳикмате рух намудаанд, мисли:

Ростӣ хубу вале диди дигар мебояд,

Қомати сарв бурун омада аз решаи каҷ.

 

Дар бархе аз ғазалҳо ҷузъиёти воқеияти деҳаро шоир бо диди нозук ба риштаи тасвир кашидааст:

 

Пир гуфто: Ба асо навдаи тут афшонам,

Ёр агар дар бағалам ҷилваи дерина кунад.

Дар лаби ҷӯй, ки айёми ҷавонӣ бигзашт,

Оҳи пиронаи ман накҳати пудина кунад.

 

Бештари ғазалҳои Давлат Сафар хеле равону шево иншод шуда, дорои тасвирҳои зебову дилписанд ҳастанд, мисли:

 

Як шаби баҳор дар канори ёр,

Эй чи хуш, ки боз мастам аз хумор.

Ҳоли сарнавишт дар хати сиришт

Чун тавон навишт аз ғами нигор?

Дар қабои шаб, бӯсаҳо ба лаб,

Масти тобу таб, шукри бешумор…

 

Мехоҳем суханро дар боби ғазалиёти шоир бо чанд байт аз як ғазали ӯ қатъ бикунем, ки худ гӯётар аз ҳар тафсиранд:

 

Гоҳе, ки зулфи ёр ба чанголи шона буд,

Дар ҳар гиреҳи зулф ниҳон як баҳона буд…

Раҳ рафтану ба ишва нигаҳ карданат ба мо

Шаҳбайти нонавиштаву тарҳи тарона буд.

Дар мактаби муҳаббату ишқи ту, сад дареғ,

Тадриси мо ба илму амал ғоибона буд…

Шаб ранги мӯи туст, надорам ҳарос аз он,

Ларзиш ба панҷаҳои ман аз рашки шона буд.

 

Қисмати асосии китоби «Авҷи парвоз»-ро рубоиёти шоир ташкил медиҳанд. Гумон мекунам, ки комёбиҳои Давлат Сафар маҳз дар рубоӣ бештар ба зуҳур омадааст. Маъмулан дар рубоӣ шоирони гузаштаи мо масоили гуногуни ҳикмату фалсафаро вобаста ба ҳаёту мамот, фарду ҷомеа, некиву бадӣ ва ғ. гунҷоиш медоданд ва ифодаи ҳикмату фалсафа бештар ба тарзи андешаву баррасӣ тавассути истифодаи тазодду муқобала ва талмеҳу истиора сурат мегирифт. Аз шоирони замони нав устодони шодравон Лоҳутӣ ва баъдан Лоиқ доираи мавзӯъҳои рубоиро бо андешаҳои иҷтимоиву сиёсӣ густардатар карданд. Дар рубоиёти Давлат Сафар ҳамаи ин анъанаҳо ҷой доранд. Дар баробари ин ӯ кӯшидааст домани мавзӯъҳои рубоиро васеътар карда, бештар ба тасвир рӯй оварад ва аз ин роҳ як силсила рубоиҳои тасвирие офаридааст, ки дар навъи худ падидаи тоза аст. Дуто аз чунин рубоиҳоро ба гунаи намуна манзури хонанда мегардонем:

 

Дар бистари кӯҳ шаб кушояд гесӯ,

Дар панҷаи боди рав бисояд гесӯ.

Хуршед зи пушти кӯҳ раҳ мепӯяд,

То духтари шаб ҷамъ намояд гесӯ.

 

* * *

Хандидани тифли рӯзро субҳ кӣ дид?

Аз синаи моҳтоб шаб шир макид.

Сурхии шафақ чӣ буд дар тавлидаш?

Хуршед ба теғи нур нофаш бибурид.

 

Баъзе рубоиҳои Давлат Сафар аз лиҳози мазмуну оҳанг бо рубоиёти устод Лоиқ ҳамсадоӣ мекунанд, мисли:

 

Хомӯшии мо бонги садо мешиканад,

Ошӯби ҳама ҷавру ҷафо мешиканад.

Ин шишаи номуси маро саҳл магир,

Сад санги маломати туро мешиканад.

 

Давлат Сафар дар шакли мусаммати мураббаъ низ шеърҳои хуб эҷод карда, ба тозагӯиҳо муваффақ шудааст. Шеъри «Ормон»-ро аз он ҷумла метавон ном бурд, ки дар он муҳити деҳа ва ҷузъиёти рафтору кирдорҳои кӯдаки деҳотӣ аз ҷониби нафаре, ки акнун шахси солори шаҳрнишин шудааст, бо пазмонии дилхароше ёд мешавад:

…Субҳ мехезаму бар пушти дарам менигарам,

Шоядо кӯдакиям дар паси дар омадааст?

Лек метарсам аз он ҳам, ки маро нашносад,

Ё ки бигрехта аз пеши падар омадааст?

 

Лаззати кӯдакиву деҳаи ман буду гузашт,

Оби ҷӯ буд магар он, ки дигарбора нагашт.

 

Кӯдакиро дами ҳар шому саҳар мекобам,

Ку бубинам, ба сараш тоқии бахмал дорад?

Ку бубинам, ки сару рӯи харошидаи ӯ

Чӣ нишоне зи ҳамон пайраҳаву тал дорад?...

 

Хонандаи закӣ пай мебарад, ки дар ин шеър акси садои шеъри машҳури устод Лоиқ «Баччагӣ» ҷой дорад. Худи Давлат дар сӯҳбате иқрор кард, ки дерест орзуи навиштани шеъреро бо оҳанги шеъри мазкури Лоиқ дар дил мепарваридааст ва инак шеъре офарид, ки ба он шеър ҳамоҳанг аст, вале бардоштҳои худи ӯро аз олами кӯдакӣ инъикос намудааст.

Дар мусаммати мураббаъи «Руҷӯъ», ки аз аввал то охир бар талмеҳҳои зебову мутаносиб асос ёфтааст, низ ҷаҳони пурлаззати кӯдакии шоир бо имрӯзи ифтихоромези ӯ пайвастааст:

…Хати ожанги рӯям чун хати роҳ

Зи кӯи кӯдакӣ бошад нишона,

Хати тақдири ман пайваст ногоҳ

Ба роҳи санглохи шоирона.

 

Сари зонуи модар гиряи ман

На гиря, балки шеъри кӯдакӣ буд.

Дуои модари шабзиндадорам

«Ҳазорон сол зӣ»-и Рӯдакӣ буд…

 

Дигар ҷаври Зулайхову ғами чоҳ

Чу хоби кӯдакӣ дар дил нагирам.

Ба пайвандони дилбандам бигӯед,

Ки дар Мисри Душанбе ман амирам.

Бубинед, дар ин банд аз як мусаммати мураббаъ шоир то чи андоза пазмонӣ ва ҳиссиёти нозукро нисбат ба деҳа, меҳру эҳтироми бепоёни худро ба волидайн, дилбастагии тарафайни падару модарро нисбат ба якдигар гарму самимӣ ифода кардааст:

Шабе, ки модарам меҳмони ман буд,

Ҳавои шаҳр бӯи деҳа мекард.

Аз он ки қиблагоҳам бистарӣ буд,

Дуову саҷда сӯи деҳа мекард.

 

Дар китоби «Авҷи парвоз» чанд шеъри зебову пурмуҳтавои тамсилӣ низ ҳаст, ки аз пуишу ҷусторҳои эҷодии Давлат Сафар гувоҳӣ медиҳад. Масалан, дар як шеъри озоди кӯтоҳи «Сарбаландӣ» аз ғурури сафедоре сухан меравад, ки ток ба пушташ панҷа задааст. Ин ҷо сухан нисбатан сатҳӣ буда, гӯё ин шеър вуруд ба як мавзӯи тамсилист. Ҳамин мавзӯъ дар шеъри «Таъкид» хеле тафсил ёфта, ба хонанда дар шакли як тамсили мутаммаме пешниҳод гардидааст, ки ҳикмату фалсафаи худро дорад.

Давлат Сафар аз оғози фаъолияти эҷодияш ба шеъри нимоӣ таваҷҷуҳ дошт ва дар китоби «Авҷи парвоз» низ як силсила аз он гуна шеърҳо нашр шудаанд. Одатан ин навъи шеър шаклан кӯтоҳ ва мазмунан фарогир аст. Мутолиаи шеърҳои нимоии Давлат моро ба чунин андеша вомедорад, ки агар аз ин роҳ низ биравад, муваффақ хоҳад шуд. Яке аз ин навъ шеърашро намуна меорем:

 

Хоб дидам, шаб ба рӯи синаам

Чун нишоне ҳалқаи зулфи туро овехтам.

Бӯса кардам ҳамчу парчам

Гӯшаи рӯмоли алвони туро,

Ман шудам пайванди ҳизби ошиқӣ.

Китоби «Авҷи парвоз» гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Давлат Сафар шоири ҷӯёву пӯёст. Маҳорати шоирияш дар ҳоли такомул ва доираи мундариҷаи ашъораш ниҳоят васеъ аст: аз гаҳвора то лаҳад, аз пайраҳа то паҳно, аз кӯчаи танги деҳ то олами бекарон, аз лаҳзаву они воҳид то абадият. Инсон, ҷомеа, миллат, Ватан, ишқ, вафо, ростӣ, покӣ, ҷасорат арзишҳое ҳастанд, ки дар шеъри ӯ самимонаву боварбахш ситуда мешаванд. Умедворем, ки пайроҳаи эҷодии Давлат Сафар ба шоҳроҳи адабиёт пайвастанист ва дар ин ҷода ӯ тамоми монеаҳоро паси сар хоҳад кард, чунон ки худ мегӯяд:

 

Дунболи раҳи касе нарафтам ҳаргиз,

Чун бод пайи хасе нарафтам ҳаргиз.

Сад бор дари хонаи дил бишкастанд,

Пушти дари нокасе нарафтам ҳаргиз.

 

3

Давлат Сафар, сарфи назар аз ҷавонӣ ва нисбатан навкорӣ дар адабиёт, хеле ташаббускор ва шуҷоатманд аст, зарофат ва танзи ба худ хос низ дорад, мавридшинос ва сӯҳбаторост.

Тирамоҳи соли 2011 дӯстам Масъуди Сипанд – шоири эронии сокини Амрико меҳмони хонадони мо буд. Ба суҳбат Давлатро низ даъват кардам. Шомгоҳон ҳар се дар ҳавлӣ менишастем ва суҳбат асосан аз адабиёт, хоса шеър, ҷараён меёфт. Ман бештар ба ҷунбуҷули мизбонӣ машғул будаму он ду нафар ба якдигар шеър мехонданд, гӯё мушоира доштанд. Вақте ки Давлат Сафар рубоии 

 

Ошуфтатарин тозанафас чун мо нест,

Дилгиртарин кабки қафас чун мо нест.

Бар даргаҳи лутфи ломакони ҳастӣ

Мо ҳеҷ касему ҳеҷ кас чун мо нест–ро қироат кард, Масъуди Сипанд аз ҷой бархост, дасти ӯро фишурд ва хоҳиш кард, ки чанд рубоӣ барои телевизионаш (ӯ дар Лос-Анжелес телевизиони хусусӣ дорад) бихонад. Ва Давлат барои навор чанд рубоии зебо хонд, ки як-дутоашро ба ёд дорам:

 

Аз кӯча насими субҳ олуфта гузашт,

Нашкаст хумори хеш, ошуфта гузашт.

Асрори нагуфтаи фалакро дишаб

Абри сари пушта бар замин гуфта гузашт.

****

Шаҳбайти дилам дар хати ожанги ту буд,

Оромии дил ба сина аз ҷанги ту буд.

Армони дили шафақсириштам гӯё

Дар субҳи умеди мӯи шабранги ту буд.

 

Ман пеши худ ифтихор мекардам, ки як нафар шоири ҷавони мо бо муаллифи шеъри «Ман ориёиям», ки дар Тоҷикистон ба суруд-хити сиёсии ватандӯстона табдил ёфтааст, дар сатҳи касбии шоирона мушоира дошт. 

Оғози соли 2012 буд, ки рӯзе Давлат Сафар наздам омаду ғазалеро ба дастам дод ва гуфт, ки мехоҳад онро чун намуна ба ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» пешниҳод намуда, озмун эълон бикунад, ки шоирон дар ҳамин вазну қофия ғазал бигӯянд. Ғазалро хондам, хуб буд. Мехостам бигӯям, ки ин кор бароят ҳанӯз барвақт аст, сабр кун, вале аз ваҷоҳату лаҳни суханҳояш пай бурдам, ки ӯ тасмим гирифтааст ва шасташро гардонидан нашояд, ҷуръату шуҷоати адабиаш беҷо нест. Ва ғазали Давлат Сафар бо пайомади маблағи муайян мавриди озмун қарор гирифт. Дар натиҷа беш аз 80 ғазал дар пайравии он ғазал ба табъ расид, ки матлааш ин аст:

 

Сабрам агар ки сел шавад, дам намезанам,

Дар об нақши обрӯ барҳам намезанам.

 

Дастандаркорон ғазалҳоро баррасиву таҳлил карда, ба хулосае омаданд, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дар пояи ғазали Давлат гуфта нашудааст, биноан ҷои аввал ба касе насиб нашуд ва чанд нафар аз иштирокдорони озмун ҷоизаҳо гирифтанд. Ёдовар шуданам аз ин воқеа ба ин маънист, ки Давлат шоирест, ки шуҷоату ҷуръат ва ба истеъдоди худ бовар дорад. Ин сифатҳо барои шоире, ки мехоҳад сухани худро бигӯяд, нафаси тозае дошта бошад, хеле муҳим аст.

Як воқеаи дигарро мехоҳам ёдовар шавам, ки аз танзу зарофати хоси Давлат Сафар гувоҳӣ медиҳад. Одатан ӯ як шеър ё рубоие эҷод ки кард, телефонӣ бароям мехонад, яъне банда аз шунавандагону хонандагони аввалини тақрибан ҳамаи шеърҳои тозаэҷоди ӯ ҳастам. Рӯзе барномаи маъмули телевизионии «Сайди маънӣ»-ро тамошо мекардам. Зимнан масъулу муаллифи барнома Давлати Раҳмониён ва мусоҳибаш Саидалии Саид байтеро қироат карданду гуфтанд, ки он ба яке аз шоирони сабки ҳиндӣ мансуб аст, вале муаллифашро ном набурданд. Ва пардохтанд ба шарҳу тафсилу тафсири он байт. Тақрибан бист дақиқа онро такроран мехонданду тафсир мекарданд. Ба назару хаёлам чунин менамуд, ки ин байтро куҷое шунидаам ё хондаам. Ниҳоят ба ёдам омад, ки чанде қабл Давлат телефонӣ ғазали навашро бароям хонда буд ва ин байт яқинан матлаи ҳамон ғазал аст. Телефонаш кардам. Пай бурд магар, ки баъди салому алейк хандиду пурсид:

– «Сайди маънӣ»-ро тамошо доред?

– Бале. Ҳамон байт азони ту нест?

– Аз ман аст. Ман ин байтро ба онҳо додаму гуфтам, ки муаллифашро намедонам, вале дақиқан моли кадоме аз шоирони мактаби Бедил аст. Шӯхӣ кардам, онҳо масъаларо сахт ҷиддӣ гирифтанд…

Ҳарду ба завқ хандидем. Он байт чунин аст:

 

Зулфи хоб аст, ки дар шонаи мижгон омад,

Мушкили мардумаки чашм ба сомон омад.

 

Чаҳор маҷмӯаи шеър, ки Давлат Сафар манзури хонандагон намуд, пайки итминонбахшанд аз баҳори шукуфтани табъи ӯ, чунон ки худ мегӯяд:

Меҳр аст агар дурри сухан суфтани мо,

Ишқ аст ба зиндагӣ Ватан гуфтани мо.

Гуфтӣ, ки зи як гул ту маҷӯ пайки баҳор,

Сад пайки баҳор аст ба бишкуфтани мо.

 

Абдураҳмони АБДУМАННОН

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter