ХАБАРИ ДОҒ

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:23 дақиқа. Бо Ҳусейн Эмомович Раҳмонов дилшиноси маъруфи кишвар, номзади илми тибб ва духтур-кардиологи беҳамто, «обед» рафтем ва тасодуфан чашми ман ба нимпайкараи қади роҳи Садриддин Айнӣ уфтод. Шармандаам, вале ман то ин замон намедонистам, ки ин ҷо хона-музейи устод Айнист. Хулласи калом, баъди чошт меҳмони Айнӣ шудем…

Аз Бухоро то Сталинобод

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 13:33 дақиқа. Шердил Каримов-ходими пешбари ин осорхона, ки 1 ҷавони зиндадил, доно ва ҳушманде будааст, моро хайрамақдам гуфтаву вориди осорхонаи адабии Айнӣ намуд ва сар аз таваллуди устод дар Соктаре, кору бораш дар Бухорову Самарқанд то Сталинобод қиссаҳо кард… Барои шунавидани моҷарои сари устод омада, ту, хонандаи ин сутур, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «СМ маро низ дар назар дорад?», бояд ҳатман ба ин осорхона раваду қиссаҳои мароқангези Шердилро бишнавад. Равед! Мо рафтем ва бурд кардем. Мо Метавонем!

Осорхонае, ки хурд мешавад…

19.05.2021. Соат ба вақти Душанбе 14:37 дақиқа. Осорхонаро чарх задем. Шунидан кай бувад монанди дидан. Зимнан аксу тасвираҳои онро пешкашат кардем, ки қабл аз хондани ин сутури ҳақир, онҳоро навакак дидӣ, хонандаи азиз.

Вале моро чизи дигаре ба ташвиш овардаву зиқ кард. Ва ин ҳам бошад, хурду кӯчак шудани Осорхонаи устод, ки метавон онро таваллудҷои Давлати Тоҷикон, хонаи яке аз асосгузорони РСС Тоҷикистон хонд.

Проблема ин аст, ки аз 3 тарафи осорхона баландошёнаҳои маъруф бар «новостройка» онгуна мавқеи хонаро танг кардаанд, ки дур нест рӯзе, онро тамоман маҳв кунанд. Кӯшишҳо буданд. Пулғафсе, ки аз пушти осорхона бино месозад, ҳавлии устодро гирифт, вале бо дахолати Радиои Озодӣ, ки омадаву гузориш карданд (РТВ давлатӣ ку???), хайрийят, ки сухан ба гӯши соҳиб расиду сарватманд ҳушдор гирифт, ки «Ба хонаи устод нарас!!!» ва ақибнишинӣ кард. Вале то кай?

Метарсам, сахт метарсам, ки сарватмандони ҷадид, мисли ҷадидони бухороӣ сари таърихи пойтахтро нахӯранд ва боз ҳам ба ин осорхона дастдарозӣ накунанд!!!

Зимнан, барои ҷилавгирӣ аз вандализми хонасозҳо БОЯД қароре қабул кард, то осорхонаҳои хурду кӯчаки Душанбе, ки мисли лаъл дар нигини таърихдории РСС Тоҷикистонанд, дар сартосари пойтахт ҳифз шаванд, то сарватманди муосире дар 2 ҷаҳон низ ба онҳо дастдарозӣ накунад. Мисле, ки дар Санкт-Петербург чунин қарор содир шудааст. Бовар дорам, танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем онҳоро ҳифз ва таърихи зиндаи миллатро дар амн нигоҳ дорем.

Мо Метавонем!

С.Мизроб

Махсус барои хонандаи ҳушманди СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter