Аз 19-ум то 25-уми майи соли 2021 дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» баргузор гардид, ки дар он 11 театрҳои касбии ҷумҳурӣ бо намоишномаҳои худ ширкат варзиданд.
Театри давлатии ноҳияи Данғара ба озмун намоишномаи Иброҳим Усмонов «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-ро дар таҳияи коргардони ҷавон Саломуддин Додарбеков пешниҳод намуд. Ин драма дар мавзӯи таърихи начандон дури кишвари мо, фоҷиаи ба сари миллати мо омодаи солҳои 90-уми асри гузашта, муборизаи кормандони қудратии кишвар бар зидди терроризм ва қаҳрамонии 1 нафар ҳаммиллати мо, ки дар сохтори қудратӣ фаъолият дошт, эҷод гардидааст.
Намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак» рӯзи 22 май дар театри ба номи А.Лоҳутӣ пешкаши тамошобинон гардид. Қайд кардан ба маврид аст, ки пеш аз оғози намоишнома толор аз тамошобин лаболаб шуд. Қисми зиёди тамошобинон дар берун монданд. Намоишнома оғоз гардид ва ҳама дар ҳаяҷон буданд. Чунки воқеаҳои мудҳиши солҳои 90-ум пеши назар меомад. Тамошобинон ашк мерехтанд. Насли наврас диданд, ки фарзандони сарсупурдаи миллат бо чӣ гуна талошу заҳматҳо дар сарзамини азизи мо сулҳро барқарор намуданд. Дар ҳақиқат коргардони намоишнома Саломуддин Додарбеков ин асарро дар сатҳи баланд таҳия намудааст. Баъди ба охир расидани намоишнома қарсаки тамошобинон ба авҷи фалак печид. Тамоми толор аз ҳунарпешаҳои маъруфи тоҷик Убайдулло Раҷабов, Саодат Азизова, Сабоҳат Қосимова, Сайрам Исоева, Марям Исоева, Шералӣ Абдулқайсов сар карда, то тамошобини толор ба саҳна баромада, ҳунармандони театрро бо намоишномава бозии хуб гулборон мекарданд. Ҳатто тамошобини оддӣ мегуфтанд, ки Шоҳҷоизаи озмун насиби театри ноҳияи Данғара мегардад.
Мувофиқи низомномаи озмун мавзӯи намоишномаҳо бояд ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешуд. Аз чӣ сабаб бошад, ки ҳакамони озмун ҳамаи инро нодида гирифта ноадолатона ягон ҷойро ба театри ноҳияи Данғара лоиқ надонистанд. Бо шунидаи мо театршинос, мунаққиди маъруфи тоҷик Маҳмадулло Табаров нисбати хулосаи аъзои ҳакамони озмун норозигӣ баён намудааст.
Аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамоем, ки дар чунин озмунҳои бонуфуз ҳайати ҳакамонро аз шахсиятҳои ҳақиқатбину ҳақиқатҷӯ интихоб намоянд.
Қобилҷон Давлатов,
Ҳунарпешаи театри н.Данғара,
тел: 908-11-21-11