ХАБАРИ ДОҒ

ТВ: чаро журналист суҳбат ороста наметавонад?

  • Чоршанбе, Июн 16 2021

Суҳбатҳое, ки имрӯз дар телевизионҳои мо намоиш дода мешаванд, қолаби мусоҳиба надоранд. Яъне, журналист ба ҳамсуҳбаташ савол медиҳаду хушку холӣ мунтазири ҷавоб мемонад. Бо саволу ҷавоб таҳия гаштани барнома дар жанри мазкур, ин дар қолаби худаш истифода нашудани мусоҳиба аст. Чун асоси суҳбат баҳс аст, бартарияти журналист бояд дар аввал истад, журналистро мебояд, мубоҳисаро барангезад, мусоҳибро такон диҳад, бикшояд ва назари алтернативиеро ба тамошобин пешкаш созад. 

Суҳбат ва мусоҳиба бояд фарқ кунанд 

Суҳбат дар муқоиса бо Мусоҳиба васеътар аст. Дар суҳбат қолаби муайяни низомдор риоя нашавад ҳам, ҷолибияташ дар мубоҳиса аст. Дар суҳбат масъалаи баррасишаванда бо луқмапартоӣ ва табодули назари журналист баррасӣ мешавад. Масалан журналист аз ҳамсуҳбат суолеро мепурсад ва дар ҷавоби ҳамсуҳбаташ ҳуқуқ дорад эрод гирад. Яъне ӯ метавонад баръакси ҷавоби ҳамсуҳбат риштаи баҳсро сӯи дигар кашад. Ана ҳамин махсусияти болозикр имрӯзҳо дар қолаби мусоҳиба риоя намешавад. 

  ТВ «Варзиш»1 қадам пеш аст!

Намунаи барҷастаи суҳбатро имрӯз дар ТВ «Варзиш» дидан мумкин аст. Барномаҳои "Вожаварз", "Майдони баҳс", "Еврогол", "Иртибот" ва амсоли ин барномаҳо ба таври баҳс сабт мегарданд. Дар ҳар яки ин барномаҳо суҳбат бо тамоми талаботҳояш риоя карда мешавад. Чигунае, ки дар боло зикр кардем асоси суҳбатро бояд баҳс ташкил диҳад ва табиист, ки баҳс бе мухолифат вуҷуд дошта наметавонад. 

Ҷолибият дар чист? 

Барномаҳое дар жанри суҳбат таҳия мешаванд, ки аз ягон ҷиҳат ба бинанда ҷолиб нест. Барномаи " Ҳукм "-и ТВ Сафина аз қабили чунин барномаҳо буда метавонад. Он дар жанри суҳбат ба навор гирифта мешавад, аммо ин барнома бе иштироки журналист сурат гирифта, танҳо меҳмонони даъватшуда бо ҳам суҳбат меороянд. Набудани журналист дар барномаи мазкур ва мавзӯи мавриди суҳбат қарор дошта бе баҳс ҷараён ёфтанаш, гувоҳи он аст, ки ин барнома ягон ҷолибияти хоса надорад.

Дар суҳбат бояд тазод, бархӯрди нуқтаи назари мухолиф, инкишофи фикр аз рӯи нақшаи пешакии сенария вуҷуд дошта бошад. Тартиб додани сенария яке аз унсурҳои асосӣ барои дар сатҳи касбӣ сабт гаштани барнома мебошад. Ин ҷузъиёт  имкон медиҳад, ки конфликт бо роҳи интихоби далелҳои шайъӣ ва боэътимод, муҳимияти баҳс, ҷолибияти санадҳо ҳал карда, ба доираи бинандагон таъсири амиқ расонида шавад.  

Аудитория чӣ мехоҳад?

Бинанда аз тамошои суҳбати телевизионӣ бояд кайфияти барномаро эҳсос кунад, вале мутаассифона имрӯзҳо дар телевизионҳои кишвар барномаҳои ҷолиб нест. Лозим ба ёдоварист, ки бояд муаллифи созмондеҳи суҳбат барои ташкили намоиш аз ҷузъиёти гуногуни баҳамории сухан истифода намояд. Вай бояд пеш аз ҳама мавзӯи ҷаззоб интихоб кунад, иштирокчиёни бо салоҳиятро  гирд оварад, роҳи ҳаллу фасл, банду басти барномаро ëбад. Табиист, чунон ки ишора рафт, суҳбат бе нақшаи сенарӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ба вежа дар ТВ, ки сӯҳбат, баҳс, мубоҳиса бе наворҳои қаблии оид ба мавзуъ бардошта, тамоман хушк, пуч ва бемаънӣ менамоянд!

Муҳаммадҷон Обидов, 

донишҷӯи соли 3-юми факултети журналистикаи ДМТ

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter